Аз ихроҷи газҳои парникӣ то ҳаракати «Боғпарварии партизанӣ»

№49 (3529) 14.04.2016

3 копияИмрӯз ҳар дуюмин сокини  cайёра муқими шаҳр аст. Мувофиқи ҳисоби коршиносон, то соли 2050 аҳолии шаҳрҳои ҷаҳон ба 6,4 миллиард нафар хоҳад расид. Ҳарчанд шаҳрҳо се дарсади масоҳати хушкии заминро ташкил диҳанд ҳам, қариб 75 дарсади энергияи тавлидшударо масраф намуда, сабабгори ихроҷ намудани 80 фоизи газҳои парникӣ мегарданд.

 Зиндагӣ дар шаҳр  дорои як қатор афзалият аст. Аз ҷумла дӯкону мағоза ва нуқтаҳои хизматрасонӣ аз манзили зисти шаҳрнишинон дар масофаи чанд қадам ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин хуб ба роҳ мондани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ метавонад шумораи автомобилҳоро дар роҳҳои шаҳр кам кунад ва ё бунёди иморатҳои баландошёнаи рӯ ба ҷануб нисбат ба мавзеъҳои аҳолинишини аз ҳам дури деҳот самараноктар истифода бурдани неруи барқу гармиро таъмин намояд.

Шаҳрҳои нав, аз қабили Масдар (Амороти Муттаҳидаи Араб) ва Тянҷин (Ҷумҳурии Мардумии Чин) бартариҳои дар боло зикршударо бо технологияи нав ва энергияи барқароршаванда истифода бурда истодаанд.

Дар шаҳрҳо имкони беҳтар намудани вазъи экологӣ мавҷуд аст. Масалан, бо сохтани биноҳои аз лиҳози энергетикӣ самарабахш, бунёди неругоҳҳои ҳароратии автономӣ, истифодаи коллектору панелҳои офтобӣ барои обгармкунӣ ва тавлиди барқ, истифодаи электромобилу трамвайҳои монорелсӣ ва ғайра метавон ихроҷи газҳои парникиро дар шаҳрҳо кам кард.

Бунёди боғҳои истироҳатӣ, гулгашту минтақаҳои сабз ҳавои шаҳрҳоро тоза карда, барои кору истироҳати шаҳриёну меҳмонон шароити беҳтар фароҳам меорад. Кам кардани миқдори партовҳои сахти маишӣ ва ба роҳ мондани коркарди онҳо имкон медиҳад, ки ихроҷи гази метан камтар шуда, маблағ сарфа гардад.

Ҳар  як  шаҳр бояд  минтақаҳои  сабз  дошта  бошад, зеро  дарахту буттаву  сабзаҳо   гази карбонатро  фурӯ бурда, оксигенро, ки барои  нафаскашии мо  зарур аст, ихроҷ  мекунанд. Дарахтон ба  мо сояву  салқинӣ  бахшида, намиро дар  худ  нигоҳ дошта, шусташавии  хокро  пешгирӣ менамоянд.

Дар  баъзе  шаҳрҳо на  танҳо дар канори  роҳҳо, балки  дар болои иморатҳо низ дарахту буттаҳоро дидан  мумкин  аст. Бомҳои  сабз  на  танҳо ҷои зисти парандагон, балки барои иморатҳо як  навъ пардаи табиӣ аз  гармову сармо низ ба шумор мераванд.

Сарсабзии  шаҳрҳо баробари табиатдӯст  будани шаҳрдорон, инчунин ба маърифати баланди экологӣ доштани  сокинони  он  низ вобастагӣ дорад. Агар  фарҳанги экологии шаҳрнишинон  баланд  бошад, дар  заминҳои  холии назди  биноҳо ва  ҳуҷраҳо ҳар гуна гулу бутта ва ниҳоли дарахтонро  парвариш  намуда, дар  зебову сарсабз  гаштани  шаҳр  ҳисса  мегузоранд.   Дар  бисёр шаҳр ҳаракати  «Боғпарварии партизанӣ»  амал  мекунад. Фаъолони ин  ҳаракат дар  заминҳои  бекор ниҳол шинонида, шаҳрашонро сабзу хуррам  месозанд. Ба  ин  ҳаракат  аз  мактабхону  донишҷӯ то  кормандони мақомоти гуногун ва  нафақахӯрон  шомиланд.

Масалан, дар  яке  аз шаҳрҳои  сераҳолитарини  дунё – Мехико (Мексика) боғпарварони партизан дар  замини холии миёни  роҳҳо (хати ҷудокунандаи самти гуногуни  роҳҳо) дар тубакчаҳо  гул  мешинонанд. Ҳамтоёни  австралиягии онҳо ду  тарафи роҳҳои оҳанро дарахтзор  кардаанд. Ин  таҷрибаро дар роҳи  оҳани  Душанбе — Ваҳдат — Ёвон — Қӯрғонтеппа амалӣ кардан айни муддао хоҳад буд.

Аз рӯи  маълумоти Барномаи рушди СММ  ҳар сол дар шаҳрҳои ҷаҳон  ба ҳисоби миёна 720 миллион тонна партови маишӣ ҷамъ  мешавад. Дар сурати оқилона истифода  бурдан партов  низ метавонад  даромад  орад. Масалан, дар Олмону  Дания  партовҳоро ба  навъ  ҷудо  карда, нодаркорашро барои тавлиди энергия (биогаз, биодизел) истифода  мебаранд. Тавассути як таҷҳизоти КСД — 500 аз партови пластмассаву  резина дар як соат 500 литр биодизел ҳосил мешавад. Дар ду партовгоҳи бузурги шаҳри Рио — де — Жанейрои Бразилия  таҷҳизоти тавлиди биогаз  насб  шудааст, ки аз партов гази  метан истеҳсол мекунанд. Гармиву  неруи барқи аз партов тавлидшуда барои  100 000 нафар сокини  ин  шаҳр  мерасад. Насби ин  таҷҳизот  тӯли 21  сол ихроҷи миқдори зиёди гази метанро баробар ба 12 миллион тонна СО2 пешгирӣ  мекунад. Ин маънои  онро  дорад, ки аз  роҳҳо 150 000 автомобил  берун карда мешавад. Дар  Шведсия биогази  аз  партовҳо тавлидшударо ба сифати сӯзишвории қатораи  мусофиркашонии  хатсайри Линкопин — Вестерлик истифода мебаранд. Автобусҳои сабзранги бо биогаз ҳаракаткунандаро дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон низ зиёд дидан мумкин аст.

Соли 2000 — ум аҳолии  дунё дар маҷмӯъ  12,6  миллиард тонна партов «истеҳсол»  намудааст, ки ба сари  ҳар  сокини сайёра 2 тоннагиро ташкил медиҳад. Агар партофтани партов бо  ҳамин суръат идома ёбад, то соли 2050 ҳаҷми  солонаи партовҳои  сахти маишӣ  ба 26,7 миллиард   тонна хоҳад  расид, ки ин ба  ҳар  як  нафар се тоннагиро  ташкил  хоҳад  дод. Шиша, оҳанпора, қоғаз ва  маҳсулоти  истифодашударо аз  хона берун баровардан лозим  меояд, вале онҳоро тавре  истифода бояд  бурд,  ки оянда  «дарди  сар»- и  мову фарзандонамон  нашаванд.

Пешрафти  илму  техника ба  мо  имконият  медиҳад, ки партовро оқилона  истифода  бурда, зарар ба табиатро  кам  кунем. Масалан, дар  Бразилия, Аргентина, Чили ва  Венесуэла  неругоҳҳои ҳароратӣ  фаъолият мекунанд, ки  аз биомасса  ва  партови  соҳаи кишоварзӣ барои 5 миллион нафар  неруи барқ  истеҳсол  мекунанд.

Ширкати « Knowaste»- и шаҳри Ню-Йорк аз уребча (подгузник)- ҳои истифодашуда таҳмонаки  пойафзол, филтрҳои равғани  нақлиёт ва зардевораҳои сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Ба  роҳ  мондани  партов ба  фарҳанги сокинони  шаҳр низ  вобастагӣ  дорад. Дар  аксар шаҳрҳои пешрафта аҳолӣ партовро  дар хона ҷудо карда, дар  партовгоҳ ба қуттиҳои алоҳида мерезанд. Дар ин сурат коркарди такрории партови алоҳида ҷамъшуда осону арзон меафтад.

Имрӯз дар  ҷумҳурии мо танҳо қоғазу картон ва оҳанпораро шахсони алоҳида ҷамъ оварда, ба коркарди такрорӣ мефиристанд. Баъзе шаҳрвандон партовро ба қуттиҳои махсуси партовгирӣ нарехта, ба ҷӯю соҳили дарё ва канори роҳҳо мерезанд. Ин  рафтори онҳо ҳусни  маҳаллаҳоро коста, боиси харобшавии  табиат  ва зиёдшавии  заҳмати  роҳрӯбон мегардад.

Бо  мақсади баланд  бардоштани фарҳанги  экологии  мардум ва  тоза  нигоҳ  доштани  шаҳрҳо тавассути  ВАО корҳои тарғиботиро  бештар бояд кард. Инчунин дар  ҳамкорӣ бо имом — хатибони масоҷид  аҳолиро ба  тозаву  сарсабз  нигоҳ  доштани маҳали зисту  кор  ва таҳсил даъват  намудан лозим  аст, зеро ҳазрати  Муҳаммад (с) фармудаанд, ки: «Дин риояи покизагист». Ин сухани Паёмбари  Худо (с) — ро  бояд  ҳар  як  шахс  шиори худ  сохта, баҳри покизагии фикру ақида, тану либос, хонаву маҳали зист ва шаҳру  деҳот кӯшиш  намояд.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»