«Тамокукашӣ ба саломатӣ зарар дорад»

№142 (3779) 30.11.2017

?????????Мутаассифона, дар аксар маврид ин ҳушдор сарфи назар мешавад

Моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»  «Тарғиби зарари истифодаи маҳсулоти тамоку» ном дорад. Он аз 4 банд иборат буда, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва оид ба динро  вазифадор кардааст, ки тавассути воситаҳои  ахбори омма, филмҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ,  иттилоотонии аҳолиро оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон ва оқибат­ҳои ногувори он ба генофонди миллӣ мунтазам ба роҳ монанд. Ҳамчунин, банди 2-юми модда дар барномаи таълимӣ барои зинаҳои таҳсилот ҷой додани мавзўъҳои дахлдор вобаста ба таъсири манфии истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсонро пешбинӣ кардааст.

Сармутахассиси  Вазорати тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои шуш, мудири шуъбаи  ҳассосиятшиносии Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи К.Ахмедов Ҳакимахон Аҳмадова гуфт, ки бемориҳои шуш, роҳҳои нафас, саратон ва дил сол то сол зиёд шуда истодаанд. Олимон дар заминаи таҳқиқ ба хулоса омаданд, ки яке аз сабабҳои зиёдшавии беморӣ сигоркашӣ мебошад. Дар таркиби сигарет 400 намуди маводи химиявӣ мавҷуд аст, ки 40 намудаш ниҳоят хатарнок мебошанд.

Мувофиқи таҳлили олимон, фавти нафарони аз ҳисоби кашидани сигор ба  бемории саратон гирифторшуда 90 фоиз,   роҳҳои нафас -  75 ва бемориҳои дил то 25 фоизро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, бемориҳои илтиҳоби роҳҳои нафас ё бронхити музмини обструктивӣ низ аз истифодаи сигор ба вуҷуд меояд. Ин беморӣ  қобилияти кории инсонро паст намуда,  тадриҷан маъюб мекунад. Инчунин, эмфиземияи шушҳо низ натиҷаи кашидани сигор аст. Ин бемориест, ки дар вақти қадам гузоштан инсон нафастанг мешавад.

Ҳакимахон Аҳмадова изҳор дошт, ки истифодаи сигор инсонро ба бемории саратони шуш гирифтор мекунад, ки агар сари вақт ошкор ва табобат нашавад, фавти одам аз эҳтимол дур нест. Сигоркашӣ ба шарёнҳои хунгарди инсон низ зарар расонида, дар онҳо тағйироти атеросклерозиро ба вуҷуд меорад.

Номбурда оид ба вобастагии  муҳлати кашидани сигор бо зуҳури бемориҳо гуфт, ки агар яке дар муддати 4-5 сол ба беморӣ гирифтор шавад, дигаре шояд баъд аз 10-20 сол мубтало шавад. — Сигоркашӣ организми инсонро барои гирифторӣ ба беморӣ тайёр мекунад, — зикр кард ў.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, миёни давлатҳои ҳамсоя аз ҳисоби истифодаи сигор Тоҷикистон дар ҷойи охир меистад, зеро Ҳукумати кишвар ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аммо кашидани нос бамаротиб зиёд мебошад. Дар таркиби он низ моддаҳои зараровар мавҷуд аст, ки ба бемориҳои даҳону меъда оварда мерасонад.

Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихор Камолов ба ин назар аст, ки кашидани сигор ба ҳолати равонии инсон бетаъсир буда наметавонад. Бино ба гуфти ў, ҳангоми якбора қатъ кардани истифодаи он дар инсон ҳолати ногувори рўҳӣ ба вуҷуд меояд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»