Ватан

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

18Бар димоғи муштоқам ин шамими ҷон табрик,

Нози нозгул табрик, шарми арғувон табрик.

 

Бе ту тангдил будам дар фарохнои дур,

Омадам ба оғӯшат чун ба бекарон табрик.

 

Сар ба осмон соям, чуки меҳрубонона

Мекунад сарамро боз хоки остон табрик.

 

Дар лабони тифлонам сад чаман шакарханд аст,

Омадам паропарзан ташнаи чунон табрик.

 

Пушти хандаи модар як сиришк меларзад,

Он сиришк мегӯяд аз ҳама ниҳон табрик.

 

Дил зи ғояти шодӣ навтапиш шуду навсӯз,

Шодии тапиш табрик, сӯзи бебаён табрик.

 

Ҳар куҷо наям, монда дар ҳама сулули ман,

Ишқи модаровардат муҳри ҷовидон, табрик.

Ватан, бо ту ҳарфи ниҳон менависам,

Хати ишқи ту ҷон ба ҷон менависам.

 

Ба ҳар ҳафт рангат, ки оҳанг бастам,

Дар адвори тиру камон менависам.

 

Хати аввалину хати охиринам,

Туро ман, туро ман чӣ сон менависам.

 

Бубахшад маро ишқи бесактаи ту,

Ки бо сактаҳои гарон менависам.

 

Чу Сайҳун, чу Вахшу Зарафшону Панҷат,

Аз ин пас равони равон менависам.

 

Ба номи азизи ту, эй фарди фардо,

Ман ин номаи бостон менависам.

ФАРЗОНА,

Шоири халқии Тоҷикистон