«Терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии исломӣ»

№86 (4036) 18.07.2019

КитобБо ин ном чанде қабл китоби устодони Донишгоҳи давлатии Данғара Ш. Ҳасанов, Т. Назарзода, К. Азизов, С. Қодирзода ва С. Тоирзода ба нашр расид. Он аз ду қисмат иборат буда, перомуни таърихи пайдоиши экстремизм ва терроризм, мафҳум, моҳият ва асосҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва ғайра маълумот медиҳад.

Ба ақидаи муаллифони китоб, «борҳо гуфтем ва боз такрор мекунем, ки терроризми байналмилалӣ ва ҳангомаҳои ифротгароӣ ба мазҳабу дин ва миллати ҷудогона мансуб нестанд ва аз бархӯрди тамаддунҳои ғарбию шарқӣ низ сарчашма намегиранд. Сарчашмаи асосии пайдоиш ва зуҳури онҳо сатҳи пасти зиндагӣ, бесаводию ноогоҳӣ, беадолатиҳои иҷтимоӣ, канор мондан аз маърифату фарҳанг ва ғайра мебошанд».

Инчунин, аз он изҳори нигаронӣ шудааст, ки давлатҳои абарқудрат баҳри расидан ба ҳадафҳояшон террористонро ҳамчун васила истифода мебаранд. Муаллифон ин мавзӯъро шарҳу тавзеҳ дода, дар мубориза бо терроризм андешидани тадбирҳои гуногун, аз ҷумла, омӯзиш ва муайян кардани омилҳое, ки онро ба вуҷуд меоранд, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҷалби табақаҳои ҷомеа дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро муҳим арзёбӣ кардаанд.

Китоб бо теъдоди 200 нусха дар матбааи «Графика» нашр шудааст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»