Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№3 (3483) 07.01.2016

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 81. Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад

1. Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз падарӣ, модарӣ онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерӯёнанд: барои як фарзанд чоряк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он — нисфи музди меҳнат ва даромади дигари падару модар.

2. Ҳаҷми ин саҳм бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷуҳ аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.

3. Агар кӯдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъиятӣ қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблағҳое, ки аз падару модар барои таъминоти кӯдакони дар муассисаҳои кӯдаконаи давлатӣ ҷойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешавад.

Рӯёнидани алимент бо тариқи судӣ ҳангоми набудани созишнома барои пардохти алимент ҷой дорад. Дар асоси қарори суд аз падару модари кӯдакони ноболиғ ба фоидаи онҳо вобаста аз шумораи кӯдакон ҳиссаи (фоизи) муайян аз музди меҳнат ва даромади дигари падару модар алимент рӯёнида мешавад. Қонун дар ин маврид ба таври ҳатмӣ ҳиссаи алиментро муқаррар кардааст ва ҳангоми баланд шудани музди меҳнат дар як вақт маблағи алимент низ вобаста ба он баланд мегардад.

Дар қисми 2 моддаи 81 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кам ва зиёд кардани ҳаҷми саҳми алимент ба ихтиёрдории суд дода шудааст. Пас, қонунгузор ба суд ҳаҷми саҳми алиментро, ки қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ кардааст, ҳуқуқи тағйир доданро додааст. Суд ҳангоми ҳалли масъалаи зикргардида вазъи моддӣ ва оилавии падару модару кӯдак, инчунин дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷуҳро ба инобат мегирад. Яъне, қонунгузор номгӯи ҳолатҳоро номбар накарда ба суд имконият медиҳад, ки дар ҳар як ҳолати мушаххас муайян созад, ки кадом ҳолатҳо дар ҳақиқат ба кам ё зиёд кардани ҳаҷми саҳми алимент таъсир мерасонад. Ихтиёрдории суд дар ин маврид бояд асоснок ва қонунӣ бошад, то ин ки манфиати тарафҳоро халалдор накунад. Дар ин маврид суд бояд принсипи афзалияти ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконро (қисми 1 моддаи 4 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба инобат гирад.

Мувофиқи қоидаи умумӣ (моддаи 60 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон) кӯдак ҳуқуқи аз ҳардуи падару модар гирифтани таъминотро дорад. Падару модар уҳдадоранд фарзанди худро таъмин намоянд. Ҳангоми рӯёнидани алимент аз ҳисоби яке аз падару модар андозаи алимент бо назардошти сатҳи таъминоти кӯдак то рӯёнидани он (алимент) бояд муқаррар карда шавад. Сатҳи таъминоти кӯдак аз таъминоти моддӣ, хароҷоти таълим ва тарбия иборат мебошад. Ҳаҷми саҳми алименти аз ҷониби суд муқарраркардашуда бояд талаботи аввалиндараҷаи кӯдакро қонеъ гардонида тавонад.

Кам ва зиёд кардани ҳаҷми саҳми алимент баҳс аст ва суд имконияти баррасии онро дорад, лекин барои ҳатман қонеъ кардани баҳс аз ҷониби қонунгузор уҳдадор карда намешавад. Пас суд даъвои кам ва зиёд кардани ҳаҷми саҳми алиментро ҳуқуқи рад кардан низ дорад. Ҳангоми ҳалли баҳси номбурда дар ҳар як ҳолати мушаххас вазъи моддии тарафҳо (андозаи моҳонаи даромади пулӣ, таъминоти шароити зист, бо хонаи истиқоматӣ таъмин будан, иҷорапулӣ ва ғайра), вазъи оилавии тарафҳо (мавҷуд будани кӯдакони дигари ноболиғ, ҳамсари ғайри қобили меҳнат, падару модари пиронсол, ки шахси алиментсупоранда уҳдадор аст онҳоро таъмин намояд ва ғайра) ва дигар ҳолатҳои (маҷрӯҳии шахси алиментдиҳанда, бо кор машғул буда, музди меҳнат доштан ё бо соҳибкорӣ машғул будани ноболиғи алиментгиранда ва ғайра) ба инобат гирифта мешавад. Доираи салоҳияти суд бо доираи номбаркардаи вазъи моддӣ ва оилавӣ, дигар ҳолатҳо маҳдуд нест, чунки дар таҷрибаи судӣ воқеиятҳои гуногун рӯй медиҳанд ва доир ба парвандаҳои алоҳида суд ҳолатҳои дигари мушаххасро қобили таваҷҷуҳ эътироф намуданаш мумкин аст. Ғайр аз ин, то андозае ба кам ё зиёд кардани ҳаҷми саҳми алимент иродаи тарафҳо низ таъсир мерасонад. Дар ин маврид суд имконият пайдо мекунад, ки аз ҷониби тарафҳо истифодаи ҳуқуқҳояшон, мувозинати манфиатҳои онҳоро таъмин намуда ба нобаробарӣ роҳ надиҳад.

Ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба кам кардани ҳаҷми саҳми алимент шароити моддии тарафҳо ба инобат гирифта мешавад. Дар шароити нави иқтисодиёти бозаргонӣ даромади шахсони алоҳида гуногун мебошад. Музди меҳнат ва дигар даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ, иҷораи амвол ва ғайра аз ҳад зиёд шуданаш мумкин аст ва аз рӯи ҳисса нисбати он муқаррар кардани алимент барои як кӯдак мувофиқан зиёд шуданаш мумкин аст. Агар ин маблағи алимент барои таъминоти муътадили кӯдак аз ҳад зиёд бошад, он гоҳ бо даъвои алиментдиҳанда суд метавонад ҳаҷми саҳмии алиментро аз чоряк камтар намояд. Кам кардани ҳаҷми саҳмии алимент то сатҳи ба таври муътадил таъмин кардани кӯдак мувофиқи мақсад аст.

Барои кам кардани миқдори алимент инчунин дар таъминоти алиментдиҳанда мавҷуд будани дигар кӯдакони ноболиғ, падару модари пиронсол, маҷрӯҳ ва музди меҳнати мустақил доштани алиментгиранда асос шуда метавонад. Агар асоси даъвои пешниҳодшуда ба таври қасдона кам кардани ҳаҷми саҳми алимент (бо ҳар роҳ кам нишон додани даромад, ҷудо кардани ҳиссаи муайяни алимент ба фарзандоне, ки дар таъминоти алиментсупоранда ва дигар ҳолатҳо) бошад, суд ҳангоми баррасии чунин даъво набояд ба қонеъ шудани чунин даъво роҳ диҳад.

Дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ на ҳама вақт музди меҳнат талаботи моддии коргарро қонеъ менамояд. Ҳангоми супоридани алимент ҳаҷми саҳми он кӯдаки ноболиғро ба таври ночиз таъмин менамояд. Дар ин маврид бо даъвои алиментгиранда (намояндаи ӯ) суд афзалиятнокии ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғро ба инобат гирифта, метавонад ҳаҷми саҳми алиментро аз чоряки музди меҳнати алиментдиҳанда зиёдтар муқаррар намояд.

Дар мавриди ба фоидаи кӯдак рӯёнидани алимент аз рӯи ҳисса ба музди меҳнат ва дигар даромадҳои алиментсупоранда чунин тартиб ҳангоми аз ҷониби суд кам ё зиёд кардани алимент татбиқ мегардад. Дар ин маврид тартиби бо маблағи устувор ситонидани алимент татбиқ карда намешавад. Ин қоидаҳои зикргардида дар таҷрибаи судҳои ҷумҳурӣ низ дастгирӣ ёфтааст.

Қисми 3 моддаи 81 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин шарти кам кардани андозаи алимент ва аз супоридани алимент озод карданро пешбинӣ кардааст. Ҳалли ин масъала ба ихтиёрдории суд гузошта шудааст. Аз ин рӯ, суд ҳуқуқ дорад, ки (лекин уҳдадор нест) андозаи алименти месупоридагиро кам намояд ё шахсро аз супоридани алимент озод намояд, агар кӯдак (кӯдакон) таҳти таъминоти пурраи давлат (муассисаҳои тарбиявӣ ва монанди он) ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ бошад. Агар суд чунин даъворо рад намояд, тамоми маблағҳои таъинкардаи алимент барои кӯдакони номбурда ба ҳисобномаҳои шахсии ин кӯдакон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешаванд.

(Давом дорад)