Баъди карантин 63000 ҷойи нави корӣ

№59 (4165) 16.05.2020

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон аз 9-уми майи соли равон реҷаи карантинро барҳам дод.

- Мо қарор додем, ки карантинро давра ба давра барҳам диҳем, зеро бисёриҳо бо мушкилии зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Покистон кишвари рушдкунанда мебошад. Аз ин лиҳоз наметавонем мамлакатро дурудароз пӯшида нигоҳ дорем, — гуфт Имрон Хон дар ҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсоз.

Сарвазир аз сабаби пурра аз байн нарафтани хавфи паҳншавии коронавирус аҳолии кишварро ба риояи ҳатмии тавсияҳои духтурон дар бобати ҳифзи қоидаҳои беҳдошт талқин намуд.

Ҳукуматдорон қарор бароварданд, ки фаъолияти соҳаҳои вобаста ба сохтмон, муассисаҳои саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои пӯлодгудозӣ ва алюминӣ идома меёбад. Бозорҳо фаъолиятро аз субҳ то соати 5-и аср ба роҳ мемонанд. Нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ дар реҷаи карантин боқӣ мемонанд.

Оғози моҳи майи соли равон вазири банақшагирӣ ва тараққиёти Покистон Асад Умар аз роҳбарияти кишвар хоҳиши қадам ба қадам сабуктар намудани карантинро карда буд. Ба гуфти ӯ, тибқи ҳисоби коршиносон идома ёфтани карантин метавонад боиси бекор мондани 18 миллион нафар ва қашшоқ гаштани 70 миллион нафар гардад.

Аз рӯи маълумоти охирин, шумораи гирифторони коронавирус дар Покистон 24000 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 564 нафарашон фавтиданд.

Ба хотири амалисозии барномаи панҷсолаи «Сунамии даҳҳо миллион дарахт» дар Покистон 63000 нафар дар соҳаи ҷангалпарварӣ ба кор таъмин шуданд. Ин яке аз барномаҳои муваффақи Ҳукумати Имрон Хон аст, ки ба сарсабзии Покистон нигаронида шудааст.

Танҳо дар доираи ин барнома даҳҳо ҳазор сокини бекормондаи деҳот ба шинонидану нигоҳубини ниҳол, ҳифзи ҷангал ва ниҳолпарварӣ машғул шуданд. Кормандон бо либосҳои махсус ва ниқобу воситаҳои безараргардонӣ таъмин мегарданд. Музди меҳнат барои ҳаҷми кори анҷомдодашуда ҳар рӯз баъди аср пардохт мешавад. Мақсад гузошта шудааст, ки то охири сол дар Покистон 20 миллион бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида шавад.

Чунин таҷрибаро дар кишвари мо низ метавон ба кор бурд. Ҷавонони зиёде соли равон аз сабаби баста будани роҳҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта натавонис­танд. Онҳоро метавон ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва кишти такрорӣ ҷалб намуд. Ҳар қадар ҳосили якум барвақт ҷамъоварӣ шуда, кишти дуюм барвақттар гузаронида шавад, самаранокию боздеҳи замин ҳамон қадар зиёд мешавад. Бе ин ҳам ҳар сол як миқдор заминҳои киштбоб аз сабаби хунукназарии масъулон бекор мемонад. Аз чунин захираҳо самаранок истифода бурдан барои рафъи буҳрони иқтисодӣ кумак хоҳад кард.

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»