Шоми шеъру тарона

№29 (3509) 03.03.2016

DSC_1250Дар иртибот бо баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз, ки аз 17 то 24 — уми март бо иқдоми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар кишвар ба нақша гирифта шудааст, аз 19 феврал дар кишвар маҳфилҳои шеъру тарона роҳандозӣ гардид, ки то 19 март идома меёбад.

Дар робита ба ин, дуюми март, дар «Кохи Ҷомӣ» — и пойтахт шаби эҷодии барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, шоир Давлат Сафар бо ширкати овозхонҳои шинохта Афзалшоҳи Шодӣ, Файзалӣ Ҳасан, Ҷамшед Исмоилов, Лутфулло Давлат, Исроил Файзиддин, Сафар Раҳмон, Ҳақназари Ҳукумзод, Абдулхайр Муъминов ва дигарон ҳамчун базми ширу шакар пешниҳоди аҳли завқ гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикис­тон Низом Қосим ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид. Дар оғози маҳфил тариқи наворе, ки аз маҳфили қаблӣ бардошта шудааст, устодони каломи бадеъ Бозор Собир, Гулрухсори Сафӣ, Муҳаммад Ғоиб ва чанде дигар оид ба паҳлуҳои гуногуни шеъри Давлат Сафар изҳори андеша намуданд. Кафкӯбиҳои бардавом, гулрез шудани саҳна, пазироии гарму самимонаи аҳли толор бори дигар собит сохт, ки мардуми соҳибзавқи мо то чӣ андоза чунин чорабиниҳои рӯҳнавозро пазмон шудаанд. Ин маҳфил сайқали қаламу эҷод ва маҳбубияти Давлат Сафарро миёни ҳаводорони шеъру ғазали ноб муаррифӣ намуд ва мо чун мушт аз хирвор бо овардани байте аз ашъори ин шоири рангинхаёл қаноат мекунем, зеро бо ҳамин як байт метавон ба ҳунару истеъдоди шоирии Давлат Сафар баҳогузорӣ кард:

Дар лаби ҷӯй, ки айёми ҷавонӣ бигузашт,

Оҳи пиронаи ман накҳати пудина кунад.

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев