Устувории оила дар якдигарфаҳмист

№133 (3613) 25.10.2016

semyaДар ҳаёт гоҳ-гоҳ ҳодисаву воқеаҳое рух медиҳанд, ки барои инсон ҳолати тақдирсоз ба шумор мераванд. Яке аз ин воқеаҳо бунёду барҳамхӯрии оила аст. Албатта, оиладорӣ ҳодисаи муқаррарӣ аст, вале масъулияти зиёд доштани онро набояд фаромӯш кард. Зеро оила пойдевори ҷомеа, асоси пойдории насли инсон мебошад. Ҷомеашиносон оиларо ячейкаи хурди ҷамъият номида, таъкид доштаанд, ки инсон тарзи муносибат бо афроди ҷомеаро маҳз дар муҳити оила меомӯзад. Аз ин рӯ, инсоне, ки аз муҳити оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки бо ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ мушкилиҳои бе ин ҳам зиёди ҷомеаро афзунтар мекунад.

Аз нигоҳи дини ислом оила воситаи идомаи насл ва идора намудани он аст. Бунёди оила ва идома додани насли солеҳ дар аҳодиси набавӣ дарҷ шудааст ва мояи ифтихор дониста мешавад: «Издивоҷ кунед, зиёд шавед. Ба таҳқиқ, ки ман дар рӯзи қиёмат бо зиёдии уммати худ ифтихор мекунам». Дар баробари ин, устувор нигоҳ доштани оила таъкид ва барҳам додани он накӯҳиш мегардад: «Издивоҷ кунед ва талоқ надиҳед, зеро Арши Аллоҳ аз вуқӯи талоқ ба ларза медарояд». Дар ҳадиси дигар, ҷудошавӣ аз ҳамсар ва талоқ, ки воситаи барҳамёбии оила мебошад, чунин шарҳ меёбад: «Нописандидатарин амали ҳалол назди Худованд талоқ аст ва ҳеҷ кори ҳалоле назди Худо нописанд аз ин нест». Албатта, ҷудошавии оилаҳоро тамоман  бемаврид донистан ва онро манъ кардан ба табиати инсон мувофиқ намеояд. Зеро ҳолатҳое ҳастанд, ки инсон маҷбур мешавад, ба ин васила зиндагии худ ва дигаронро сабуктар созад. Вале гуфтан зарур аст, ки чунин ҳолатҳо гоҳ- гоҳ воқеъ шуда, шарту шароити хос доранд.

Бояд гуфт, ки аксар вақт дар натиҷаи ҷудошавӣ на танҳо ҳамсарон,  фарзандон низ зарар мебинанд. Аз байн рафтани оила маънии бепарастор мондани фарзандонро дорад. Дар шароити Тоҷикистон, дар ҳоле ки таҳдидҳои зиёде устувории оилаҳоро ба таҳлука андохтааст, барои мустаҳкамии ин ниҳоди арзишманд бояд чораҳои иловагӣ андешида шаванд ва оилаҳо дар заминаи арзишҳои бунёдӣ барпо гарданд.

Гуфтан мумкин аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани аксарияти ҷавонон ва мардони оиладор, беназорат мондани насли наврас, надонистани ҳуқуқҳои зану шавҳар, набудани курсҳои омӯзишӣ доир ба ахлоқи оиладорӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки пойдории оилаҳоро таҳдид мекунанд.

Мувофиқи маълумоти Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия қайди никоҳ дар ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 30249 ададро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (33384 адад) 3135 адад кам мебошад. Қайди давлатии бекор кардани ақди никоҳ 4524 ҳолатро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта 15 ҳолат кам мебошад.

Коршиносон сабаби ҷудо шудани оилаҳоро дар муҳоҷирати мардони тоҷик, телефонҳои мобилӣ, ақида ва ҷаҳонбинии духтарон мебинанд. Аммо иддае бар он ақидаанд, ки сабаби аслии зиёд шудани ҷудошавӣ сатҳи пасти вазъи иқтисодӣ ва шароити сангини зиндагӣ мебошад. Сабаби дигари вайрон шудани оилаҳо дар он аст, ки волидон фарзандони худро ба хонадоршавӣ омода намесозанд. Оилаҳое ҳастанд, ки барои қабул кардани духтари бегона ҳамчун духтари худ тайёр нестанд.  Ба илова, баъзе духтарон дар хонаи шавҳар он гуна рафтор мекунанд, ки гӯё дар хонаи волидони худ бошанд ва ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин маврид бояд падару модари домод ё арӯс қабл аз хонадоршавӣ чӣ тавр муносибат кардани онҳоро бо хушдоман ва аҳли оилаи нав хуб фаҳмонанд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки масъулин дар дарсҳои тарбиявии муассисаҳои таълимӣ ба ин масъалаи доғ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва арзишҳои хонаводагиро ба ҷавонон шарҳ диҳанд. Аксари муроҷиаткунандагоне, ки барои аз ҳам ҷудо шудан ба мақомоти САҲШ муроҷиат мекунанд, аз мафҳум ва ҳадафи ташкили оила бархӯрдор нестанд ва қудсияти онро дарк накардаанд. Дахолати ноҷои баъзе волидон низ ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад.

Олимони амрикоӣ дар тадқиқоти худ, ки муддати 8 сол дар 30 кишвари олам андешаҳои 620 ҳазор мардони аз 15 то 59-соларо омӯхтаанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки мардони мусалмон назар ба пайравони динҳои дигар ба ҳамсарони худ содиқанд. Таҳқиқот нишон додааст, ки дар қиёс ба пайравони динҳои дигар мусалмонон бештар пойбанди риояи аҳкоми динӣ дар мавриди оила ва хонавода ҳастанд. Ҳамзамон бо ин, мусалмонон зиёдтар аз дигарон дар синну соли ҷавонӣ оила барпо мекунанд.

Мувофиқи ҳадиси набавӣ ҳар он касе, ки қудрат ва тавоноӣ дорад, метавонад оиладор шавад, зеро зан ними имон аст. Агар нафаре, ки қудрат ва тавоноӣ барои оиладор шудан надошта бошад, метавонад рӯза дорад, зеро рӯза ҳисси шаҳвонии инсонро то дараҷае паст мекунад.

Нафаре, ки оиладор мешавад набояд оиларо ҳамчун воситаи таъмини нафс пиндорад, балки дарк кунад, ки дар он афроди ҷомеа ба воя мерасанд. Барои барпо кардани оилаи мустаҳкаму устувор интихоби ҳамсар муҳим аст. Пеш аз ташкил кардани оила тарафайн бояд хислату рафтори якдигарро донанд ва дар шебу фарози зиндагӣ дастгирӣ ҳамдигар бошанд. Барои оилаҳои ҷавон, бешубҳа, муносиботи байниҳамдигарии  волидайн нақши тарбиявӣ дорад. Онҳо бояд якдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд, ҳамеша паҳлуи хуби воқеаро бинанд, сабур ва хушмуомилаву беозор бошанд. Ҳама вақт унсурҳои маънавиро дар мадди аввал гузоранд ва донанд, ки пулу мол, мақому мансаб, зебоиву шуҳрат абадӣ набуда, ҳеҷ вақт оиларо устувор нигоҳ намедорад. Волидайн бояд аз истеъмоли машруботу қиморбозӣ, зинокорӣ ва дигар корҳои зишт дур бошанд, зеро, дар ҷое, ки ин гуна аъмоли зишт мавҷуд бошад, он ҷо садоқат ва эътимод дида намешавад. Чунин амалҳои зишт боиси гусаста шудани пайванди оила ва рафоқату дӯстӣ мегардад.

Донистани ҳаққу ҳуқуқи ҳамдигар низ барои устувор нигоҳ доштани оила муҳим аст. Зану мард гуногун офарида шудаанд ва дар ҳаёт низ вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Дар «Қуръони карим» дар Сураи Нисо омадааст, ки мард сардор ва ҳокими оила аст. Аз ҳама ҷиҳат таъмин кардани оила ба дӯши ӯст. Аммо сардор ва ҳокими оила, яъне мард, набояд ҳуқуқҳои занро поймол кунад, зеро зан низ дар оила ҳақ ва ҳуқуқҳои худро дорад. Зану мард дар мавриди ҳимоя кардани иффату номуси ҳамдигар дар назди Худо ҷавобгар мебошанд.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»