Озмун ҷамъбаст гардид

№156 (3950) 31.12.2018

Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 24 декабри соли 2018 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Наврасони ҷавон» ва «Рассомони наврас» ҷамъбаст гардид.

Дар он, ки аз тарафи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо мақсади тарғибу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас ҷиҳати омода намудани онҳо ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шуд, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, аҳли санъат ва ҳунар, ҳаводорони савту наво, волидони мутрибону рассомони ҷавон иштирок доштанд.

Дар даври ниҳоӣ 20 муҳассили мактабҳои санъат ва мусиқӣ, 10 толибилми мактабҳои  рассомии кишвар ширкат варзида, бо асбобҳои мусиқӣ – рубоб, рубоби прима, най, дойра, кларнета, дутор, ғижак ва фортепиано ҳунарнамоӣ карданд.

Сангалӣ Ҳакимов – раиси ҳакамон ва Сироҷиддин Ҷӯрахонов – директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, ғолибонро муайян ва онҳоро бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, Рухшона Мирзоева – хонандаи синфи 2 – и Мактаби мусиқии бачагонаи ба номи А. С. Ленский дар навозандагӣ ва Маҳинсон Мирзоева – хонандаи Мактаби бачагонаи санъати ба номи М. Аминзода  дар рассомӣ сазовори ҷойи аввал дониста шуданд.

А. Мирзозода, «Садои мардум»