Бонкҳо - муҳаррики иқтисодиёти кишвар

Ба оянда аз имрӯз бояд замина гузошт

№9 (3310) 20.01.2015

Тайи солҳои охир, баробари таваҷҷуҳу мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳибкории хурду миёна, ҷаҳду кӯшиши бонкҳо низ баҳри иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба васеъ намудани шабакаҳои хизматрасонии бонкӣ дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон назаррас аст.

Ҳамин буд, ки ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» таъсиси шабакаи филиалҳои худро дар саросари ҷумҳурӣ босуръат густариш дода, теъдоди онҳоро дар муддати кӯтоҳ ба 88 адад расонид, ки аз ин нуҳ ададаш ба минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

Натиҷаи кори филиалҳои ин бонк дар минтақаҳои ВМКБ чӣ гуна аст ва оё фаъолияти онҳо, сарфи назар аз мавқеи ҷойгиршавиашон, воқеан мусбату самаровар арзёбӣ мегардад? Дар ин хусус бо директори филиали минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар ВМКБ Азизшо Ғарибшоев мусоҳиба доир кардем.

- Лутфан бигӯед, ки самтҳои асосии фаъолияти филиалҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадомҳоянд?

- Самтҳои асосии фаъолияти филиалҳои бонк дар  ВМКБ  рушд додани хизматрасониҳои бонкӣ, аз қабили додани қарзҳо ба аҳолӣ, қабул ва пардохти маблағҳои интиқолӣ аз хориҷи кишвар, шаклҳои нави хизматрасониҳо, зиёд намудани кортҳои бонкӣ, баланд бардоштани даромаднокии бонк ва дар ин замина мустаҳкам намудани мавқеи он дар рақобати байнибонкӣ мебошад.

- Оё метавон гуфт, ки таваҷҷуҳи сокинони вилоят ба хизматрасониҳои бонкӣ нисбатан зиёд шудааст?

- Ҳоло низоми бонкии Тоҷикистон дар ҳоли пешрафт аст. Солҳои охир эътимоду боварии мардуми кишвар ба бонкҳо зиёд шуда истодааст ва он, албатта, ба рушди низоми бонкӣ мусоидат мекунад. Аз таҳлилу мушоҳидаҳои солҳои охир бармеояд, ки мардуми вилоят низ имрӯз бештар рӯ ба бонкҳо оварда истодаанд, яъне, эътимоду боварии сокинон нисбат ба бонкҳо афзуда истодааст. Шаҳодати ин зиёд шудани ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо, зиёд шудани теъдоди қарзгирандагон, дорандагони кортҳои пардохтӣ ва умуман истифодабарандагони маҳсулоту хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ мебошад.

Бонкҳо на танҳо ба додани қарзҳои гуногун, инчунин ба ҷалби воситаҳои пулии озоди аҳолӣ, пардохти фоиз аз пасандоз ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳм гузошта истодаанд. Масалан, дар филиалҳои вилоятии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» танҳо аз рӯи амонатҳо соли 2013 зиёда аз 2 825 494 сомонӣ ва дар соли 2014 зиёда аз 5013000 сомонӣ ба шаҳрвандон фоиз пардохт гардидааст. Бояд гуфт, ки ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ ҳамчун пасандоз ба бонк яке аз вазифаҳои асосии  бонкҳо мебошад.

Ба филиали минтақавии бонк дар вилоят нуҳ филиал, 16 маркази хизматрасонии бонкӣ, 13 нуқтаи интиқоли маблағ ва даҳ нуқтаи мубодилаи асъор шомиланд, ки дар маҷмӯъ ба 180 ташкилоту корхона, 6135 нафар амонатгузор, 3257 нафар қарзгиранда, 5790 нафар соҳибони кортҳои бонкӣ ва дигар шахсони алоҳида хизматрасонӣ менамоянд.

Бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии бонк дар вилоят ба ҳолати 1 январи соли 2015-ум 50 72 6000 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13765000 сомонӣ зиёдтар аст.

- Тавре зикр кардед, яке аз самтҳои фаъолияти бонк додани қарзҳо ба аҳолӣ мебошад. Дар филиалҳои шумо таснифи сандуқи қарзии бонк вобаста ба соҳаҳо мутаносибан ба кадом тартиб ташаккул ёфтааст?

- Яке аз ҳадафҳои асосии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» иҷрои сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии молиявии бахшҳои воқеии иқтисодиёт мебошад. Маблағи умумии қарзҳои додашудаи филиалҳои бонк дар соли 2014-ум 53 671 000 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 9233000 сомонӣ ё 18 фоиз зиёд аст. Бақияи сандуқи қарзии филиалҳои бонк дар вилоят ба ҳолати 1 январи соли 2015-ум 41968000 сомониро ташкил дода, аз ҷиҳати ҳаҷми қарзҳои додашуда дар вилоят дар ҷойи аввал мебошад. Аз рӯи таснифи соҳаҳо маблағгузориҳои қарзӣ ба соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, савдо, нақлиёт, қарзҳои истеъмолӣ ва дигар хизматрасониҳо тааллуқ доранд.

- Дастовардҳои шумо оид ба ҷалби мизоҷон ба маҳсулоти бонкии муосир, бахусус кортҳои пардохтӣ чӣ гуна аст?

- Яке аз вазифаҳои муҳими низоми бонкии кишвар ин гузариши бомаром ба пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз технологияҳои муосир мебошад. Зеро кам кардани ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ гардиши пули нақдро дар бозори дохилӣ ба танзим дароварда, ба такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ, шаффофияти муомилоти маблағ ва устувор гардидани қурби асъори миллӣ – сомонӣ мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти ин, айни ҳол филиалҳои бонк дар вилоят дар доираи шартномаҳои музди меҳнат 93 корхонаву ташкилот ва 5790 нафар шахсони алоҳидаро бо кортҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» таъмин намуда, ба онҳо хизмат мерасонад.

Дар вилоят ҳафт адад банкомат ва 14 адад POS – терминал насб гардидааст, ки мавриди  истифода қарор доранд.

- Тавре аён аст, ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар хайру эҳсон ва расонидани кумакҳо ба табақаҳои ниёзманди кишвар низ фаъол аст. Мушаххасан аз саҳми филиалҳои дар ҳудуди вилоят амалкунандаи бонк дар ин кори хайр ҳарф занед.

- Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба расонидани кумакҳои яквақтаинаи моддӣ — хайриявӣ барои ятимон, пиронсолон, маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд соли равон аз тарафи филиалҳои бонк дар минтақа иқдомҳои зиёди хайрхоҳона ба анҷом расонида шуданд. Чун ҳарвақта иқдомоти хайрхоҳонаи худро идома дода, дар остонаи ид ва дигар чорабиниҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, шахсони ятиму бепарастор, нафақахӯрони яккаву танҳо ба маблағи 26 800 сомонӣ кумак расонида, дар гузаронидани хатнасури кӯдакони оилаҳои камбизоат низ саҳм гузоштанд. Гузашта аз ин, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ оид ба таҷлили Рӯзи оила ва барои гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ, низ маблағ ҷудо намудем. Бояд гуфт, ки аз тарафи филиалҳои бонк дар минтақа тӯли ёздаҳ моҳи соли гузашта ба маблағи 37 280 сомонӣ кумак расонида шудааст.

-Оё шароити кор дар кулли филиалҳои минтақа мисли дигар филиалҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар сатҳи хуб аст?

- Бинобар ҷойгиршавии филиалҳо дар кӯҳистони дурдасти кишвар табиист, ки фаъолияти онҳо аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Мисол, филиалҳои воқеъ дар ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим аз дурдасттарин филиалҳои бонк буда, аввалӣ аз сарбонк дар масофаи 960 км ва дувумӣ дар масофаи 740 км ҷойгир мебошад. Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Мурғоб таҷҳизоти филиал бо муҳаррики барқдиҳанда кор мекунад. Алоқаи интернетӣ дар ҳар ду ноҳия (Мурғоб ва Ишкошим) вуҷуд надошта, пайвастшавӣ ба Шабакаи умумиҷаҳони интернет тариқи модемҳо сурат мегирад. Дар ин гуна шароит насб намудан ва ба кор даровардани банкоматҳо ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳои зикршуда шароити кории филиалҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ҷавобгӯйи талабот мебошанд.

Дар ин  ҷода саҳми роҳбарияти бонк, бахусус раиси бонк Тоҷидин Пирзода хеле калон аст. Бо ташаббусу кордонии ӯ дар тамоми филиалҳо, сарфи назар аз макони ҷойгиршавиашон, шароити якхела фароҳам оварда шудааст. Яке аз самтҳои дигаре, ки Тоҷидин Пирзода ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, афзалият додан ба занону духтарон ҳангоми ба кор қабул намудан мебошад. Дар нуҳ филиали ВМКБ ҳамагӣ 205 нафар корманд фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 78 нафарашон занону духтарон мебошанд.

Ин гувоҳи он аст, ки дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ҷиҳати баланд бардоштани мавқеъ ва манзалати зан дар ҷомеа ҳаматарафа дастгирӣ ва дар сатҳи хуб ва сифати баланд татбиқ шуда истодааст. Минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки  фаъолиятамонро  дар ҳама самтҳо  густариш  бахшида, дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошем.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»