Парчам – рамзи давлатдории миллати мо

№ 23.11.2022

Парчам ифодагари фарҳангу таърихи ҳар як халқ ба шумор меравад ва аз азал ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оштӣ парафшон карда мешуд. Парчам аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор  ва нангу номус  ба ҳисоб мерафт. Мардуми фарҳангпарвари тоҷик ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафш будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон  «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд…

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ  тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷҷасумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Парчами навини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб меёбад.  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    24 ноябри соли 1992  дар Иҷлосияи  таърихиву  тақдирсози  шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, бори нахуст 24 ноябри соли 2009 рӯзи Парчам таҷлил карда шуд.  Дар асоси моддаи 3 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  рамзҳои давлатии Тоҷикистон  Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд. Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан қайд намуданд: «Вақте ки мо имрӯз — дар оғози асри бисту як ба таърихи гузаштаи худ назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон  дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд».

Дар ҳақиқат, таҳти парчами аҷдоди миллати мо садҳо  ва ҳазорҳо сол саф кашида  Ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва марзу буми гузаштагони худро ҳимоят кардаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам ҳамчун  муқадастарин  сармояи давлат, як ҷузъи муҳими  таъриху  фарҳанги  миллати  тамадунсози  тоҷик арзиш дорад. Миллату халқҳои дунё бо ин рамзи муқаддас бо эҳтиром муносибат намуда, ҷойгоҳ ва макони барафрохтани онро муайян менамоянд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи  бинои Созмони  Миллали  Муттаҳид  ва дигар созмонҳои ҷаҳони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшонӣ  мекунад. Инчунин Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатӣ ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар майдонҳои  варзишӣ, баробари садо додани  Суруди миллӣ  барафрохта мешавад. Эҳтиром ба арзишҳои  миллӣ аз ҷумла, ба Парчами давлатӣ, эҳтиром ба тамоми  арзишҳои  дирӯзу имрӯз  ва фардои миллат  аст.

  М.МАДАМИНОВ,

  ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Ашт