Қабули қонунҳои ҳаётан муҳим ваҳдату ягонагиро таҳким бахшиданд

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

Бисту як сол мешавад, ки халқи тоҷик санаи имзои хуҷҷати тақдирсоз — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Чунки аҳамияти бузурги таърихӣ дорад, зеро он халқи бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азиятдида ва аз ҳам ҷудошударо ба ҳамдигарфаҳмӣ овард.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 июни соли 1998 таҳти №1015 Фармон «Дар бораи Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ба тасвиб расид, ки мувофиқи он ҳар сол 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ягонагии тамоми қишру ниҳоди ҷомеа мебошад. Замоне ки фарзанди фарзонаю ҷонфидои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба сари қудрат омаданд, Тоҷикистон дар вартаи нобудӣ қарор дошт. Сарвари давлат ба хиради азалии халқи куҳанбунёди ­тоҷик такя карда, аз рӯзи аввали ба фаъолият шурӯъ кардан бо тадбирандешии хирадмандона ва созанда баҳри аз вартаи фалокат берун баровардани мамлакат, ба Ватан баргардонидани гурезагон муваффақ гардиданд.

Баъд аз қабули Конститутсия қонунҳое қабул гардиданд, ки заминаҳои ҳуқуқии ваҳдатро таҳким бахшиданд. Санадҳое, ки дар рафти гуфтушунид миёни тоҷикон ва баъдан дар Комиссияи оштии миллӣ қабул шуданд, хеле муҳим буданд. Аз ҷумла, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), Санади ҳамдигарбахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 августи соли 1997, № 485) ва таъсиси парламенти думаҷлиса -Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ваҳдати миллиро тақвият бахшиданд.

Пас аз қабули Конститутсия зарурати гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои дигари фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро танзимкунанда ба миён омад. Бо ин мақсад 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти Суди конститутсионӣ, суд­ҳои иқтисодӣ ва судҳои ҳарбӣ» қабул карда шуд ва ин ислоҳот то ҳол идома ­дошта, дар заминаи он соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ» ва ғайра қабул гардид.

Бо қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» фаъолияти низоми судии мамлакат ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи халқи тоҷикро дар асарҳои бун­ёдии худ, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Чеҳраҳои мондагор» дар заминаи далелу арқоми асоснок бозгӯйӣ намуданд.

Аз ҳар ҳаводис сабақи таърихӣ гирифтан, хулосаи зарурӣ баровардан муҳим буда, моро зарур аст, ки барои поянда нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ кӯшиш намоем.

А. Хайриддинзода, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон