Очаҷон, нарав! Илтиҷои кӯдак ва бетафовутии падару модари сангдил

№85 (4035) 16.07.2019

ГулакӮ болои катча дар Хонаи кӯдакон нишаста, талх мегирист. Сашкаи чорсола фаҳмида наметавонист, ки падару модараш куҷо шуданд? Дилаки хурдакакаш аз дард фишурда мешуду аз алам: «Очаҷон, очаҷон!» фарёд мекард. Аммо ҳеҷ кас ба фарёдаш намерасид. Бошандагони хурдсоли Хонаи кӯдакон хоб буданд ва мураббияҳоро парвои ӯ набуд. Сашкаро зани нашъаманд ба дунё оварда партофта рафт. Баъди ним сол ӯро зану шавҳари ҳамаҷиҳата таъмин писархонд карданд. Сеюним сол бо онҳо зист. Кӯдаки бечора намедонист, зану марде, ки ӯ падару модар меҳисобаду бо ҳама ҳастӣ дӯст медорад, барояш бегонаанд. Хотироти тифлии ӯ рӯйдодҳои аввалин моҳҳои ҳаёташро сабт накарда  буд. Ҳама мегуфтанд, ки бахташ тофту волидонаш ёфт шуданд ва ин офаридаи нозук ба ин бовар дошт.

Баъдан, модараш барояш мужда расонд, ки соҳиби хоҳарча ё додарча мегардад. Хурсандии Сашка ҳадду канор надошт, бехабар аз пешомади тақдир. Аз ҳамон рӯз ҳама чиз тағйир ёфт… Ӯ ҳис менамуд, ки дигар барои модараш даркор нест ва ҳузураш падарро нороҳат мекунад. Бечора кӯдак бо тамоми қувват мекӯшид, ки модарашро хушҳол созад. Ӯро ба оғӯш мекашид, болои зонувонаш менишаст, вале Света худ­ро канор мегирифт. Сергей, шавҳари Света аз аввал ба писархондкунӣ розӣ набуд. Фаҳмида наметавонист, ки чӣ тавр ба мавҷуде меҳр бастан мумкин аст, вақте медонӣ, ки ба ту иртиботе надорад? Аммо бинобар безурёт будани Света илоҷ надошт.

Даҳшат аст, ки тақдири тифлаке аз майлу иродаи ду шахси калонсол вобастагӣ дошт. Зану шавҳар ҳикмати асосиро фаҳмида натавонистанд, ки Худо онҳоро мутлақо ба хотири Сашка хушбахт карданӣ буд. Падар бо ӯ дигар майли бозӣ кардан надошт ва сӯяш нимнигоҳе ҳам намекард. Модар бошад, доимо дар бораи ким-чизи дигаре фикр мекард. Ӯро чун саг мехӯронданду ба кӯча меронданд. Кӯдак гирёнчак ва ҷогаҳашро шабҳо тар мекардагӣ шуд. Ин ҳолат падарро беҳад ба хашм меовард ва Сашкаро мезад.                                                                                                                 Бори аввал дардро дар ҷисм эҳсос намуда, фаҳмида наметавонист, ки барои чӣ якуякбора ҳама чиз тағйир ёфт? Барои чӣ падар дигар дӯсташ намедорад? Модар ба ӯ эътибор намедиҳад?

Сергей аз хусуси ба Хонаи кӯдакон баргардондани Сашка суҳбат мекард. Барои ҳақ будани худ ҳазору як далел пеш меовард. Далели асосӣ он буд, ки акнун онҳо соҳиби фарзанд мегарданд ва ба тифли бегона ниёз надоранд. Светланаи маҳтали ишорат ҳам ба тифли дар батндоштааш меҳр баста, бо шавҳараш баҳс накард. Кайҳо ба хулоса омада буд, ки ҳаргиз кӯдаки бегонаро чун тифли худ дӯст дошта наметавонад.

Қарор қабул шуд. Ба суд бо ариза муроҷиат намуданд, ки мехоҳанд кӯдаки гирифтаашонро ба Хонаи кӯдакон пас гардонанд. Дар пушти дари баста, мурофиаи судӣ мерафт. Мурофиае, ки дар он падару модар аз ӯ даст мекашиданд. Бо ҳайрат ба атроф нигоҳ карда, нигоҳҳои ҳамдардонаро нисбат ба худ мушоҳида мекард.  Аз шиддати алам ғунча шуда, бо чашмакони ғарқи ашк ба одамони ношиноси аз наздаш мегузашта нигоҳ мекард. Сашкаро тарси сахт фаро гирифта буд. Меларзид ва аз таққос кушодаву пӯшида шудани дарҳои бино як қад мепарид. Вақте ки суд анҷом ёфт, волидон рафтанӣ шуданд, падараш ба ӯ нигоҳ накард. Модараш наздаш омада гуфт, ки «Ту бо ин хола меравӣ!».

Сашка дид, ки падару модараш ӯро партофта рафта истодаанд, фиғон бардошту аз қафояшон давид. Холаи ношинос аз дасти ӯ дошт. Кӯдак ҳодисаи даҳшатнокеро ҳис карда, дастони холаро газидаву ӯро бо дастаконаш зада, халос хӯрданӣ буд. Ӯ талх фарёд кард: «Очаҷон, нарав!» Вале Светлана ӯро намешунид ва ҳамроҳи шавҳар ба мошин нишаста, ба хонаашон рафтанд…

Сашкаи аз доду фиғон ва аз ҳаяҷону алам шим таркардаро ба Хонаи кӯдакон оварданд. Ба атроф назар дӯхт ва ба чашмаш тофт, ки дунё чаппагардон шудааст. Ба кунҷе рафта нишаст ва рӯяшро бо дастонаш пӯшонд. Кӯдаки бечора умед дошт, ки чун дар афсонаҳо ҳамин, ки рӯякашро кушод, ҳамон замон модараш аз нав дар паҳлуяш мешавад ва барояш афсонаи шабро хонда, аз рӯхсорааш мебӯсад. Падар бошад, рӯи китфонаш гирифтаву боэҳтиёт ба боло партофтаву боз мегирад.                                                                                                          Рӯзҳо мегузаштанд, вале модараш наомад, ки ӯро гирифта бубарад. Ӯ пайваста мегирист. Бо ҳамсолон бозӣ намекард. Кӯдаки бечора намедонист, ки ба ӯ  бори дуюм аст, ки хиёнат мекунанд. Фақат мураббияи солхӯрда тавонист, ки дили ӯро каме ҳам бошад, гарм кунад ва ба хӯрдани хӯрок водор созад. Дар он пиразан он қадар меҳру ҳарорат буд, ки Сашка дар навбатдории ӯ хеле худро орому осуда ҳис мекард. Валя — хола Сашкаро болои зонувонаш гирифта, алвонҷ медоду ба худ мегуфт: «Кӯдаки ғарибаки ман! Барои кадом гуноҳҳоят ин ҳамаро ба ту раво диданд? Наход, ки Худованд ин ҳама ноодамиҳоро набинад?» .

Валя – хола беҳуда аз Худо гумони бад бурда буд. Светлана тифли мурда таваллуд кард. Сергей, ки ба хуб шудани ҳама корҳо муътақид буд, аз ғаму ғусса ба арақнӯшӣ дода шуд ва оқибат аз  кор, хонаву мошин ва ниҳоят, аз ҳаёт маҳрум гардид. Сашкаи хурдакаку ҷафокашидаро бошад, Худо танҳо намонд. Ин дафъа ӯро одамони худотарс, оилаи рӯҳоние ба фарзандӣ хонд. Роҳиб аз саргузашти талхи писарбача аз тариқи рӯзномаи маҳаллӣ огоҳ шуда, ҳамон замон, ба назди ҳамсараш шитофт. Зани ӯ  Мария — хола, ки соҳиби панҷ фарзанд буд, баъди аз дасти шавҳараш гирифта хондани ин қисса бе ҳеҷ дудилагӣ пешниҳоди шавҳарашро қабул кард ва Сашкаро ба фарзандӣ қабул намуданд. Сашка бошад, дигар ҳеҷ вақт дар умраш худро танҳову бегона ва бадбахт ҳис накард.

Аз русӣ тарҷумаи Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»