CASA – 1000 марҳилаи нави ҳамкориҳои судманд

№47 (3526) 09.04.2016

PowerLines7amАмалӣ шудани лоиҳаи CASA-1000, ки дар заминаи он хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Қирғизистон то Тоҷикистон дар масофаи 477 километр ва аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон дар масофаи 750 километр бунёд мегардад, барои интиқоли неруи барқ ва ба ин васила таҳкими ҳамкориҳои давлатҳо шароиту имконият фароҳам меорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавсими гармо барқи фаровон мавҷуд аст ва дар марҳилаи аввал ҳатто бе бунёди иқтидорҳои иловагӣ низ мумкин аст аз бунёди ин хати интиқоли барқ фоидаи фаровон ба даст овард.

Лоиҳаи CASA-1000 дар муносибатҳои байниҳамдигарии Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон марҳилаи нав ва муҳими таърихиро шурӯъ менамояд. Хатти интиқоли барқии ҳозиразамон ва пурманфиат имконияти минтақаро ба куллӣ тағйир дода, бобати ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASAREM) қадами муҳим ба шумор меравад.

Лоиҳаи CASA-1000 мураккаб, вале иҷрошаванда аст. Барои амалӣ шудани ин лоиҳа Шӯрои байниҳукуматӣ созмон дода шудааст, ки он дар марҳилаи аввали фаъолияташ ҳамкории судманди байниминтақавиро таъмин менамояд. Дар доираи Шӯрои байниҳукуматӣ чор давлати ба лоиҳа алоқаманд бобати амалӣ шудани нақшаҳо, истифодаи меъёрҳои техникиву экологӣ ва таъмини стандартҳои бехатарӣ қарорҳои муштарак қабул ва иқдомоти зиёдро амалӣ менамоянд.

Барои амалӣ шудани лоиҳаи CASA-1000 бунёди иншооти зерин муҳим аст:

- хатти интиқоли барқии 500 кВ аз зеристгоҳи «Датка»-и Қирғизистон то Хуҷанд (477 км);

- зеристгоҳи конвертерӣ бо иқтидори интиқоли 1300 мВт дар Сангтӯда;

- хатти баландшиддати ҷараёни доимӣ дар масофаи 750 км аз Сангтӯда ба Кобул ва Пешовар:

- зеристгоҳи конвертерӣ бо иқтидори интиқоли 300 мВт дар Кобул:

- зеристгоҳи конвертерӣ бо иқтидори интиқоли 1300 мВт дар Пешовар.

Интиқоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза имконият фароҳам меорад, ки норасоии барқ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ рафъ шуда, барои тараққиёти иқтисодӣ ва рушди соҳаи электроэнергетика дар минтақа замина фароҳам гардад. Бо шарофати ин лоиҳа дар минтақа муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ низ мустаҳкам мегарданд.

Тавре зикр шуд, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон Шӯрои байниҳукуматӣ ташкил додаанд, ки ин сохтори хеле муҳим буда, дар базаи он лоиҳаи CASA-1000 бояд татбиқ шавад. Ба ғайр аз ин, бобати амалӣ шудани лоиҳа Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID), Департаменти давлатии ИМА, Вазорати ҳамкориҳои байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Агентии рушди байналмилалии Австралия (AusAID) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ лоиҳаро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ менамоянд.

Аз рӯи ташхиси гурӯҳи SNC-Lavalin маблағи лоиҳа 900 миллион доллари ИМА муайян гаштааст, ки вобаста ба тағйири қурби асъор имкон дорад он тағйир ёбад.

Бояд гуфт, ки масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз ҷумла бунёди лоиҳаи CASA-1000 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки 12 ноябри соли 2015 дар Покистон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Таъкид гардид, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика масъалаи меҳварии робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон аст. Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бинобар норасоии неруи барқ дар Покистон ба тезондани корҳо барои кашидани хатти интиқоли барқи CASA-1000 мароқи зиёд зоҳир намуд.

24 ноябри соли 2015 дар Туркия роҳбарони вазоратҳои энергетикаи Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон созишномаи охиринро бобати бунёди лоиҳаи CASA-1000 ба имзо расониданд. Мутобиқи он, сохтмони лоиҳа охири моҳи майи соли 2016 оғоз меёбад. Дар марҳилаи аввал бунёди ХИБ 500 кВ «Датка-Хуҷанд» дар назар дошта шудааст, ки системаи энергетикии Қирғизистону Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад. Интизор меравад, ки дар сурати ба истифода додани ин хат аз Тоҷикистону Қирғизистон  ҳар сол Покистон 1000 мВт ва Афғонистон 3000 мВт неруи барқ мегиранд.

Алҳол сарчашмаҳои маблағгузории қисмати тоҷикистонии лоиҳа муайян шудаанд. Маблағи умумии қарзӣ ва грантӣ барои сохтмони лоиҳа дар қитъаи тоҷикистонии CASA-1000 315 миллион доллари ИМА, ҳиссаи Тоҷикистон бошад, 15 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Анҷоми пурраи сохтмони лоиҳа соли 2020 дар назар дошта шудааст.

Дар назар аст, ки 12 майи соли ҷорӣ бунёди иншоот ба таври расмӣ шурӯъ гардад.

 Нозир ЁДГОРӢ, котиби матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик»