Соярӯшан

№64 (4647) 15.05.2023

(Порае аз роман)

Мухаммад Гойиб3… Ин ду ҳамсол қариб ҳар бегоҳӣ, дар ҳолати софу салқин будани ҳаво ба кӯча баромада, соате ё зиёдтар аз он, то лаҳзаи расидани намози шом, гоҳо дар паси девори бари роҳ ва баъзан дар назди қатори арчаҳо дурудароз суҳбат мекунанд. Гӯё, ки нӯги риштаи қисмати дунё дар дасти ҳар ду бошад, ба панҷаи фаҳми худ мехоҳанд гиреҳҳои мавҷудаи онро кушода, дароз буданашро гоҳо тасдиқ мекунанд ва гоҳо канданашро тахмин мезананд. Пешгӯиву кашфиёт ва таѓйироти замону маконро ба як пули пучак баробар карда, ақидаҳои комилу ҳукми баровардаи худро одилона баррасӣ менамоянд. Аз тарзи гуфтору баҳодиҳӣ ба воқеаҳои вақту атроф бартарии зиёди диду дарки яке бар дигаре эҳсос мешавад. Суҳбати ҳаррӯзаи онҳо аз пурсупоси одӣ, фаҳмидани вазъи хонавода, рӯйдоди гузар ва кӣ соҳиби чӣ шудан оѓоз шуда, то роҳи ҳалли масъалаҳои муҳими дигаргунии ҷаҳону табаддулоти замон ва ба таѓйирёбии иқлиму садамаҳои бузург рафта мерасад. Вале ѓайричашм­дошт гуфтори ин бегоҳ мисли оташи рӯ ба боло оварда, аз замин ба осмон гузашт.

- Моҳи навро дидӣ?

- Не!

- Ҳо, ана, дуртар аз абрҳо. Дар бараш боз як ситора пайдо шудаст, ин бесабаб нест, чӣ хосияту паёмаде дорад, — ба ангушти чоруми дасти росташ ишора кард Усто Барот.

- На моҳи навро дидаму на ситораро. Вақтҳои охир чашмони хатхӯрдаам наздикбин шудаанд, дурро он қадар хуб намебинанд, вале бе ҳеҷ шубҳа гуфта метавонам, ки он ситора муҳофизи моҳ аст, зеро дар ин замон бисёриҳо муҳофиз доранд, хусусан тӯдаи нопокону ҷинояткорони аз сояи худ тарсанда. Дар сару дили одамони поку беолоиш андешаи нохубу нишонаи тарс ҷо намеёбад, ҳатто онҳо фурсати ба сояи худ эътибор доданро надоранд.

- Рост, вале бахшиш, ки аз роҳи мақсад андак берун баромадӣ. Аз афташ хостӣ, ки аз ҷавоб ҷонатро халос карда, аз сарҳади гуфтугӯ канортар биравӣ. Ин ҷо баҳонаву худмуҳофизӣ ба кор намеравад. Агар таъкидамро фаромӯш карда бошӣ, ба ёдат меорам. Борҳо ёдрас карда будам: фикри чашмонатро бикун, бисёр нахон, кӯр мешавӣ, ба гапам эътибор надодӣ ва акнун натиҷаашро дидӣ. Дигар нури гумкардаро мисли оби рехта ҷамъ карда наметавонӣ.

- Кам дидану надидан нишонаи кӯрӣ нест. Кӯрӣ огоҳ набудан аз розу ниёзи оламу одам, ба воқеаҳо баҳо дода натавонистану ба саволҳо посух наёфтан аст. Яъне, аз хондан не, аз нахондан кӯртар мешавӣ, ба дунё меоию маънои ҳастиро нафаҳмида, ба теѓи нодонӣ тифлони орзуҳоро шаҳид карда, мисли гирдбод ба сари мақсади номаълуми худ хок пошида, монанди ҳайвон бехабар ва бе ному нишон меравӣ. Далелҳо тасдиқ мекунанд, ки гоҳо камхонҳо низ ба чунин ҳолати ногувор гирифтор мешаванд. Сайри ҷаҳон накарда, метавонам аз ҳамин гирду гӯшаи аз ҳама наздики диёр мисол орам. Чашмони Манучеҳри даҳсолаи Сабури бузкаш қобилияти биноияшонро гум карда истодаанд, ба ин чӣ мегӯӣ? Табиб гуфтааст, ки дигар на доруи чашм, на шираи талхаи кабки рав ва на сурмаи ҳиндию афѓонӣ нури чашмонашро барқарор карда наметавонад, нобино шуданаш аз эҳтимол дур нест. Қорӣ Амони гузари ҳамсояро хуб мешиносӣ ва айби он кӯри модарзодро ҳам дар хондан мебинӣ? Камоли човандозу Наими обкаш дар умрашон чашм сӯи саҳифаи китобе набурда бошанд ҳам, пеши пояшонро базӯр мебинанд. Вале камбин шудани чашмони Ҳасани ронанда сабаб дорад. Бечора, то ба нафақа расидан, шабу рӯз аз пушти шишаи мошини боркашон ба наздику дур нигариста, нонашро ҳалол мекард. Мегӯянд, ки тамоми умр қоидаи ҳаракати роҳро риоя карда, боре ҳам мавриди пурсиш ва супурдани ҷарима қарор нагирифтааст.

- Ба гуфти кампири Суман, ки чун табиби халқӣ эътироф шудааст ва дардмандон аз ҳар гӯшаву канор суроѓаш меоянд, хӯрдани тухму гӯшти моҳӣ биниши чашмро хубтар мекардааст.

- Ин сухан ҷон дорад. Розиқи ҳаштодсолаи моҳипарвар ҳам ҳар гуна навиштаҷотро бе айнак мехонад. Боре ҳангоми дар маҷлиси солонаи куҳансолони ноҳия маърӯза кардан чароѓи толор хомӯш шуд. Ҳатто ҳамон муҳити нимторики вақти говгум монеаи сухан гуфтанаш нагашт. Ба гуфти ӯ се чизи дигар, сабзаву оби равону рӯи хуш нури чашмро меафзудааст. Гавҳараки чашмро эҳтиёт кардан хуб аст, вале гоҳо эътибори аз ҳад зиёд ҳам ба кор намеравад, шояд дигар омилҳои таъсиркунанда вуҷуд дошта бошанд, ки мо аз онҳо бехабарем. Масалан, худи ту, чашмонатро эҳтиёт карда, кам хондӣ, вале имрӯз андак дуртарро бинӣ ҳам, ин маънои биноиро надорад. Дар ин масъала заррае аз ҳамдигар фарқ надорем, ту ҳам айнак мегардонию ман ҳам. Ман моҳи наву ситораи ҳамроҳашро надида бошам ҳам, ҳавои абролудро дидам. Аз доман паҳн кардани абри сиёҳ ва тарзи вазиши шамол маълум, ки андак пас ё дертар шамолу борони сахт мешавад. Чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, Худо худаш надонад, банда қудрати тасаввур кардан надорад.

- Агар як рӯз чанбари ҳокимӣ ба дастам мерасид, ҳаворо дигар ва муҳитро мисли оби борон аз олудагӣ пок мекардам. Давои дарди носозии мардумро меёфтам ва ҷаҳд менамудам, ки ҳар банда ба роҳи интихобкарда бе ташвиш қадам гузорад, касе ба касе ҳафтуҳашт накунад, пеши ҳама зуҳуроти номатлубро гирифта, дар таъмини тантанаи адолату таъмини ҳаёти осоишта саҳм мегирифтам, — даҳонкалонӣ кард Усто Барот.

- Ба орзуи сотсиалистони хаёлӣ ҷомаи амал мепӯшонидам ё коммунизм месохтам бигӯй?

- Бале! Дар ҳама ҳолат, новобаста аз таҳдиду ранҷишҳо, алангаи оташи кинаву адоватро хомӯш карда, ҳақро ба ҳақдор мерасонидам. Сад афсӯс, ки инони ихтиёрро ба ноуҳдабароён медиҳанд.

- Муболиѓа накун. Инро ба касе гӯй, туро нашносад. Ту ҳамон як дастгоҳи кориятро, ки манбаи рӯзгузаронӣ мебошад, дар як ҳафта ҳам тоза намекунию муҳитро таѓйир медиҳӣ? — Боз мехост бигӯяд, ки «Хирманкӯбӣ кори ҳар буз нест. Хонаат пур аз чӯб, усто бошӣ ҳам, як харак рост намекунӣ, ки амонат нишаста, одам барин суҳбат кунем. Ноилоҷ ҳар бегоҳ рост истода, гап мезанем, аз симчӯби сари роҳ фарқ надорем», вале изои муъмин ҳаром гуфта, ҳамсояашро дигар ҳадафи танқиду маломат қарор надод ва хулосаи баровардаи худро дар хазинаи ёд маҳфуз дошт: — Қудрат, ки медоштӣ, илоҷи аз нав сиёҳ гаштани мӯи сафеди ҳамон навраси даркӯчадидаро меёфтӣ. Ҳатто ту, малолат наояд, қудрати эҳсос кардани андуҳи падарону азоб кашидани модаронро, ки он ҳама аз носозии замону барои манфиате ҷои ҳамдигарро танг кардани одамон ва гирифтани кинаву қасд аз фарзандонашон барин фишорҳои номаълум шурӯъ мегарданд, надорӣ. Дар кори Зоти пок заррае хато нест. Ба чашмаш қудрати ҳама аён аст. Медонад, ки инони ихтиёри ҳокимиро ба дасти кӣ супорад ва ба кӣ чӣ қадар ризқ диҳад. Наход ба тухми одам қирон омада бошад, ки мартабаи бузургиро ба як устои дунёбехабар бибахшад?

Баъд аз муҳокимаи чандин масъалаи мубрами дигари вақт ва шунидани суханҳои безаминаву камарзиши Усто Барот аз дур овози тундар ба гӯш расид. Баробари расидани шом ҳаво сардтар шуда, вазидани шамол шиддат гирифт. Туфони бархеста ҳаворо якбора сарду тиратар карда, зиёнашро ба хатҳои барқ расонд. Аз расиши симҳо чароѓҳои лаҳзае пеш фурӯзон хомӯш шуданд. Ҳамсояҳо аз ноилоҷӣ давоми баҳсу суҳбатро ба бегоҳи рӯзи дигар гузошта, роҳи хонаро пеш гирифтанд. Шаҳре, ки баробари торик шудани ҳаво нуристонро мемонд, дар аввали шаб ба зулматистон табдил ёфт ва ин ҳолат то субҳдам давом кард. Хонаҳо торик, чароѓҳои роҳу кӯча ҳам мисли мурѓакони дар симчӯбҳо нишаста дар ҳалқаи ноаёни торикӣ афтода, ҳамранги муҳит шуданд. Дар дуриҳо низ чароѓи фурӯзоне наметофт, ки мавзеъро муаррифӣ кунад. Агар шаби маҳтобӣ ё барфӣ мебуд, шояд мушкил андак осон мешуд, атрофро дидан мумкин буд. Дили одами ба равшанӣ одаткарда ба чунин муҳит тоб наоварда, зуд роҳи аз ин варта раҳиданро меҷӯяд ва беташвиширо танҳо дар барвақт хобидан мебинад.

Баҳроми Собир ҳам баъди аз дари паҳнбари хона даромадан омадани барқро интизор нашуда, рост ба ҳуҷраи хобаш рафт. Аз баҳри хӯроки шом гузашта, нимсер сар ба болин гузошт. Хост, ки тавассути хоби ширин торикию дилтангияшро барҳам занад, қудраташ нарасид. Ба ҷогаҳ даромад, вале хобаш набурд. Дар дили торикӣ чашмони бози мисли шабчароѓи камнур будаашро маҷбуран пӯшонда натавонист. Сараш аз андешаҳои мухталиф ба хонаи занбӯр мубаддал гашт. Дар ин миён гӯё ки аз нав садои Усто Баротро шунид: «Агар як рӯз чанбари ҳокимӣ ба дастам мерасид, ҳаворо дигар ва муҳитро мисли оби борон аз олудагӣ пок мекардам».

- Воҳимачӣ! Даҳон дорию халос, аз дастат хок намеояд. Абарқудратон Нозими ҳамсояат нестанд, ки баъд аз одоби гиребонгирро додан, хотир дида, гуноҳро бахшу тақсим кунанд ва боз аз ҳуҷумкарда узр ҳам пурсанд. Карими ҳамсоя ҳам роҳи оберо, ки аз байни майдони боѓат гузашта, ба парвардаҳоят ҷон мебахшид, дигар кард, аз тарс чизе гуфта натавонистию муҳитро таѓйир медиҳӣ? Ҳатто овози занатро, ки аз пушти кӯдакони бадфеълат қариб ҳар рӯз бо ѓавѓою ҷанҷол гӯши ҳамсояҳоро кар мекунанд, паст карда наметавонию муҳитро, яъне дунёро ба як тешаву арра ва рандаву чанд мех дигар мекунӣ? Ту ҳамоне нестӣ, ки соли гузашта аз зинароҳи дуқадамаи хонаат афтода, як моҳ кунҷи беморхонаро амонат гирифтӣ ва то ҳоло аз дарди устухони зону менолӣ? Магар ба ҳамон ҷони нимколаат зӯрат мерасад, ки роҳи пасту баланди дунёро ҳамвор намоӣ? Намедонӣ, ки ин роҳ дар ҳар қадамаш чандин монеаву чоҳҳои хаспӯш ва гардишу афтиш дорад, мисли чӯби дуваҷаба нест, ки ба зарби тешаву ранда монанди кафи даст ҳамвори ҳамвор созӣ. Дунёдор шерро мемонад, бо думаш бозӣ карда намешавад. Вай муҳитро ба манфиати худаш мутобиқ карда, ба чорчӯбаи қонун даровардаву тасдиқ намудааст, онаи зори таѓйирдиҳанда ва барҳамзани мақсадашро нишон медиҳад. Нақшаи фардои дунё мисли нақшаи фармоишгорон нест, ки то бегоҳ аз тахтаҳояшон мизу харак созӣ. Ё то пагоҳ дари шикастаеро таъмир ё тирезаи чӯбии аз нам варамкардаеро тарошида, ҷо ба ҷо кунӣ. Онҳо аз рӯи нақшаву даромади якрӯза ва пур намудани ѓори шикам кор намекунанд. Нақшаашон тасарруфу мақсадашон ҳокими мутлақи ҷаҳон шудан аст ва хоки ту барин содаи сарбасаршударо беѓалбер мебезанд. Тешаатро гирифта чунон ба решаат мезананд, ки хабар намеёбӣ. Ростӣ, туро сардори хомхаёлон таъин кунанд, хато намешавад. Гоҳо домани масъалаҳоеро доштан мехоҳӣ, ки ба он дасти фаҳмат кӯтоҳӣ мекунад. Ҳар кас бояд кору вазифаи худро адо намояд. Барои ҳамин гоҳо аз ту дурӣ ҷустан мехоҳам, вале наметавонам, зеро аз ту роҳи гурез нест. Баробари сар аз дар баровардан, пеш аз раҳгузорони ношинос чашмам ба ту, ки бештари вақтро беҳуда дар роҳи кӯча мегузаронӣ, меафтад ва лаҳзаҳои холиам ба шунидани суханҳои бесарунӯги ту мегузаранд. Агар дарвозаҳои хонаҳои дигарон низ аз ҳамин тарафи роҳ мебуданд, эҳтиёҷ ба суҳбати ту ҳам намемонд. Одамеро ҳамсуҳбат интихоб мекардам, ки суханаш маѓзу вазн ва мантиқ дошта, сараш аз андешаҳои пучи каҳмонанд орӣ бошад. Ту аз ин нишонаҳо маҳрумӣ ва чоҳеро мемонӣ, ки дар бисот қатраи обе ҳам надорад. Ба ту умед бастан худро ташнаҷон ба дасти марг супоридан аст. Ту надонӣ, ки барои ноороми дунё аз кадом рӯду дарё сарчашма мегирад? Ту надонӣ, ки дар бисоти ин баҳр чӣ мавҷудот аст? Ҳоло аз уқёнусу туфон ҳарф намезанам. Нодон китро моҳию тарсхӯ ѓизолро паланг мепиндорад. Ба фаҳми ту низ ҳама ҷонварони обӣ ба ҳамдигар монанданд. Туфонро фақат дар гардиши бод дида, қудрати эҳсос кардани муборизаҳои сархӯри мавҷу ҷондорҳои ин баҳрро надорӣ. Аз ҳоли ташналабони кишварҳои камобу биёбонҳо тамоман бехабарӣ. Бо ҷонканӣ сабзидани кавару уштурхор, дарахтони саксаулу буттаҳои газ ва растаниҳои ба ҳамин монандро намедонӣ. Дар доираи тасаввурат ҷаҳони заҳрдорон, хусусан мори боу, ки аз аждаҳо бадтар аст, намегунҷад. Агар медонистӣ, тӯдае ба мори боу тақлид карда, баъд аз ҳалқабанду нафастанг кардан сайди худро бидуни хунрезию нишона мондан ба ком фурӯ мебарад, роҳи хомӯширо пеш мегирифтӣ. Ҳоло абарқудратон пайи такмил додани лоиҳаи пешина ва дарёфтани роҳҳои дигари аз реша баркандани ниҳолони орзуи миллатҳои камқудрат ва зери тасарруфи худ даровардани қаламрави бегона маѓз об карда истодаанд. Мехоҳанд, ки дунёро ба ташвишобод табдил диҳанд, ту ҳанӯз ҳам ба чӯби ноҳамворе теша зада гаштаӣ. Хулоса, ту дунёро то сарҳади чашм дида, ҳаётро саҳнаи шӯхӣ мепиндорӣ. Ин ҳама мисолҳои заминӣ буданд, ҳоло боло набаромадаем, аз осмон дури дурем. Аз ҳолату дар кадом ранг пайдоиши дунёву нуқтаи равшанаш, аз гардиши сайёраҳову муборизаву таркиши бузурги ҷирмҳои осмонӣ, ба вуҷуд омадани гармию сардӣ, хурдшавию васеъшавии қабати ҳаво ва мавҷудоти дигар ҷирмҳои осмонӣ, аз ситораҳо пайдо шудани галактика ва дигар ҳодисаҳои кайҳонӣ бо ту суҳбат кардан бесуд аст. Дар ҳузури ту, Усто Барот, аз «омезиши квантӣ» — робитаи ду заррачаи омехташуда, ки Эйнштейн зидди ин пешгӯӣ буд ва таѓйир додани яке боиси таѓйирёбии дигаре мегардаду дар ин миён масофа ва ҳатто аз ҳамдигар дур будани ду галактика ҳам, нақш намебозаду ба доираи фаҳмҳо намегунҷад, гап кушодан ҳайф аст. Зеро мувофиқи гуфтаи олими бузург суръати таъсирот аз суръати рӯшноӣ бештар буда наметавонад. Вале дигар олимон тавассути расадхонаҳои бузург алоқамандии ҳолати фаврӣ доштани омехтаҳоро исбот намуда, сазовори ҷоизаи Нобел гардидаанд. Мавҷҳои гравитатсионӣ, ки бидуни маънои маҷозӣ, яъне лаппиши фазову вақт низ, соли 1916 аз ҷониби Эйнштейн дар асоси назарияи нисбият пешгӯӣ шуда буд, вале баъд аз сад сол мавҷҳои мавҷуда ба таври таҷрибавӣ дар Расадхонаи лазерӣ-интерферометрӣ гравитатсионӣ-мавҷиии ИМА ба қайд гифта шуд ва барои ин таҳқиқоту тасдиқот се нафар олимони расадхона ба Ҷоизаи Нобелӣ сазовор гардида буданд.

Ҳоло илми муосир хеле пеш рафта, ҳар асрори ноаён ошкор шуда истодааст. То кашфи таҷрибавии бозони Хиггс тарзи пайдоиши массаи зарраҳои элементарӣ ва умуман ҷисмҳо ҳамчун хосияти объек­тивии ҷисмҳо ба донишмандон маълум буд, вале «барои чӣ ҷисмҳо масса доранд» саволе буд, ки ҳанӯз беҷавоб. Соли 1964 П.У.Хиггс идеяе пешниҳод кард, ки мувофиқи мушоҳидаи ӯ масса дар натиҷаи таъсироти зарраҳои элементарӣ бо майдони махсус ба вуҷуд меояд. Баъдтар дар Коллайдери калони адронӣ заррачаи ин майдон ба таври таҷрибавӣ ошкор шуд ва Хиггс барои пешгӯии ним аср пеш соҳиби ҷоизаи Нобелӣ гардид. Кашфиётҳои мураккаб самари заҳмати даҳсолаву садсолаҳоянд, ки онҳоро пешниҳодҳои дарозумр низ номидан мумкин. Чунин кашфиётҳо далели онанд, ки қонуниятҳои ҳақиқии табиат дар микроолам (дар объекти омӯзиши физикаи квантӣ) ниҳон буда, аз макроолами ба он одаткардаи инсоният куллан фарқ мекунанд. Бовар дорам, ки ту, Усто Барот, аз асрори ҳамин олами сода ҳам хабар надорӣ. Агар доираи фаҳмат андак фарох мешуд, дар ин радду бадалҳо нусхаи ҷаҳонишавиро эҳсос мекардӣ. Худи ҳамонҳое, ки хоҳони ҷаҳонишавианду даст ба сина зада, оламро таѓйир додан мехоҳанд, қудрати гирифтани пеши як садамаи заминиро надоранд. Ҳатто кадом соату рӯз ҷунбидани замин ва рух додани дигар ҳодисаҳои муҳитро аниқ гуфта наметавонанд. Онҳо фақат қудрати фиреб додани зоти худ ва ба даст овардани дороиҳои мулки мардум­ро доранд, ки ин рафтори ѓайриинсонӣ аст. Яъне, чунин тоифа парвои мурдани дигаронро надорад ва танҳо зери шиори «бало ба паси ҳама, худамон зинда монем, шуд» қадам мезанад. Лоиҳаи ҷаҳонишавии зӯрдастон низ пайравӣ ба нусхаи чӣ гуна пайдо шудани олам аст. Парвардигор замину осмонро дар шаш рӯз бунёд карда бошад ҳам, умри ҷовидонӣ дорад, зеро дар он манфиати тамоми бандагон, новобаста аз қавму нажод ба эътибор гирифта шудааст. Вале бандагони абарқудрат ҷаҳонишавиро танҳо ба мақсади бадхоҳонаи худ омодаву маҷбуран пешкаши камқудратон карданианд. Бори фаҳми сангини худро ба тори зеҳни борики мардуми зудбовар партофта, парвои гусастанаш надоранд. Агар мақсади пасипардаашонро пай мебурдӣ, лофи беҳуда намезадӣ ва ба дидани моҳи наву ситораи ҳамроҳаш худро бинову маро кӯр пиндошта, таъкиди аблаҳонаи «гуфта будам, ки бисёр нахон»-атро дубора ба рӯям намекашидӣ. Агар болотар рафта метавонистӣ, худатро шоҳу таъбатро вазир гуфта, ҳатто кӣ будани ҳамсояатро фаромӯш мекардӣ. Ту хостӣ, ки маро дар ҷо шинонӣ, зӯрат нарасид. Ростӣ, аз ин пас бо ту суҳбат кардан ҳайф аст, бо нодон баҳс кардан ҷангро монад. Минбаъд метавонӣ, баробари шунидани овози банда, саратро аз дар набароварда, мисли сари сангпушт ба дарун кашӣ, фаҳмидӣ? Агар фаҳмида бошӣ, аз ман наранҷ, дӯст табарвор мегӯяду душман шакарвор. Худат медонӣ, ки ман одами дунёи ҳақиқатам. Адолатпешаам. Ҷиҳатҳои хуби шиносу бегонаро ҳам сарфи назар карда наметавонам. Ту ҳам, бо ҳама тангии дунёи андеша, аз бисёриҳо бартарӣ дорӣ, дар олами худ соҳибҳунарӣ, дуредгари чирадастӣ. Кату ҷевон ва дару тиреза сохта, мушкилоти ҳоҷатмандонро осон мекунӣ. Аз ҳама муҳимаш, одами хубу содадилӣ. Дар замир гарди кинаву адоват надоштану бори ҳазлу шӯхиро бардоштанат ба ҳама писанд аст.

Баъди дилашро холӣ ва паст кардани оташи хашму ѓазаб Баҳроми Собир танҳо буданашро ҳис намуда, даст ба ҷабин бурд ва пас аз андак сукут роҳи ороми ба сарҳади гуфтугӯ гузаштанро пеш гирифт.

- Пайдост, ки ҳастӣ тафаккурро муайян мекунад. Қолаби пайкари ҳастӣ тарзе рехта шудааст, ки гоҳо одамизод ба ҳама ҷаҳду талош ба тани орзуи одӣ ҷомаи амал пӯшонида наметавонад. Сабру таҳаммул, таъхиру андешаи наздику дури ҳаёт, тарс аз пешомад ва дигар омилҳои ба ҷаҳони ботинӣ хос, монеаи сари роҳ шуда, ноаён тифли муроди фардояшро хокдаҳон мекунад. Вақти тақсимоти манзил ба худи ӯ низ чунин ҳолати фиребхӯрӣ рух дод. Аз тарҳу тарзи ҷойгиршавии хонаҳо воқиф набуд, фақат аз куҷо гузаштани хати роҳи асосии гузарро медонист. Аз пурсидан худдорӣ карда, гуфтаҳои раҳматии падари барвақт рахти сафар бастаашро: «Хонаи сари роҳ хотирмон аст, теъдоди ёру шиносро зиёд мекунад», ки аз кӯдакӣ дар гӯш садо медод, дастури хуби роҳи ҳастӣ хонда, ба ин умед таҳҷои хонаро интихоб кард. Агар аз паскӯча интихоб менамуд, дар ин торикии ваҳмангез аз рӯшании мошинҳои гузаранда ҳам маҳрум мемонд. Як шаб дар торикӣ мондан ҳеҷ гап не, боди гузаранда аст, вале ҳамсояву ҳамсуҳбати хуби доимӣ надоштан то дами аз дунё гузаштан аз рӯзи сиёҳ камтар нест. Агар аз тарафи пушти хонааш ҷо интихоб мекарду ҳамсояи Холиқзода мешуд, радду­бадалшавии шабу рӯзро пай намебурд ва аз оѓӯши торикӣ ҳам нури заруриро пайдо мекард. Аз ошёни боло расидани овози набера таҳпояи мустаҳкам доштани бинои андешаашро тасдиқ намуд.

- Оча, хонае равшан метобад, аз афташ дар он тарафи кӯча барқ аст.

Ба фикрам чашмони набера аз он баландӣ ба хонаи Холиқзода Раҳим афтодааст. Кӯдаки ҳанӯз бетаҷриба фарқи нури барқро аз нури чароѓи бобоӣ аз куҷо медонад? Ақлаш ҳам ба чӣ гуна гузаштани ҳар лаҳзаи ҳаёти муаллим намерасад. Кам ба кӯча баромадани олим нишонаи аз такмили илму сайқал додани ҳунар ва дур нашудани ӯ аз хазинаи дониш башорат медиҳад. Ҳазорҳо китобро мутолиа карда, ба қуллаи баланди мақсад расида бошад ҳам, худро аз хоксорӣ доно вонамуд намекунад. Марди ҳақиқӣ бояд ба инсони аз худаш як сару гардан боло тан диҳад. Ман ҳам кам нахондаам, вале дар сабқати омӯхтан аз ӯ пеш гузашта наметавонам. Кошки ҳангоми тақсимоти манзил ҳамсояи ӯ шуда, аз мактаби маърифаташ баҳра мебурдам. Корвони хаёлоти муаллим роҳи рӯзона тайкардаи ману Усто Баротро шабона гузаштааст. Боре дар маъракаи хонаводагие аз қисмати фардои халқу миллатҳо ва боби ҷаҳонишавӣ сухан рафт, ҳамнишинон фикри ӯро фаҳмиданӣ шуданд.

- Ҷаҳонишавӣ ин як рӯйдоди замони муосир нест, дар дигар шаклҳои ҷамъиятию давлатӣ таърихи қадимӣ дорад. Муҳаққиқон нишонаҳои нахустини онро аз даврони пайдо шудани ҳамсоядорию рух додани носозиҳо ва дар шакли ҷангу хунрезии қабилавию халқӣ ва тасарруфи молу мулки ҳамдигарӣ барин зуҳуроти бераҳмӣ дида, хулоса мебароварданд, ки дар ҳар дигаргунии ҷамъиятию аз сарҳади инсофу адолат баромадани салтанатдорон нишонаҳои ҷаҳонишавӣ ба мушоҳида мерасад. Оѓози нақши ин саҳнаро танҳо бедорон зуд ҳис мекунанд, вале ѓафлатзадагон идомаи фоҷиаборашро истиқбол мегиранд, — гуфта ба таҳлил гузашт: — Алҳол таърихи ҳафтҳазорсолаи тамаддуни давлатдорӣ танҳо ба ҳамон зинаи ҳаёти рӯзмарраи мувофиқи матлабу мақсад ороста расидааст. Ҳанӯз ҳам инсонҳо ба гузаронидани лаҳзаҳои мавҷуда овораанд ва аз хаёли пур кардани шикам фурсати ба ёд овардани бузургии дилро надоранд. Одам, ки сер шуд, фурсати молидани чашмонашро намеёбад ва пардаи бахту умедаш дар пушти пардаи хоб мемонад. Аз фориѓболию бехабарӣ ба мушкилиҳои зиёди фардо рӯбарӯ гашта, мавқеи худро ба халқу ҷаҳонхоҳи дигаре медиҳад. Далелҳои таърихӣ сари чандин салтанату тамаддуни оламгирро хӯрдани муносибати нодурусти давлатҳову халқҳоро борҳо исбот карда, хулоса баровардааст, ки сабабгори ба дасти интизорон расидани муҳри ҳокимӣ маҳз иллатҳои ҷаҳонхоҳиву муборизаи гурӯҳҳои дохилианд. Ин ҳама аз умеди бепоя бастан ба фардо ибтидо гирифта, бори душвориҳои тасаввурнашавандаро ба дӯши мусофирон меафканад ва метавонад, ки тифлони орзуҳои минбаъдаро шаҳид намояд. Соҳибони хӯшаи иқболи аз дони аламҳову лолаи саҳрои умеди аз саҳрои ѓамҳо рӯида ҳам, аз сабақи сарнавишт, ки таърихи таъкидкунанда гаштааст, ибрат намегиранд. Боре ҳам андеша намекунанд, ки носозиву тазод, ноумедию рӯ ба тазоҳурот овардан амалҳои номатлуби як давра набуда, эҷоди дурӯѓини асрҳост. Решаҳои ин дарахти хордор дар таги хоки таърих аст ва ҳангоми муносиб афтодан ба муҳити замон аз нав сар кашида, бо хорҳояш тани андешаву мафкураҳоро захмдор ва рехтани хуни ноҳақро осон мегардонад. Тухми ин хор нахуст аз ҷониби таҳҷоиён — намояндагони худи халқу миллат корида шуда, аҷнабиёни интизор барои сарсабзияш дасти мадад дароз менамоянд.

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.

Ин фалсафа аз он далолат менамояд, ки худамон душмани худамонем, зеро дар саргаҳи ин моҷаро одам меистад ва чанбару роҳи минбаъдаи ин киштии ҳастӣ ба ҳукми нохудост. Киштии таърихро сӯи соҳил меронад ё тарафи мавҷҳои туфондор, касе пешгӯӣ карда наметавонад. Ин ба дарку дид ва нияти нохудо вобаста аст. Яъне, инсон дар ин росто қудрати такондиҳандаи сарнавишту эҷодгари таърих аст. Баъзан аз фориѓболию беэътиборӣ ва мусичаи бегуноҳ муаррифӣ кардани худ метавонад бори мак­рашро ба дӯши ҳамзамони сабукфикраш партофта, боѓистонашро ба доѓистон мубаддал намояд. Ин мас­ъала роҳи шарҳу хулосабарории мушкил надорад, як ҳисобу китоби одӣ ва чор амали арифметикист. То соҳибхазина шудан пасояндон метавонанд аз мероси ниёгон сарфакорона баҳра баранд ва агар худ андешаи қисмати минбаъдаро накунанд, дар ин баҳру гирдоби мухолифатҳо аз беқудратӣ нобуд мешаванд. Замони муосир метавонад мусофирро ба роҳи монеаҳои номаълуму чоҳҳои хаспӯш, ки ҳатто ҷодаи сулҳу ваҳдаташ аз ѓубори ноаёни носозию ҷанг тиҳӣ нест, ҳидоят намояд. Интихоб ба фаҳму дурандешии мусофирони вақт, ки намояндагони кишварҳову миллатҳои мухталифанд, вобастагӣ дорад. Агар онҳо аз таҷрибаи талхи таърих бархӯрдор бошанд, медонанд, ки аз ин шодӣ ѓаму аз ин ҷашн мотам рӯ зада, ҷои рӯсурхиро хунинҷигарӣ мегирад. Яъне, поёни ин ҷода ҳатто ба кишвари фарҳангаш ѓанӣ, ки вазъи нохуби ҷуѓрофию мушкилоти иқтисоду ҳарбӣ дорад, мерасад. Дар он қаламрав кори сарбозони зӯрдаст ба оташ равѓан рехтану ба қисмати заифон зомин шудан аст. Гоҳо тарроҳони хонумонсӯз ҳам дар ҳолати бори андешаи худро ба тори зеҳни пуртоб партофта натавонистан ба бохт дучор мешаванд ва аз ноилоҷӣ муддате худро мисли каждуми таги бӯрё гирифта, интизори баҳра бурдан аз неруи намояндагони афсуншуда мегарданд. Онҳо фарзандони кишварҳои ба домафтодаро бо роҳи эътиқодмандӣ пайи омӯзиш ба таълимгоҳҳои диёри худ даъват карда, гӯё ба рӯи онҳо дари бахту саодати фардоро мекушоянд. Дертар мақсади чӣ ёд додану ба кадом роҳ ҳидоят кардани бадхоҳон ошкор мегардад. Раванду эҳтиёҷи ҳаёт борҳо тасдиқ намудааст, ки баъзе ё аксар фарзандони ба муҳити хешу бегона унс гирифта хотирбину хизматгори ду хоҷа мешаванд ва дар ҳолатҳои номувофиқи зиндагӣ, рӯи ниёз ба дари хоҷаи бузургашон меоранд. Наздиктар шудан ба бегонаву дурӣ ҷустан аз худӣ оѓози ҷаҳонишавии ҳанӯз ошкорнашуда мебошад. Баъд аз ба рӯи об баромадану ба сарҳади мақсад по мондан ин ѓаввосони баҳри ҳастӣ тавассути хати кашида, обро ба саҳроҳои дигар кишварҳо равон карда, танзими иқлимро барҳам мезананд ва дар рух додани ҳодисаҳои ѓайричашмдошт саҳм мегиранд. Ба умеди пурқудратӣ ва манфиати минбаъда ба рӯдҳои он кишварҳо — неруҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва динӣ оѓӯши макр кушода, ба ин васила хоки мулк­дорони ѓафлатзадаро бе ѓалбер мебезанд. Қисса кӯтоҳ, ин усули нави таърихӣ нест, осори мондаи асрҳост, ки манфиатҷӯёни замон воҳимакунон ба номи ҷаҳонишавӣ тарѓибаш менамоянд, — хулоса кард Холиқзода.

Ростӣ, ба дигарон кор надорам, дар ҳамон ҳамнишинии нахустин худи ман ба фаҳму фаросат ва фарохии домани андешаи муаллим қоил шуда, баъди ба унвони худ паёми нафрат фиристондан аз дил гузаронидам:

- Гоҳо мо ҳамсояи паси девори худро, ки роҳу рафти замону илми ҷаҳонро медонад, нашинохта, аз боби ҷаҳонишавӣ баҳсу мунозира мекунем…

Муҳаммад Ғоиб,

Шоири халқии Тоҷикистон