Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол — 2022» ҷамъбаст гардид

№154-155 (4574-4575) 16.12.2022

photo_2022-12-14_13-51-5315-уми декабри соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол- 2022» баргузор гардид.

Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва баргузории озмуни мазкур, ки ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд, иброз дошт, ки дар он аҳли илму фарҳанг, шоирону нависандагон иштирок карда, асарҳои баландмазмуну хонданӣ эҷод кардаанд.

Номбурда аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба аҳли илму адаб, китобхонӣ ва эҷоди асарҳои тарғибкунандаи имрӯзи ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифати сокинони мамлакат, дарёфти истеъдодҳо, рушди китобхонӣ ва  ҳавасмандӣ ба ихтироъкорию навоварӣ таи чанд сол аст, ки бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон -ватани азизи ман»  баргузор мегарданд. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» низ аз ҷумлаи чунин иқдомҳост, ки ба рушди адабиёт ва фарҳанги мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Дар робита ба баргузории озмуни мазкур  дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» низ  ташкил гардид, ки дар он  номгӯи зиёди китобҳо, аз ҷумла асарҳои тозанашр пешниҳоди алоқамандони назму наср ва асарҳои публитсистӣ гардонида шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол- 2022» аз рӯйи 6 бахш гузаронида шуд.

Дар бахши назм ҷои аввалро барои китоби «Ҳаҷми нигоҳ» ба Давлати Раҳмониён, ҷои дуюмро барои «Боғ дар оғӯши борон» ба Сафар Амирхон ва ҷои сеюмро барои «Орзуи сабз» ба Абдулқодири Мӯсо сазовор донистанд.

Дар бахши наср ҷои аввал барои китоби «Зинаҳои дӯзах» насиби Ато Ҳамдам гардид. Ҷои дуюмро Саидаҳмади Зардон барои китоби «Чароғи нигоҳ» ва ҷои сеюмро Тоҳири Муҳаммадризо барои китоби «Ҳар давру ҳар мард» сазовор гардиданд.

Дар бахши асарҳои публитсистӣ Абдулҳамид Самад бо китоби «Дастовез» ҷои аввал, Абдураҳмон Абдуманнонов бо китоби «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» ҷои дуюм ва Беҳрӯзи Забеҳулло бо китоби «Офтобе дар миёни сояе» ҷои сеюмро мушарраф гаштанд.

Дар бахши асарҳои назми бачагона бошад, Ҷӯра Ҳошимӣ бо китоби «Машқи ҳисоб» ҷои аввал,  Раҳмат Назрӣ («Ширангубин») ҷои дуюм ва Нуруллоҳи Ориф («Қанди бобо») ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Барои китоби «Саги кӯр» Маҷид Салим, «Тӯй дар беша»- Гулчеҳра Маҳмадизода ва «4+4»- Бежани Ризо ғолибони бахши насри бачагона дониста шуданд.

Бахши дигари озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол- 2022» асарҳои тарҷумаи бадеӣ ном дошта, дар он китоби «Аз Ховар то Бохтар»-и Муъмин Қаноат (нашри баъд аз марг) ба  гирифтани ҷои аввал, Амонбой Ҷумаев барои китоби «Бир кеча йулда» (асари Саттор Турсун «Шабе дар роҳ») сазовори ҷои дуюм ва Саломат Исобоева барои тарҷумаи «Афсонаҳои халқи ҷаҳон» сазовори ҷои сеюм шуданд.

Дар ҷамъбасти озмун, ҳамчунин, ҳафт нафар ииштирокчии фаъол -Файзулло Эшонҷонов барои китоби «Бардоштҳои зиндагӣ», Ҷаъфари Ранҷбар барои китоби «Муҳити Рӯдакӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ», Ҳасан Асоев барои китоби «НБО Роғун», Қозиён Шариф Қозӣ (Шарифхуҷа Ҳасанов) барои китоби «Истиқлолият ва мактаби давлатдории Пешвои миллат», Аскар Абдусамадов барои китоби «Фархор» Энсиклопедия (Нашри 2), Муассисаи нашриявии «Адиб» барои китоби «Умрпайванди китоб» (дастҷамъӣ), «Иҷлосияи давлатсоз» (дастҷамъӣ) ва китоби «Тумор»-и ТҶБ «Истиқбол» (Бузургмеҳри Баҳодур) ба гирифтани «Диплом»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.

Ҳамин тариқ, Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол- 2022» нишон дод, ки таваҷҷуҳ ба нашри асарҳои бадеиву публитсистӣ ва эҷоди асарҳои бачагонаву тарҷумаи асарҳои бадеӣ дар мамлакат зиёд аст.

Дар маҷмӯъ, ҳавасмандгардонии 25 нафар шоиру нависанда ва  публитсист дар озмун далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Давлату Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор нисбат ба аҳли илму адаб буда, ба рушди минбаъдаи назму наср ва публитсистика дар мамлакат замина фароҳам меорад.

Фарзона СОЛИЕВА,

  «Садои мардум»