Сада ҷашни мулуки номдор аст…

№8 (3645) 26.01.2017

843Сада аз қадимтарин ҷашн­ҳои бостонии мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон мебошад. Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин иди ниёгон дар қатори ҷашнҳои миллии Наврӯз ва Меҳргон, ки дар давраҳои мухталифи таърихӣ анъанаи мардумӣ маҳсуб меёфтанд аз нав эҳё шуданд.

Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта, дар арабӣ сазак ва садак шуда, ҷашнест дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо афрӯхтани оташ, тайи маросими хосае анҷом мегирад. Аз Сада то Наврӯз сад рӯзу шаб аст ва дар ин рӯз теъдоди фарзандони Каюмарс ба сад расид. Аз Сада то замони гирдоварии ғалла сад рӯз боқист, зеро дар навоҳии муътадил, ҳудуди панҷоҳ рӯз баъд аз Наврӯз метавон гандум ва ҷав бардошт кард. Дар таъкиди ин назар бояд гуфт, ки дар бархе аз рустоҳо ва шаҳри ҷанубии Хуросон, ҳамчунин ба оташафрӯзӣ дар шаби даҳи Баҳман ва ҳангоми баргузории ҷашни Сада ашъоре хонда мешаванд, ки мисраи баргардони он чунин аст: «Сада, Сада, Сад ба ғалла панҷа (панҷоҳ) ба Наврӯз» Дар тақвими куҳани эронӣ солро ба ду бахш тақсим мекарданд: фасли гарм, аз аввали фарвардин то поёни меҳр ва фасли сард аз аввали обон то поёни исфанд. Рӯзи даҳуми баҳман, яъне обонрӯз, дуруст миёнаи зимистон аст, ки дар он сармо ба авҷи худ мерасад ва дуруст сад рӯз аз зимистон мегузарад. Ба ақидаи эрониён дар ин рӯз, Аҳримани бадкуниш сарморо ба шиддати худ мерасонад, то ба офаридгори Урмузд газанд бирасонад ва неруи урмуздӣ дар ин рӯз оташро барои муқобила бо сармо меофаринад.

Ҷашни Сада ба ягон дину мазҳаб пайвастагӣ надорад. Ҳанӯз аз қадим мардуми тоҷик рӯзи ҷашни Сада болои теппаву кӯҳ ва ё бомҳо баромада, оташ меафрӯхтанд ва дар ҳалқаи ёру дӯстон назди оташи муқаддас суруду тарона хонда, аз ба поён расидани фасли сармо хушнудӣ мекарданд. Албатта, Сада мисли Меҳргон бештар ба шароити иқлимӣ ва кишоварзӣ алоқамандии бештар дорад. Ва бешак, бисёриҳо вожаи «Сада»-ро аз шумораи «Сад» баргирифта медонанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» чунин нигоштааст: «Сада гӯянд, яъне 100» ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст.

Сада ҳар сол 10-уми баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад. Азбаски дар меҳвари он оташ меистад, «ҷашни оташ» ҳам номидаанд ва онро марбут ба ойини зардуштӣ шумурдаанд. Вале ба қавли устурашинос Меҳрдоди Баҳор, Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар «Авесто»-ву матнҳои паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст. Саранҷом зардуштиён ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазиранд, вале эҳтимолан Садаро маросими ҷодуӣ ангошта, вориди дин накардаанд.

Оид ба шарҳи истилоҳи «Сада» дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин ташреҳи мардумӣ ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст. Гӯё, шумораи сад аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз иборат буда, замони фарорасии Наврӯзро ифода мекунад.

Тасвири баргузории ҷашни Садаро замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, мардумшиноси маъруфи тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ тарзи баргузории Садаро дар дарбори мулуки замони худ чунин тасвир мекунад: «Оташ афрӯзанд, то шарри он (ҷаҳаннам) бартараф гардад ва гиёҳи хушбӯ табхир мекунанд, то масрафоти онро бартараф кунанд. Дар хонаи мулук расм шуда, ки оташ барафрӯзанд ва чун шуълавар гардад, ҷонварони ваҳширо ба оташ меандозанд ва мурғҳоро дар шуълаи он мепаронанд ва дар канори ин оташ менишастанд ва ба лаҳву лаъб машғул мешуданд».

Роҷеъ ба ҷашни Сада дар адабиёти асрҳои Х-XI, махсусан, дар қасидаҳои шоирони дарбори Ғазнавиён, аз қабили Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ ва дигарон ишораву тасвирҳо ба назар мерасанд. Е.Э.Бертелс дар мақолаи «Ҷашни Сада дар назми форс-тоҷик» қисмати насиби қасидаҳои мадҳиявии шоирони номбурдаро таҳқиқ намуда, мавқеъ ва муносибати шоҳони он давраро ба ҷашни Сада муайян кардааст. Ба ақидаи ӯ, баъзе аз шоҳон Садаро қабул доштанд, аммо бархе дигар аз мулук онро ҳамчун ойини бутпарастону ҷодувон ва оташпарастон мешумурданд. Аз ин лиҳоз, шоирони дарбор низ мувофиқи қабулу назари ин подшоҳон қасидаҳои мадҳиявӣ мегуфтанд. Масалан, Унсурӣ дар як қасидааш аз ҷашни Сада истиқбол карда, чунин менависад:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин имшаб гӯӣ, кӯҳи Тур аст,

К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

Гар ин рӯз аст, шаб хондаш набояд

Ва гар шаб рӯз шуд, хуш рӯзгор аст.

Ҳамоно к-ин диёр андар биҳишт аст,

Ки бас пурнуру рӯҳонӣ диёр аст…

Ҳарчанд ки ин ҷашн ба кеши зардуштӣ хос нест, аммо ­азбаски марбут ба оташ аст ва оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд, зардуштиёни ҷаҳон аз он пазироӣ доранд. Ин ойин бештар ба гулханафрӯзии чоршанбесурӣ шабоҳат дорад. Бояд зикр кард, ки дар минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ маросими чоршанбесурӣ ё чоршанбеи охирон то ҳол маъмул аст, ки бозмондае аз ҷашни Сада маҳсуб аст. Мардум дар чоршанбеи охирини сол ё ба ҳисоби дигар: чоршанбеи охирини моҳи сафар, пеш аз ҷашни Наврӯз гулхан афрӯхта, аз болояш меҷаҳиданд. Дар ин бора аз рисолаву мақола ва маҷмӯаҳои фолклорию этнографӣ ва таърихӣ маълумоти муфассалро пайдо кардан мумкин аст.

Этнографи рус Н.А.Кисляков соли 1935 дар деҳаҳои Нурунҷ, Деҳи Баланд, Бедаки Поён, Бедаки Боло, Бедаки Миёна, Қарақутан ва Ҷавчӣ, ки дар поёноби дарёи Хингоб ҷойгир шудаанд, пажӯҳиши этнографӣ анҷом дода, роҷеъ ба баргузории маросими моҳи ҳут ишора намудааст. Мардуми ин деҳаҳо ҳар сол дар се рӯзи аввали моҳи ҳут маросими оташафрӯзӣ барпо мекардаанд.

Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он аз қадим маъмул ва имрӯз низ миёни мардуми кӯҳистон боқӣ мондааст. Бобои Ҳикмати 96-сола, аз деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳикоят мекунад, ки ҷашни Садаро ба пуррагӣ ёд дорад. Ба қавли вай, солҳои 30-юми қарни гузашта дар кӯҳистон Сада таҷлил мегардид. Чанд ҳафта пеш аз оғози иди Наврӯз мардум аз кӯҳ ҳезум ҷамъоварӣ намуда, дар майдони кушод гулхан меафрӯхтанд. Сипас, ҷавонон мусобиқакунон аз болои оташ мепариданд. Ин ба хотири он буд, ки хунукӣ барояду гармӣ расад. Боз аз болои оташ паридан барояшон гӯё тандурустӣ  меовард. Ҳатто беморон (занони бемории «зача») дар замини аз чашми дигарон дуртар се оташи хурд равшан намуда, аз болои он се маротиба ҷаста ин суханонро ба забон меоварданд: «зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман». Баъд ба пушти сар нигоҳ накарда мерафтанд. Пирон бачаҳоро таъкид мекарданд, ки агар хокистарҳои дар се ҷой пайи ҳам қарордоштаро бубинанд, аз болояшон қадам нагузоранд. Ба андешаи онҳо, бемории шахси «аловпарак» сироят менамудааст. Кишоварзон дар он замон хокистари оташи шаби ҷашни Сада афрӯхтаро ба замини кишт мепошиданд, ки он фоли неку босамарии заминро дошт.

- Аз ҳама аҷиб он аст, ки, — ба ёд меорад бобои Садриддин, сокини 95-солаи мавзеи Сарихосор, — маросими аловпарак бо ширкати аҳли деҳа доир мегашт ва мардум атрофи оташи муқаддас давр зада, сурудхонӣ мекарданд. Ба ин тариқ, бо сардиҳо хайрбод гуфта, ҳар чӣ тезтар расидани гармӣ ва Наврӯзро орзу мекарданд. Дар он рӯзҳо табиати сахти кӯҳистон ҷомаи рангин ба бар мекард ва оташи муқаддас қалби барфу яхпораҳоро гӯё мешикаст ва аз дуриҳои дур нафаси гулу буттаҳои тозарӯй ба машом мерасид. Ва боз аз ҳар хонадон резишу оҳанги фалак ба фазо мепечид.

То фарорасии ҷашни Сада кишоварзон ҷӯйбору заҳкашҳоро ба тартиб дароварда, яхобмонии боғу токзор, обшӯйкунии хокҳоро анҷом медоданд. Бахусус, дар ин давра тартиби кандани ниҳолҳо бо хок ва бе хок барои бунёди боғҳои нав вобаста ба синну соли ниҳолҳо аз ҷониби пирони рӯзгордида ба амал меомад.

Ҳамчунин, то санаи расидани Сада маросими идонаи дарахтбурӣ, шаклдиҳии дарахтони мевадиҳанда ва тоза кардани атрофи дарахтони сояафкан, усулҳои ғизодиҳӣ омӯхта мешуданд.

Ҳоло аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои сазовор ҷашн гирифтани Сада чорабиниҳои махсус, ба мисли интихоби ниҳолҳои модарӣ барои бунёди боғҳои нав ва маъракаи ташхиси бемориҳои дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, муайян намудани макони зимистонгузаронии ҳашароти зараррасон бо мақсади татбиқи чорабиниҳои зимистона ба нақша гирифта шудааст.

Боиси хушнудист, ки дар доираи ҷашни Сада дар ҷумҳурӣ ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гулҳо ва тухми зироатҳои кишоварзӣ бо иштироки кишоварзону чорводорон ва боғдорон барпо мешавад.

Ҳамин тавр, Сада пеш аз фарорасии Наврӯз бузургтарин иди суннатии мардумӣ мебошад. Он чун ойини меҳрпарастӣ асосан пас аз анҷомёбии чиллаи калон таҷлил мегардад. Оташе, ки ба хотири ҷашни Сада меафрӯзанду дар гирди он аловпарак доир менамоянд, моро ба гузаштаи дур мебарад ба мазрае, ки дар он ниёгон тухми дӯстиву муҳаббат ва рӯшноӣ офаридаанд. Чуноне, ки Абулқосим Фирдавсӣ фармудаанд, ин оташи муқаддасро нигоҳ доштан вазифаи имрӯзиён аст, зеро Сада барҳақ ёдгори ниёгон мебошад ва аз асолати поки миллат дарак медиҳад:

Нигаҳ доред оини ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.

Нуралӣ АСОЗОДА, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,

Файзулло АМИРШОЕВ, директори Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон