Аз суғурта метавон баҳравар шуд, агар…

№133 (4239) 29.10.2020

НАКХАТЗОДАМусоҳиба бо муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои ин соҳа

- Чаро назорату танзими фаъолияти бахши суғурта, ки қаблан ба уҳдаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон вогузор шуд?

- Cоли 2013 аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ «Ҳисобот оид ба мушкилоти асосии бахши суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр гардид, ки дар он гузаронидани ислоҳот тавсия шуд. Тибқи талабот ва муқаррароти Принсипҳои асосии суғуртакунӣ, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии мақомоти назорати суғуртавӣ омода гардидааст, ба мақсад мувофиқ шуморида шуд, ки Хадамоти давлатии назорати суғурта ба ҳайси сохтори алоҳида фаъолият барад ё зерсохтори Бонки миллии Тоҷикистон бошад.

Инчунин, бо мақсади иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи XI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 7 июли соли 2014, дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ баҳри таҳлили фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таъсис ёфт.

Дар робита ба ин, аз ҷониби вазорати зикршуда, бо дарназардошти пешниҳоди гурӯҳи корӣ ва тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ, гузориш «Оид ба рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлил ва тавсияҳо» омода ва ба Шӯрои машваратӣ пешниҳод гардид. Дар он яке аз пешниҳодҳо ба сохтори Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани Хадамоти давлатии назорати суғурта маҳсуб меёфт.

Бо мақсади иҷрои протоколи зикршуда ва гуфтаҳои боло, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки банди 4-и он такмили сохтори назорати суғуртавӣ тавассути ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани Хадамоти назорати давлатии суғуртаро пешбинӣ менамуд.

Ҳамин тариқ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ» ва тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 13 марти соли 2017 «Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ», танзиму назорати фаъолияти бахши суғурта ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон вогузор гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки ин амал ғайримуқаррарӣ нест, он дар аксар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, мамлакатҳои қитъаи Аврупо ва ИМА роиҷ аст .

- Зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор гардиданд, ки дар бораи рушди низоми суғурта чораҳои зарурӣ андешанд. Дар ин самт кадом корҳо амалӣ шуданд?

- Воқеан ҳам, дар вохӯрии зикршуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба рушди низоми суғурта беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир карданд ва Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдор барои таҳия ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми суғурта, назорати фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ, фаъол гардонидани бозори намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои сифатан нав ва амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас вазифадор намуданд.

Вобаста ба ин кори зиёд амалӣ шуд. Барои мисол, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнав­суғуртакунӣ)» аз 31 марти соли 2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» (7 августи соли 2020) қабул гардиданд.

Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо субъект­ҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баҳри такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кор идома дорад.

Инчунин, дар асоси дастуру супоришҳои мулоқоти болозикр Бонки миллии Тоҷикистон «Нақшаи стратегии ислоҳоти низоми бонкӣ ва суғурта барои солҳои 2020-2023»-ро таҳия намуд, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Он ҷанбаҳои муҳими рушди низоми бонкӣ ва суғуртаи кишварро барои давраи миёнамуҳлат дар бар мегирад.

- То ҷое иттилоъ дорем, дар марҳилаи аввал роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ вобаста ба саҳеҳияти пешниҳоди ҳисоботҳо, кам будани намуд­ҳои суғурта, камтаваҷҷуҳии аҳолӣ ҷиҳати бастани шартномаҳои суғуртавӣ қаноатманд набуд. Мушкилоти мавҷуда бартараф шуданд?

- Қисми зиёди шакли пешниҳоди ҳисоботи ташкилотҳои суғуртавӣ ба таври электронӣ таҳия гардидаанд, қисми дигар дар марҳилаи коркард қарор доранд. Дар ин самт Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё дар доираи кумаки техникӣ ҳамкориро ба роҳ монда, шаклҳои ҳисоботи ба талаботи замон ҷавобгӯ, истифодаи технологияҳои муосир ва автоматикунонии минбаъдаи ин равандро ҷорӣ намуд.

Вобаста ба камтаваҷҷуҳ будани аҳолӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ ташкилотҳои суғуртавӣ муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ мондани таблиғ ва коркарди маҳсулоти нави суғуртавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳоло аз ҷониби 18 ташкилоти суғуртавӣ ба аҳолӣ дар доираи 80 намуди суғурта хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.

- Аксар соҳибони воситаҳои нақлиёт аз мавҷудияти монеаҳои бюрократӣ дар раванди дастрасӣ ба ҷуброни зарар ҳангоми садамаҳои нақлиёт шиква мекунанд. Оё роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои сода намудани ин муқаррарот тасмим гирифтааст?

- Тибқи талаботи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», рух додани ҳодисаи суғуртавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдор ва дигар маълумот, ки муътамаданд, бо қарори суд ва дигар мақомоти дахлдор, инчунин, дар асоси хулосаи дахлдори экспертӣ муайян мешавад.

Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ суғурташаванда ҳуқуқи аз ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) талаб намудани маблағи суғуртавии дахлдор (ҷуброни суғуртавӣ) ва иҷрои уҳдадориҳои дигарро пайдо мекунад, ки онҳоро шартномаи суғурта ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Аксар садамаҳои нақлиётие, ки дар роҳҳои автомобилгарди мамлакат ба вуқӯъ мепайванданд, бе иштироки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ҷониби иштирокчиёни садама ҳаллу фасл мегарданд. Аз ин хотир, ҳангоми муроҷиат ба ташкилоти суғуртавӣ вобаста ба пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи рух додани ҳодисаи суғуртавӣ мушкилӣ пеш меояд. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», пардохти суғуртавӣ аз тарафи суғуртакунанда дар муддати 5 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ амалӣ мешавад. Дар ҳолати фавти ҷабрдида бошад, тибқи аризаи аз ҷониби фоидагиранда воридгардида ва дар асоси маълумотномаи муассисаи тиббӣ доир ба ҳодисаи рухдода, суғуртакунанда уҳдадор аст, ки панҷоҳ фоизи маблағи пардохти суғуртавиро дар давоми як рӯзи корӣ пардохт намояд. Маблағи боқимондаи пардохти суғуртавӣ пас аз пешниҳод намудани шаҳодатномаи вафот дар як рӯзи корӣ пардохт карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, дар назди Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон телефони боварӣ ва суроғаи электронӣ амал мекунад, ки суғурташавандагон (фоидагирандагон) метавонанд ҳангоми нақз гардидани ҳуқуқу манфиатҳояшон муроҷиат намоянд.

- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011 ҳадди ақали сармояи оинномавии пардохтшаванда барои ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ на камтар аз 500 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Коршиносони масоили иқтисодӣ ба он назаранд, ки маблағи зикршуда барои таъмини қобилияти пардохтпазирии ин намуд ташкилот нокифоя аст. Оид ба ин ­масъала чӣ назар доред?

- Воқеан ҳам, пештар чунин буд. Бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба бозори суғурта, баланд бардоштани сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавии кишвар, сарфи назар аз шакли моликият ва таъмини рақобат дар бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ, таҷдиди назар намудани талабот нисбат ба сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ, пеш омад. Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)» таҳия намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз 31 марти соли 2020 мавриди амал қарор гирифт.

Тибқи талаботи қарори мазкур, андозаи сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) вобаста ба шакл ва соҳаҳои суғурта ба таври зайл муқаррар гардидааст:

• барои ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ на кам аз 10 млн. сомонӣ;

• барои ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ, ки дар баробари соҳаҳои дигари суғурта ба «суғуртаи ҳатмӣ» машғул мебошанд, на кам аз 10 млн. сомонӣ;

• барои ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ, ки танҳо ба «суғуртаи умумӣ» ва «суғуртаи ҳаёт» машғул мебошанд, на кам аз 5 млн. сомонӣ;

• барои ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ, ки танҳо ба «суғуртаи умумӣ» машғул мебошанд, на кам аз 2 млн. сомонӣ;

• барои ташкилотҳои азнавсуғуртакунии давлатӣ ва ғайридавлатӣ на кам аз 50 млн. сомонӣ.

Қабули қарори мазкур ба татбиқи гузаш­тан аз сиёсати миқдорӣ ба сифатии Бонки миллии Тоҷикис­тон мусоидат намуда, ташкилотҳои суғуртавиеро, ки дар бозори суғурта саҳми ночиз доранду пардохтнопазиранд, аз байн мебарад. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ибтикори мазкур рақобати солим миёни ташкилотҳои суғуртавии аз нигоҳи молиявӣ устувор таъмин мегардад.

- Ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор доранд?

- Тибқи талаботи банди 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият, муаррифӣ ва ҳимояи манфиатҳои умумии аъзо дар назди мақомоти дахлдори давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ 10 декабри соли 2018 Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ҷаласаҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон дар қатори иштирокчиёни касбии бозори суғурта масъулини Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон низ иштирок мекунанд ва ҷиҳати ба Ассотсиатсия шомил шудани ташкилотҳои суғуртавӣ тавсияҳои судманд ироа мегардад. Дар ҳалли масъалаҳои марбут ба соҳа фикру андешаҳои онҳо ба назар гирифта мешавад ва ҳамкорӣ рушд карда истодааст.

- Мутахассисон аз он нигаронанд, ки ташкилотҳои суғуртавӣ ба зиёд намудани фонди оинномавӣ аз ҳисоби фоидаи бадастомада бетафовутӣ зоҳир намуда, аз ҳисоби маблағҳои муваққатан озод барои тавсеаи фаъолият сармоягузорӣ намекунанд. Дар маҷмӯъ, чунин бетафовутӣ сабаби ночиз будани дороиҳои суғуртакунандагони ватанӣ арзёбӣ мегардад. Ин мушкилот мавҷуд аст? Агар вуҷуд дошта бошад, барои бартараф шудани он чӣ тадбир андешида мешавад?

- Бале, ин мушкилот то ба андозае вуҷуд дорад. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани пардохтпазирӣ, ҷойгиркунии самараноки воситаҳои пулӣ ва ҷобаҷогузории фоидаҳои захиравии суғуртавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия намуда истодааст, ки минбаъд онҳо барои аз байн бурдани мушкилоти мазкур мусоидат менамоянд.Тибқи маълумоти оморӣ, дар 6 моҳи соли 2020 дороии ташкилотҳои суғуртавӣ, дар маҷмӯъ, 401,0 млн. сомониро ташкил додааст. Аз ин ҳисоб 229,7 млн. сомонӣ ба бахши воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳамчун сармоягузорӣ равона гардидааст, ки 57 фоизи ҳаҷми умумии дороиҳоро ташкил медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи зикршуда аз ҳаҷми умумии дороии ташкилотҳои суғуртавӣ 8,2 фоизи он ҳамчун пасандоз ба низоми бонкӣ сармоягузорӣ шуд.

- Барои беҳбуд ёфтани танзими соҳаи суғурта баҳисобгирӣ ва инъикоси нишондиҳандаҳои фаъолият аз тарафи мақомоти омор хеле муҳим аст. Мутаассифона, ҳоло маҷмӯаҳои махсуси оморӣ, ки онҳоро мебоист Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мекард, вуҷуд надоранд. Роҳандозии ин иқдом дар нақша ҳаст?

- Ташкилотҳои суғуртавӣ шакл­ҳои ҳисоботиро ҷиҳати баҳисобгирии оморӣ ва инъикоси нишондиҳандаҳои фаъолият вобаста ба соҳаи суғурта, ки бо фармони директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2013 тасдиқ гардидааст, ҳар нимсола ва солона тибқи тартиби ҷойдошта ба сохторҳои агентии мазкур пешниҳод менамоянд. Нашри маҷмӯаҳои махсуси оморӣ ва маҷмӯӣ салоҳияти агентии мазкур аст. Бонки миллии Тоҷикистон омода аст, ки ҳангоми аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани нашри чунин ҳисобот ҳамкории судмандро ба роҳ монад.

Гуфтан бамаврид аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти мазкур ҷиҳати ворид намудани маълумоти омории низоми суғурта дар доираи лоиҳаи «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2021» фаъолияти муштаракро роҳандозӣ кардааст.

Дар ин робита, тасмим гирифтаем, ки аз нимсолаи дуюми соли 2020 ҳисоботи ташкилотҳои суғуртавиро дар бораи дороӣ, уҳдадорӣ ва дигар нишондиҳандаҳои муҳим дар маҷаллаи «Бонкдорӣ, тараққиёт, ҷаҳонишавӣ» интишор намоем. Илова бар ин, аз соли 2017 сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон нашри нишондиҳандаҳои омории низоми суғуртаро ба роҳ мондааст, ки ҳама ба он дастрасӣ доранд.

- Рушди дилхоҳ соҳа дар нав­бати аввал ба кадрҳои баланд­ихтисос вобаста аст. Аз сатҳи омодасозии кадрҳои соҳа қаноатманд ҳастед? Дар ин самт барои тавсеаи равобит бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кадом корҳоро амалӣ карданиед?

- Дар самти таъмин будани соҳаи суғурта бо кадрҳои баландихтисос чун дигар соҳаҳо мушкилот вуҷуд дорад. Айни замон бахши фаъолияти суғуртавӣ бо ­кадрҳои баландихтисос, аз қабили адҷастер, актуарий ва сюрвейери суғуртавӣ таъмин нест, ки ба рушди инфрасох­тори бозори суғурта, баҳогузории хавфҳои мавҷуда ва ба дурустии арзёбии зарари ҳолати суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷалби мутахассисони ботаҷриба пайваста озмунҳо баргузор мешаванд, аммо кадрҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ намебошанд. Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади такмил додани савияи дониш ва касбияти кормандон онҳоро вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ба мамолики хориҷ барои таҷрибаомӯзӣ мефиристад.

Дар ин раванд, Бонки миллии Тоҷикис­тон ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ роҳандозӣ кардааст, ки ҳамчун муассисаи асосии таълимӣ (базавӣ) дар ин самт аз тарафи Шӯрои ИДМ эътироф шудааст.

Низоми суғурта дар ҷаҳони муосир яке аз самтҳои муҳими иқтисодиёт маҳсуб ёфта, босуръат рушд мекунад. Ин тамоюл моро водор месозад, ки фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшем, мушкилӣ, монеа, нуқсон ва омилҳои коррупсиониву монополияи солҳои зиёд вуҷуддош­таро рафъ намоем.

Мусоҳиб Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»