Умре дар хидмати халқ

№21 (4604) 06.02.2023

Сафар Турахонов«Дунё самари маърифати инсон аст». Ин таъкиди Собирҷон Зикирзода ҳамеша дар зеҳнам равшан мегардад ва ба андеша бол мебахшад. Оре, одамон бо дониш ва хирад на танҳо тафаккури худро месозанд, балки бо бунёдкорӣ дунёя­шонро обод мегардонанд. Инсонҳое ҳастанд, ки лаҳзае ором надоранд, ҳамеша ба кори хайре меандешанд, дасти дармондаеро мегиранд, шарики ғаму шодии мардум ҳастанд, дар бунёди роҳе, иншооте, мактабе… саҳм мегузоранд.

Қаҳрамони мақолаи мо Сафар Тӯрахонов низ ҳамин гуна инсон буд. Вай хидмат ба халқро барои худ ифтихор медонист. Бо мардум нафас кашидан, ҳамроҳи онҳо кор кардану гӯшаеро обод намудан хушҳолаш мекард, тавонаш мебахшид. Ин марди шариф то охирин лаҳзаҳои умри хеш ба халқу Ватан содиқ монд ва дили саршор аз ишқи ёру диёрро дар сина мепарварид.

Норак як гӯшаи сабзу хуррам ва шаҳри нурофарон аст. Соли 1953 Сафар Тӯрахонов дар деҳаи Пехои ҳамин шаҳр чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падараш Гадоӣ марди чеҳракушод, содадилу ростқавл буд. Вай мехост писараш Сафар хонда соҳиби маълумоти олӣ гардад ва дар миёни ҷамъият одами баобрӯ шавад. Номбурда  вақте дар синфи дуюм мехонд, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак» оғоз гашт ва падараш он ҷо ба кор даромад. Вай ҳар бегоҳ вақте аз кор бармегашт, ҳатман аз таҳсили фарзандонаш пурсон мешуд ва гоҳе ба Сафар бо ҷиддият мегуфт: «Агар дар мактаб нағз хонӣ, калон, ки шудӣ, раис мешавӣ». Падар бо ин гап мехост шавқи донишомӯзии писарашро бештар созад. Сафар ба рафтору гуфтори падар сахт эътибор медод ва дар мактаб ҳам бо баҳои аъло мехонд. Он солҳоро ҳамсабақи ӯ Пирмуҳаммад Сафаров ба ёд оварда мегӯяд, ки Сафар Тӯрахонов бачаи қобил буд, аъло мехонд, дар корҳои ҷамъиятӣ ташаббус нишон медод. Бо рафтору гуфтор аз дигарон фарқ дошт, хушқаду қомат, ситорагарму дидадаро буд.

Баъди хатми мактаб Сафар ба факултети иқтисодии Донишгоҳи аграрӣ, ки он вақт Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ном дошт, дохил мешавад. Соли 1971 ӯ корро дар совхози «Норак» ба ҳайси ҳисобчӣ оғоз менамояд. Кордонӣ, ростқавлӣ ва кӯшишу ғайраташро дида соли 1972 вазифаи муҳосиби хоҷагиро ба вай лоиқ мебинанд. Баъд аз хизмати ҳарбӣ иқтисодчӣ ва сариқтисодчии ҳамин хоҷагӣ мешавад.

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ мутахассисон зина ба зина ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин мешуданд. Дар мақоми роҳбари аввали ин ё он корхона ҷавонон қариб ки ба чашм намерасиданд. Вале дар он солҳо ба таври истисноӣ донишу истеъдод ва фаъолияти ташкилотчигии Сафар Тӯрахоновро ба инобат гирифта, ӯро дар синни 26-солагӣ роҳбари совхози «Норак» таъин карданд.

Шояд буданд касоне, ки ба донишу истеъдоди ӯ шубҳа доштанд ва фикр мекарданд, ки дар ин синну сол аз уҳдаи роҳбарии хоҷагии дар он даврон машҳури «Норак»  намебарояд, вале Сафар тамоми неруи ҷавонии худро барои равнақи кори хоҷагӣ бахшид. Вай дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҳосилнокии зироат ва боғистони хоҷагиро баланд бардорад. Фаъолияти пурсамари ӯ аз чашми роҳбарони болоӣ пинҳон намонд.

Он замон Ҷаббор Расулов Котиби якуми Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд. Овозаи кордонӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати Сафар Тӯрахонов ба гӯши ӯ ҳам расид. Ҷаббор Расулов сарвари ҷавони хоҷагиро ба ҳузураш даъват карда, бо ӯ шинос шуд:

- Писарам, — гуфт ӯ дар вохӯрии аввал, — ту ҳоло хеле ҷавонӣ, ҳалол кор кун, бо зердастонат муносибати хуб намо. Ҳалолкорию покизагӣ инсонро ба мақсад мерасонад. Агар насиҳати маро гӯш кунӣ, ояндаи дурахшон дорӣ.

Ин суханони роҳбари онвақтаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Сафар Тӯрахонов неру бахшид. Вай масъулияти бештар ҳис кард. Самараи заҳматҳояш буд, ки ду маротиба аз дасти Ҷаббор Расулов раҳматнома гирифт.

Муовини сардори Озмоишгоҳи марказии ҶСК НБО «Роғун» Абдулло Сафаров бо муҳаббат кору зиндагии Сафар Тӯрахоновро ба ёд меорад: «Одами хушмуомилаву ситорагарм буданд, — мегӯяд ӯ. Суҳбати ширин доштанд, кибру ғурурро намеписандиданд, бо хурду калон як хел муомила мекарданд. Вақте директори совхози «Норак» буданд, ман дар донишгоҳ таҳсил менамудам. Ҳар гоҳ, ки бо ҳам вомехӯрдем, аз таҳсилам мепурсиданд, ташвиқ мекарданд, ки бо баҳои аъло хонаму мутахассиси хуб шуда, ба зодгоҳам баргардам.

Сафар Тӯрахонов одамони донишмандро дӯст медоштанд, эҳтиром мекарданд. Ба Давлату Ҳукумат то охирин лаҳзаи умрашон содиқ буданд. Вақте писарашон Файзалӣ Сафарзода мактаби олиро хатм карда омад, Сафар Тӯрахонов пас аз ҳоли ӯро пурсидан ва аз мақсаду ҳадафаш огоҳ шудан гуфтанд:

- Писарам, ман туро бо нони ҳалоли Давлату Ҳукумат тарбият карда ба воя расонидам. Агар сад сомонӣ ҳам маош гирӣ, корманди давлатӣ мешавӣ, барои миллату Ватани хеш кор мекунӣ, баҳри ободии кишвари азизамон заҳмат мекашӣ.

Ана, ҳамин хел инсон буд Сафар Тӯрахонов», — дар охир таъкид кард Абдулло Сафаров.

Сафар Тӯрахонов марди хайрандеш буд. Дасти корафтодагонро мегирифт, онҳоеро, ки ба мушкилие гирифтор гаштаанд, раҳнамоӣ менамуд. Мардуми Норак ӯро дӯст медоштанду ҳурмат мекарданд, дар ҳозиру ғоибаш гапи хуб мезаданд.

Соли 1984 ба вазифаи муовини сардори Идораи баистифодабарии обанборҳои Вахши Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Вай дар ин вазифа низ софдилона кор кард. Сафар Тӯрахонов инсоне буд, ки хастагиро намешинохт, ӯро гӯё барои кор офарида буданд. Аз бекорӣ ор дошт, дигаронро низ таблиғ мекард, ки бекор нагарданд. Бекорию беҳудагардӣ инсонро ба ҳар роҳ мебарад, мегуфт ва ҳар гоҳе таъкид мекард, ки аз бекор ҳама безор аст. Шиори ӯ дар зиндагӣ ин байти Абулқосим Лоҳутӣ буд:

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ.

Сафар Тӯрахоновро соли 1987 директори Комбинати хизмати маишии шаҳри Норак таъин намуданд, соли 2000-ум бошад, вазифаи Котиби якуми Ҳизби коммунисти ҳамин шаҳрро ба уҳда гирифт. Вай аз соли 2002 то 2006 мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак буд.

Солҳои 2006 то 2009 ба ҳайси мушовири раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» фаъолият намуда, сипас ба ҳайси мушовири директори НБО «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев кор кардааст.

Инсонҳои наҷиб ва сарсупурдаи халқу миллат дар куҷое, ки набошанд, дар кадом мақоме қарор нагиранд, бо худ файзу баракат меоранд. Сафар Тӯрахонов низ одами бафайз буд. Ба ҳар ҷое, ки роҳбарӣ кард, ба муваффақият ноил гашт, ба ҳар ҷое, ки рафт, дӯсташ доштанду эҳтиромаш намуданд. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки ӯ инсони самимӣ ва ба кори хеш содиқ буд. Умре хидмати халқро кард ва аз худ номи нек боқӣ гузошт.

«Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар суфтан аст», — мегӯяд шоир. Ин гавҳар бояд дар дили шуъла фурӯ равад, сайқал пайдо кунаду гудохта нашавад. Зиндагӣ барои Сафар Тӯрахонов майдони мубориза буд, дар оташи ҳаёт обутоб меёфт, вале дар авҷи камоли умр дар синни 57-солагӣ дили шуълабораш аз задан монд. Агар имрӯз зинда мебуд, ба синни мубораки ҳафтод медаромад. Ҳаёти инсонҳо пур аз ҳикмат аст, ҳикмати умри Сафар Тӯрахонов дар хидмат ба халқу Ватан хулоса мешавад.

Имрӯз низ дар шаҳри Норак ёди ӯро гиромӣ медоранд. Рафтору гуфторашро чун намунаи ибрат барои дигарон ёдрас мешаванд. Аз некон боғ мемонад мегӯянд. Ин ҳикмат ба рӯзгори ибратбахши Сафар Тӯрахонов созгор аст.

ВОРИС,

 «Садои мардум»