Барои муносибатҳои иқтисодӣ фазои мусоид муҳим аст

№50 (3844) 24.04.2018

Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва назарияи илми иқтисод бармеояд, ки ҳаракати молу маҳсулот, қувваи корӣ ва сармоя байни кишварҳо чӣ қадаре  ки озод бошад, ҳамон қадар ба ҷонибҳо муфид мегардад. Ҳеҷ як кишвар бе тиҷорат ва муносибати иқтисодӣ рушди худро таъмин карда наметавонад. Бино ба зарурати таъмини рушди иқтисодӣ ва инкишофи соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллии ҳар як кишвар зарур аст, ки доираи муносибатҳо васеъ ва савдо бо кишварҳои шарик авҷ гирад. Албатта, дар ин ҷода кишварҳои ҳамсарҳад бештар таваҷҷуҳро барои афзоиши савдои байниҳамдигарӣ бояд ҷоннок намоянд. Барои мисол, савдои байниҳамдигарии кишварҳои ҳамсояи Иттиҳоди Аврупо 60-70 фоизро ташкил медиҳад ва ин омил ба рушди иқтисодии кишварҳо бештар таъсир мерасонад. Дар баробари ин, аз лиҳози камхарҷӣ (хароҷоти роҳ), зуд дарёфт намудани бозори фурӯш ва тақсимоти самараноки меҳнат ба савдои байниҳамдигарӣ афзалият дода мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки аҳамияти густариши муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ниҳоят бузург аст. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳар ду кишвар дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ садҳо ҳазор доллари амрикоӣ ҳар сол бой медоданд. Бинобар амал накардани гузаргоҳи роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба-Амузанг, ки ду кишварро бо ҳам мепайваст, тибқи таҳлили коршиносон ҷониби Тоҷикистон ҳар сол 40 миллион доллари амрикоӣ зарар медид.

Аз ин лиҳоз, муколамаи сатҳи баланди байнидавлатӣ, ки 9-уми марти соли 2018 баргузор гардид ва ҳуҷҷатҳои баимзорасида рӯйдоди муҳим ва таърихӣ маҳсуб ёфта, барои рушди иқтисодии ҳар ду кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Дар ҳоле ки савдои байниҳамдигарии ҳар ду кишвар тайи ду соли охир бо суръати баланд афзоиш ёфт ва ба 130 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2017 расид, ин нишондиҳанда метавонад дар муддати кӯтоҳ то 1 миллиард доллар расад. Ин рақамро сарони давлатҳо таъкид намуданд. Дар Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ азми устувори онҳо таъкид гардид. Ҳамчунин таъкид гардид, ки аз ҳамкориҳои дарозмуддати байни кишварҳо ба шарикии стратегӣ гузариш ба амал оварда мешавад, ки барои муносибати тиҷоративу иқтисодӣ ниҳоят аҳамиятнок мебошад.

Дар таркиби тиҷорати байниҳамдигарии Тоҷикистону Ӯзбекистон номгӯи молҳо бояд сол то сол зиёд гардонида шаванд, то ки заминаи содиротии ҳар ду кишвар тақвият ёбад. Ба Ӯзбекистон на танҳо семент, консентрати маъдан, пахта, алюминий, балки молҳои истеҳсоли ватанӣ ва транзитӣ низ содирот шавад, то ки нишондиҳандаи гардиши тиҷорати байниҳамдигарӣ боло равад. Инчунин, шарикӣ байни соҳибкорони ҳар ду кишвар дар истеҳсоли муштараки молҳои гуногун бояд сурат гирад. Тасдиқи ин гуфтаҳо натиҷаи Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, баргузории намоиши молҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва молҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, кушодашавии Хонаи савдои Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин Хонаи савдои Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ва  имзо шудани созишнома ва ёддоштҳо байни сохторҳои соҳибкорӣ ва давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми созишномаҳои ҳамкорӣ байни ин сохторҳо аллакай аз 620 миллион доллари амрикоӣ зиёд аст. Ин, албатта, натиҷаи ниҳоӣ набуда, оғози муносибатҳо мебошад. Дар сурати тавсеа ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба ҳаҷми истеҳсолоти муштарак ва савдои байниҳамдигарӣ афзоиш ёфта, Ӯзбекистон ба шарики стратегӣ мубаддал хоҳад шуд.

Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, алалхусус гидроэнергетика, логистика ва нақлиёт, коркарди канданиҳои фоиданок, мошинасозӣ, кишоварзӣ, туризм, дорусозӣ, истеҳсоли муштараки молҳо барои бозори кишварҳои сеюм ва ғайра самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Кам кардани тарифҳо барои нақлиёти роҳи оҳан тавассути Ӯзбекистон ва ҳалли проблемаи раводид, изҳори омодагӣ барои ҳамкорӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, барқарорсозии роҳи оҳан ва ҳалли дигар масъалаҳо барои гус­тариши ҳамкориҳо байни ду кишвар, балки мустаҳкам шудани мавқеи онҳо дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ҳаминро низ бояд дар назар дошт, ки барои сармоягузорони хориҷӣ ҳангоми қабули қарор оид ба сармоягузорӣ назар ба мавҷудияти имтиёзҳои андозу гумрук фазои мусоид барои гардиши молу хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ муҳимтар аст.

ХАЙРЗОДА Шукруллоҳ Қурбоналӣ,

ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон