Рӯзҳои мудҳишро набояд фаромӯш кард

№35 (4297) 18.03.2021

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 омадааст: «Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас — истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад».

Таъкиди Пешвои миллат водор месозад, ки ба қадри истиқлолияту озодӣ бирасем, ин гавҳари бебаҳоро бо ҷону дил ҳифз намоем. Зеро истиқлол орзую умеди деринаи мардуми мост. Барои ба воя расидани фарзанд муҳити хуб лозим аст. Агар муҳит хуб бошад, истиқлолият маънои нав кашф мекунад. Обрӯю эътибори халқ ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза истиқлолро ҳифз карда метавонем. Халқе, ки истиқлолияташро ба ҷаҳониён нишон дода метавонад, толеаш баланд аст.

Ҳар лаҳза, ҳар рӯз моро ба ҷашни бузург — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик месозад. Сӣ сол барои таърих чандон муҳлати калон ба ҳисоб наравад ҳам, вале агар ба ҳаҷми корҳои дар ин муддат анҷомёфта баҳо диҳем, он ба садсолаҳо баробар шуда метавонад. Яъне, дар ҳамин давраи кӯтоҳ ба комёбии зиёд ноил гаштем. Кӯҳ барин вазнро бо санги тарозу чен карда намешавад. Барои ин вазъи­яти сӣ сол пешро, ки Ватан дар хатар, даруни оташ монда буд, ба хотир овардан кофист.

Ҷанги бародаркушӣ давом мекард, давлати тоҷикон, ки акнун ба по хеста, ҳоло барояш нафаси истиқлолро пурра кашидан муяссар нашуда буд, дар нӯги мӯй меистод. Бисёриҳо бовар надоштанд, ки давлатро нигоҳ дошта метавонем. Коршиносон «ҷанг ба охир расад ҳам, барои зарари онро пӯшондан, харобаҳоро обод кардан даҳсолаҳо даркор» мегуфтанд.

Ҳар субҳ чашм кушода, «шукр, зинда мондам» гӯён худро таскин медодем. Охир, шахсе, ки дирӯз зинда буд, имрӯз хабари маргашро мешунидем. Дил ба ларза меомад. «Маро парронед, вале хуни ман хуни охирин шавад!», — гӯён синаашро сӯи мили автомат медорад яке аз ҷавонон. Чаро ҷавон чунин кард? Магар аз ҳаёт умед надошт? Сабабаш аниқ: ӯ барои истиқлолро аз даст надодан, боздоштани хунрезиҳо ин роҳро пеш гирифта буд. Афсӯс, хунрезӣ давом мекард. Хонаҳо оташ мегирифтанд. Кӯдаки гаҳвора бо чашми ҳайрат ба атроф нигоҳ карда гӯё мегуфт: «Эй, одамон, барои кадом гуноҳам маро месӯзонед?». Аммо одамони сангдил парво надоштанд. Гаҳвора месӯхт, нури дидаи касе месӯхт…

Оҳу фиғони одамони бегуноҳ, мурдаҳои варамкарда, кӯдакони ба хун оғушта, ҷавонони бедаракшуда, духтарони номусашон поймолгашта, арӯсони бевамонда, пирони шаҳидшуда, занҳои ба доми ­аҷалафтида. Дарёи Кофарниҳон низ гиря мекард. Гӯшти одамро пора кардан, то мурдан бо калтак задан, мурдаро ба по тела додан. Ҷаҳл аз ин зиёд мешавад магар?

Тифле, ки ба гардани модар сахт часпида гирифтааст, «Модарҷон, метарсам!», — гуфта дод мезанад.

- Аз чӣ метарсӣ, бачем? — мепурсад модар.

- Аз силоҳбадастон.

Модарро низ ларза мегирад. Ҷигарпораашро ким-кӣ аз бағалаш кашида мегирифтагӣ барин безобита мешавад. Дар чеҳрааш осори тарсу изтироб пайдо иегардад, дар вуҷудаш нисбат ба ҷанг оташи нафрат дармегирад… Хонаҳо аз меҳр, файзу муҳаббат холӣ мондаанд.

Чӣ қадар даҳшатовар будани ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳазорон — ҳазор одами бегуноҳро ба комаш кашид, шояд барои ҷавонони ҳозира афсона намояд. Барои ҳамин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо зиёиён зикр карда буданд, ки мо, нависандагон, бояд рӯзҳои сахти айёми ҷанги шаҳрвандиро бисёртар ба қалам диҳем, то ин ки ҷавонон аз он панд гирифта, ба қадри тинҷию осудагӣ расанд.

«Гулҳои садоқат» ном достон дорам, ки аз нооромии солҳои ҷанги бародаркушӣ нақл мекунад. Он бисту панҷ сол пеш ба забони ӯзбекӣ навишта шуда, аз ҷониби тарҷумони машҳури тоҷик, шодравон Аслам Адҳам тарҷума шудааст. Порчаеро аз он меорам.

…Мӯйдинҷол ба Қизлархони чун ниҳол нозук, чун кабӯтари кукугӯи маъсум, сияҳмӯю сиёҳчашм ва сиёҳабрӯ хонадор шуд. Рӯзу соаташ расида, Қизлархон писараки ҷингиламӯ таваллуд кард. Барои ном гузоштан ба вай Эшонбоборо даъват карданд. ­Дегҳо гузоштанд, сарупою туҳфа ҷамъ оварда шуда, хурду калони Майдақишлоқ аз рӯи риояи таомул Эшонбоборо барои номгузорӣ, фотиҳаи нек, гуфтори шариф интизор меистоданд.

Эшонбобо суханро мухтасар кард: ӯ ба гӯши рост ва чапи тифл се бор «Ёдгор» гуфт.

- Исм ҳуҷҷати Худост. Номи зебо тифлро ҳусн мебахшад. Бигузор, Ёдгор шавад. Эшонбобо даст ба рӯ кашид, доман афшонда, аз хона баромад.

Аз миён чанд сол гузашт. Майсаҳои қабри Мӯйдинҷол чанд маротиба шукуфтаю хазон шуданд. Сағонаи Эшонбобо зард шуд. Ёдгор ҷавони баркамол гашт. Ҷанг сар шуд, ҷанги бародаркушӣ. Писари Эшонбобо ба дасти ҷанговарони Ёдгорбек асир афтод. Қизлархон ин хабари шумро шунида, назди Ёдгорбек омада «агар Саидбекро озод накунӣ, ман Ёдгор ном писар надорам» гуфт.

Ёдгорбекро дил таҳ кашид. Аз тааҷҷуб дар чеҳрааш аломати норизоӣ намоён шуд.

Одамони мисли ҳайкал шахшуда аз ин рафтори Ёдгорбек ким — чӣ хел исёнро эҳсос карда, чӣ ҷавоб додани Қизлархонро интизор буданд.

Қизлархон сӯи уфуқ назар андохта, суруд хонд. Он гиря буд ё нола, алам буд ё ғам, армон ё дард, ки баъди он дастони ба пушт бастаи Саидбеки асирафтодаро кушоданд. Саидбек дастони озурдаашро молида, ба замин чашм афканд. Ёдгорбек ашки ба лабаш фаромадаро бо мушт пок кард: «Модар, равад рафтан гирад, ихтиёр ба худаш», — гуфт.

Саидбек ресмони пеши пояш афтодаро як лагад зада, Ёдгорбекро сахт ба оғӯш кашид. Ҳар ду ҷавонмард гиристанд. Он рӯз дар Майдақишлоқ на овози тирандозӣ, балки гиряи шодӣ шунида шуд. Он рӯз на садои автомат, балки мурғони раҳму шафқат нағмапардозӣ мекарданд. Баъд аз як сол Қизлархон ду ҷавонмарди баҳодури аз тарафи душманон ваҳшиёна кушташударо ба хок супурд…

 Дар он ҷанги бемаънӣ халқро айбдор кардан норавост. Халқ Ватан, халқ адолат, халқ қувваи бузург аст, ки ҳеҷ гоҳ мағлуб нашудааст. Барои гуноҳи як гурӯҳ одамони нохалаф тамоми халқ ҷавобгар буда наметавонад.

Ҳоло ҳама шукр мекунем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳ устувор шуду рӯзҳои сахт аз байн рафтанд. Мардум зиндагии осуда дорад. Деҳаҳо, кӯчаю хиёбонҳо ободу зебо. Деҳоти Назарови ноҳияи Қубодиён низ, ки ман зодаи он ҷоям, хеле рушд кард.

Акнун аз хонаҳои хароб, ки 30 сол пеш бар асари ҷанги шаҳрвандӣ сӯхта, валангор гашта буд, нишон нест. Ба ҷои биноҳои аз лой эъморгашта иморатҳои навбунёд қомат афрохта, ҳам аз ҷиҳати ороиши миллӣ ва ҳам сохти меъморӣ назаррабоянд, чашмро мунаввар карда, ҳаловат мебахшанд. Барои зист шароити хубу бароҳат муҳайёст. Зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Дар саҳни ҳавлии ҳар хонадон мошини сабукравро дидан мумкин. Истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар сатҳи хубу сифати баланд қарор дорад. Боғу роғ, меваю сабзавот, гармхона. Мардум нозукиҳои ҳосили фаровон гирифтанро омӯхтаанд. Даромади аз замин бадастомада буҷети оилаҳоро ғанӣ гардонидааст. Дар маркази деҳот иншооти варзишӣ, китобхона, корхонаҳои маишӣ, беморхона, ҳаммому сартарошхона бунёд ёфтаанд. Деҳот аз шаҳр кам фарқ мекунад.

«Раҳмат ба Президент, — мегӯянд пироне, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд. — Ӯ ба мамлакат сулҳ овард. Гурезаҳо ба манзили зисташон баргаштанд. Тарсу ваҳм, гаравгонгирию бедарак рафтанҳо аз байн бардошта шуд. Тухми зӯроварию адоват решакан шуд. Ба ҷои садои тиру туфанг, гиряву нола, дӯғу дарангу таҳлука, сурудҳои фораму дилнишин садо дода, чеҳраҳо хандон гардид. Аз чашмон оби дида не, нуру зиё меборад, ғаму андуҳ не, шодию хурсандӣ, дар вуҷуд шаббодаи форам медавад. Насими меҳру муҳаббат, рафоқату шафқат паҳн мегардад. Ба ҷои ноумедию нобовариҳо гулҳои умед ва боварӣ рӯида истодааст. Як вақтҳо «гушнаю ташна бошему сулҳ шавад, оромӣ бошад» мегуфтем. Шукр мекунем, ки орзуи деринаи мо амалӣ гашт. Ҳоло ҳама ҷо серию пурӣ, фаровонӣ. Мумкин барои баъзеҳо ин гуфтаҳо афсона тобад, вале ин ҳақиқат аст. Барои ин хизматҳои беназири Сарвари давлатамонро набояд фаромӯш кунем…».

Тоҷикистон мамлакатест, ки мушкилиҳоро ҳал намуда, дар арсаи байналхалқӣ обрӯю эътибораш зиёд гашта истодааст. Ҳамаи ин аз ягонагии халқ бо ҳокимият, муштарак будани фикри омма бо сиёсати давлат, мардумӣ будани Президент шаҳодат медиҳад. Ҳамаи ин бо шарофати ҳифз карда тавонистани истиқлол аст. Барои ҳамин истиқлол хеле азиз аст.

Дар бораи Пешвои миллат, ки давлати дар вартаи нобудӣ қарордоштаро ҳифз карда тавонистанд, ҳар қадар гап занем, кам аст. Хизматҳои бузургашонро, ки дар мамлакат сулҳро барқарор намуданд, ҳатто ҷаҳониён эътироф кардаанд. Туфайли ном ва фаъолияти Президент Тоҷикистон ва тоҷикон, шаъни мамлакат ва миллат баланд шуд.

Сулаймон ЭРМАТОВ,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон