6-уми июни соли равон Анҷумани 13-уми ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар анҷуман интихоби раиси иттифоқ тариқи пӯшида сурат гирифта, аз байни 3 нафар оҳангсози шинохта Шуҳрат Ашӯров раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид.
Номбурда соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм карда, аз композиторони маъруф Ёқуб Сабзанов ва Дамир Дӯстмуҳаммадов таълим гирифтааст. Солҳои 1984-86 дар Омӯзишгоҳи мусиқии назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский таҳсил намуда, соли 2001 Академияи мусиқии Федератсияи Россия ба номи Гнесинҳоро хатм кард. То ба раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб шудан ба ҳайси роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекард.
Ҳамрадиф бо ин, вакилони анҷуман омодагӣ ба ҷашнҳои давлатӣ, эҷоди асарҳои муосири мусиқӣ, таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва тавсеаи фаъолияти эҷодии аъзои иттифоқро баррасӣ намуданд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»