Рӯзи матбуоти тоҷик

№34 (4774) 15.03.2024

Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро киҳо сазовор шуданд?

Рузи матбуотЖурналисти собиқадор Камоли ­Қурбониён, Мавҷуда Ҳасанова — сармуҳаррири маҷаллаи «Бонкдорӣ, тараққиёт, ҷаҳонишавӣ»-и Бонки миллии Тоҷикистон, Умари Шерхон — публитсист, Амир Саидзодаи Мункӣ — журналист аз ноҳияи Ховалинг дар Рӯзи матбуоти тоҷик Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро (дар бахши матбуот) мушарраф шуданд.

Рӯзи матбуоти тоҷик дар «Кохи Суруш» баргузор гардид. Дар чорабинии идона мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён суханронӣ ва дар ҳолати ногувори имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон ҳифзи амнияти иттилоотии кишварро аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи журналистӣ шумурданд.

Матлубахон Сатториён аз аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» ёд оварда, онро заминаи асосии ташаккули матбуоти тоҷик арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки ин рӯзнома 11-уми марти соли 1912 бо ташаббуси равшанфикрони тоҷик нашр гардид. «Бухорои шариф», ҳамчун минбари маорифпарварони тоҷик, хонандагони худро бо забони сода аз ҳаводиси ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва амсоли инҳо огоҳ намуд. Рӯзнома то 2-юми январи соли 1913 интишор шуда, ҳамчун падидаи муҳими фарҳангӣ заминаи асосӣ барои ташаккули матбуоти тоҷик гашт.

Дар фарҷоми чорабинӣ як идда фаъо­лони воситаҳои ахбори омма бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаю ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг қадр шуданд. Бо қарори Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикис­тон Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро дар бахши телевизион Ёрмаҳмад Самадов, наттоқи телевизион, Барно Соҳибова, сармуҳаррири идораи таҳлилии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Шарифзода Маҳмадалӣ Сафар, сармуҳаррири идораи илм ва маърифати «Телевизиони Тоҷикистон», сазовор шуданд. Ҷоизаи мазкур дар бахши пажӯҳиши илмӣ ба Зафар Аскар, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ, дар бахши сомонаҳои иттилоотӣ ба Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори сомонаи иттилотии «Истиқлол» ва дар бахши радио ба муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилии радиои «Тоҷикистон» Зиёратшоҳ Аҳмадов супурда шуд.

Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев — Нашрияи муваффақи маҳаллиро ба нашрияҳои «Ҳақиқати Суғд» ва «Оинаи Рашт» сазовор донистанд.

Ф. ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»