Рушди фарҳанги китобхонӣ боварӣ ба ояндаи босубот аст

№122 (4062) 19.09.2019

киобШоёни зикр аст, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг, хоса ба китобдорӣ сол аз сол меафзояд. Яке аз он онҳо баргузории озмунҳои илмӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аст, ки айни замон омодагии ғолибони даври дуюм барои баргузории даври сеюм ҷараён дорад.

Ҳадафи асосии он баланд бардоштани фарҳанги мутолиа мебошад. Зеро рушди фарҳанги китобхонӣ ва маънавиёти ҷомеа боварӣ ҳосил намудан ба рушди босуботи ояндаи ҷомеа мебошад. Аз ин рӯст, ки адибону шоирони классик ва муосир дар осори безаволашон ҷомеаи башариро ба омӯзиши китоб даъват намудаанду менамоянд. Зеро китоб сарчашмаи афкори созанда ва махзани илму маънавиёт ба ҳисоб рафта, ҳама пешравии башарият, дарку шинохти ҳақиқат ва зулму ситам маҳз тавассути омӯзиши он сурат мегирад. Абдураҳмони Ҷомӣ китобро «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» маънидод намудааст. Ба қавли донишманд ва файласуфи юнонӣ Суқрот, «ҷомеа ҳамон вақт фарзонагӣ ва саодатмандӣ мебинад, ки мутолиа кори ҳаррӯзааш бошад». Ё ба таъбири файласуфи англис Френсис Бэкон, «китобҳо сафинаи донишанд, ки рӯйи мавҷҳои вақту замон ҳаракат карда, бори қиматбаҳои худро эҳтиёткорона аз як насл ба насли дигар мерасонанд».

Воқеан, равнақи рӯзафзуни фарҳанги китобхониву мутолиа алоқамандони китобу китобхонаро боз ҳам бештар намуда, ин раванд, бешубҳа, боиси рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, сарфарозии миллату бақои давлат хоҳад шуд. Ҷои гуфтан аст, ки муҳаббати инсон ба китоб ва китобхонӣ аз рӯзҳои аввали зиндагӣ ва муҳити хонавода маншаъ мегирад ва ҳамин тавр, то марҳилаҳои таҳсилоти донишгоҳӣ ва баъд аз он идома пайдо хоҳад кард. Яқин аст, ки масъалаи ҷалби ҷомеа ба китоб ва китобхона, омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги ниёкон ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тарғибу ташвиқ мегардад, зеро китоб чароғи дили инсон ва роҳбару роҳнамо ва мушкилкушои тамоми мушкилӣ дар зиндагист.

Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон» яке аз дастовардҳои барҷастаи фарҳангии кишвар дар марҳилаи шукуфоии таърихи миллат ба ҳисоб рафта, фаъолияти он бевосита ба тақвияти тафаккури миллии насли наврас, тарғиби маърифати китобхонӣ дар ҷомеа, эҳёи фарҳанги китобдориву китобхонӣ равона гардидааст. Он ҳамчун бузургтарин маркази фарҳангиву илмӣ ва пажӯҳишӣ барои ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолияти китобхонаҳои кишвар, такмили дониши китобдорон ва дар амал татбиқ намудани сиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад. Шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ, Қонуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, омода намудани дастурҳои библиографӣ ва баргардону ба нашр расонидани китобҳои илмӣ машғул мебошанд. Силсилаи «Тоҷнома» бо нашри беш аз 50 ҷилд осори марбут ба таъриху забон ва фарҳангу маданияти давлатдории тоҷикон дар марҳилаи аввал ба нақша гирифта шуда, боиси хушнудиву қаноатмандист, ки то ба ҳол 13 ҷилди он, аз ҷумла «Авасто» (2014), «Мероси хаттии бостон», ҷилди 1 (2014), ҷилди 2 (2016)), «Ғурар-ус-сияр» (2014), «Ҳудуд-ул-олам» (2014), «Таърихи Сиистон», «Зайн-ул-ахбор» (2014), «Таърихи Байҳақӣ» (2014), «Тоҷикон»-и А. Шишов (2015), «Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ»-и Е.Э. Бертелс (2015), «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Асадии Тӯсӣ (2016), «Рӯзномаи сафар ба Самарқанд»-и Руи Гонсалес де Клавихо (2016) ва «Динкард» (2018) рӯи чоп омада, асарҳои «Кишвари беҳуқуқон дар кӯҳу водиҳои Бухоро»-и муҳаққиқи рус Д. Н. Логофед, «Бохтар дар масири тамаддун», «Саёҳат ба Осиёи Миёна»-и Армений Вамбери барои чоп омода гардидаанд. Ҳамчунин, Маркази такмили ихтисоси он ба татбиқи барномаҳои таълимии курси такмили ихтисосу бозомӯзӣ барои кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шуғл меварзад.

Бигзор, китобхонӣ, фарҳангсолорӣ, ободкориву созандагӣ, талқини арзишҳои милливу муқаддасоти давлатӣ ба ҷавонону наврасон ҷиҳати ҳифзу нигаҳдорӣ, ки аз шеваҳои таҳкими пояҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ ва бақои миллат маҳсуб меёбанд, аз машғулиятҳои рӯзмарра бошанд ва битавонем бо татбиқи пайгиронаи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо пайравӣ аз иқдомҳои шоҳкорофарини Пешвои миллат барои наслҳои баъдӣ давлату маданияти бемислу мондагор мерос монем.

Абдусалом МИРАЛИЗОДА, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон