Вожаҳои бесадоӣ

№31-32 (4771-4772) 11.03.2024

Се бону, се модар, се шоир. Се раҳнаварди олами муъҷизаҳои калом. Се боғи сабзу пургул бо баҳоре атролуд: Адибаи Хуҷандӣ, Сапедаи Муҳаммад, Фирӯзаи Шариф.

Дар дунёи адабиёти мо бонувон ҳамеша ҷойгоҳи махсуси худро доштаанд. Онҳо бо нафаси гарми шеъри худ дар тани кохи баланди назми мо ҷон дамидаанд. Аз Робияи Балхӣ то Гулрухсору Фарзонаи Хуҷандӣ шеъри бонувон овои ишқ будааст. Дар даврони мо низ бонувони шоир хеле фаъоланд. Зулфия Атоӣ, Шаҳрия, Хосият Вализода, Раънои Зоирдухт, Латофат Кенҷаева, Сапедаи Муҳаммад, Меҳринисо, Раънои Мубориз, Нуқраи Суннатниё, Марямбонуи Фарғонӣ, Робияи Холмирзо, Ноҳид, Рудобаи Мукаррам, Гулноз, Шоирабонуи Раҳимҷон, Шаҳноза… дар фазои адабиёт мисли кабӯтарон дар парвозанд.

Шеъре, ки дар он нафаси занона дамида мешавад, саршор аз меҳру вафо ва садоқат аст. Аслан, вуҷуди зан барои ишқу вафодорӣ офарида шудааст. Адибаи Хуҷандӣ бо нигоҳи офтобии хеш марзҳои шеъри моро нурборон мекунад. Ҳузури ин шоир, ки ашъораш бӯи ирфону ҳикмат дорад, ҷаҳони маънавии хонандаро бою рангин месозад. Шоир пайғомовари некиҳо, покию сафост. Зиндагиашро бо баҳори нав чунин барномарезӣ кардааст:

Баҳор омад, баҳор омад, маро барномаи нав ҳаст,

Фақат некӣ, фақат покӣ, сафо бошад башири ман.

Шоир бо шеъри худ мисли фариштае зуҳур мекунад, ки ҷуз хубиҳо дар замири худ чизе надорад. Ҳаёти ӯ муҳаббат аст, шеъри ӯ муҳаббат аст, нигоҳи ӯ муҳаббат аст. Вай талош мекунад, бо баҳори муҳаббат дар дили хонандаи ашъораш нуфуз пайдо кунад:

Ман бо баҳор омадаам то дили шумо.

Некиву ишқу покӣ бароям шариат аст.

Дидам ҳазор бора шикастан, вале чи суд

Бар ту, ки ҷовидона ҳаётам муҳаббат аст.

Сапедаи Муҳаммад аз дигар шоирони хуби адабиёти мост, ки ҳар мисраи шеъраш мисли мисраъҳои борон мерезад ва чамани андешаро сабзу пургул месозад. Ҳамон садоқату вафодорӣ, ҷоннисорию пойдорӣ дар ишқ шеърҳои ӯро ба дили хонанда наздик месозад.

Шоир аз бевафоӣ дурӣ меҷӯяд ва ба бевафоён талқин месозад, ки аз ӯ дарси ошноиро омӯзанд. Ишқ аст, ки ба ӯ порсоӣ мебахшад ва ӯст, ки ишқро ба шаҳр овардааст:

Дил, ки аз дасти ишқ менолид,

Баргузидаст порсоиро…

Ишқро ман ба шаҳр овардам,

Ишқи хубони рустоиро.

Шоир ба дунё бо чашмони дил менигарад, такягоҳи ӯ дил аст, ҳамон диле, ки ба худ шоҳ баргузидааст ва ҳар коре мекунад, бо фармони дил анҷом медиҳад. Вай аз дасти ақле, ки ба хубиҳою бадиҳо гирифтор гаштааст, фирор кардан мехоҳад. Сапеда ин ҳақиқатро аз олами пурҳикмати шеъри ниёгон шинохтааст ва чун давоми рафтагон қад алам кардаву шеър мегӯяд:

Осмон он гунбади нилии дарди дилшунав,

Моҳро бо дидаи бехоби ман ҳамроз кард.

Ва ҷое мефармояд:

Як шаҳр пур зи ишқаму аз ёр хастаам,

Як даҳр пур зи меҳраму аз ор хастаам…

Пок аст ишқ, бо ҳавас олудааш мадор,

Аз ошиқони кӯчаву бозор хастаам.

Фирӯзаи Шариф чеҳраи тобноки шеъри мост. Эҳсоси нозуку дардолуди ин шоир мисли қатраҳои шабнами субҳгоҳӣ дар барг-барги боғсори ашъораш ҷило медиҳанд.

Дар тасвири Фирӯза ҳақиқати ишқу ошиқӣ дар ҷонфидоӣ тафсир мешавад. Ҳусн як чизи зудгузар аст, бо он набояд ноз кард, чунки «зебоӣ матои бебақоист». Аммо сарвати ишқ ба ҳар кас насиб намекунад:

Сукути кӯчаҳои сабзи мазмун,

Чароғи вожаҳои бесадоист.

На ҳар кас сарвате аз ишқ дорад,

На ҳар кас аз диёри бебаҳоист.

Дар нигоҳи шоир осмон, яъне хилқат ба ҷуз муҳаббат матлабу маъное надорад ва инсон ҳам барои некӣ кардану сафо овардан офарида шудааст. Чашм ҳам ба хотири нағз дидан, хубиҳо, покиҳоро мушоҳида кардан офарида шудааст, вагарна, Худованд инсонро ин қадар зебо намеофарид:

Ин ҳама ҳирсу ҳасад шуд маъсият бар ҷони мо,

Бегуноҳ аст осмон, ҳирси зару дебо надошт.

Беди маҷнун қиблаи ишқ аст дар чашмони рӯд,

Дар кафи ҳар барг ҷуз акси дили зебо надошт.

Ҳамон гуна ки мушоҳида менамоед, шеъри ин се шоир бо баёни рангину дилнишин зуд ба дилҳо роҳ меёбанд. Ашъори онҳо тарғибгари ишқи пок, вафодорӣ, ҷоннисорӣ ва меҳрубониҳо буда, ҳузурашон дар адабиёти муосири тоҷик сутуданист.

ВОРИС,

«Садои мардум»