Рӯнамоии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик»

№ 02.12.2022

28-уми ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» бо иштироки донишмандон, муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва кормандони китобхонаи зикршуда доир гардид.

Зикр гардид, ки ташаббус ва иқдомоти сисолаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барҳам додани парешонии мардуми тоҷик то бунёди иншооти муҳими таърихӣ, тамоми фаъолияти Президенти кишварамонро дар бар мегирад.

- Давлатдории тоҷикон бо ташаббусу корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон пас аз фурӯпошии чандинсолаи давлатдории Сомониён ба шаклу усули нав эҳё гардид, — иброз дошт директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода.

Гуфта шуд, ки китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»