Истеҳсолоти алюминий ва рушди он барои Тоҷикистон соҳаи калидӣ ва ҳадафи стратегист

№176 (3477) 24.12.2015

Igor Sattarov (1Моҳи марти соли ҷорӣ аз оғози фаъолияти Корхонаи алюминийи Тоҷикистон 40 сол сипарӣ гардид. Ин ҳам умри пурбаракат асту ҳам синни солорӣ. КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ҳашт сол инҷониб фаъолият дорад, аммо дар ин муддати кӯтоҳ кори зиёд ба анҷом расонида шуд. Ҳамаро номбар карданӣ нестам, танҳо чанд мисол меорам, ки нақш ва таъсири ТАЛКО-ро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар возеҳ нишон медиҳад.  

ТАЛКО чун корхонаи шаҳрсоз, на танҳо ба рушди металлургияи ранга, балки ба ташаккули корхонаҳои зиёди дигар, ҳам дар минтақаи фаъолияти ширкат — шаҳри Турсунзода ва ҳам дар манотиқи дигари кишвар, ҳусни оғоз бахшид. Наваду нуҳ фоизи ҳаҷми маҳсулоти саноатии шаҳри Турсунзода ба ТАЛКО рост меояд. Беш аз 90 фоизи теъдоди умумии кормандони соҳаи саноати минтақа дар ин корхона фаъолият доранд. Қисми назарраси даромади Буҷети давлатӣ ва 53 фоизи буҷети маҳаллиро ширкат таъмин менамояд.

Сарфи назар аз ҳама душвориҳое, ки айни ҳол ширкат ба сабаби буҳрони ҷаҳонӣ аз сар мегузаронад, истеҳсоли алюминий барои Тоҷикистон соҳаи калидию стратегӣ боқӣ мемонад. Сию шаш фоизи истеҳсолоти саноати кишварро ТАЛКО таъмин менамояд, дар корхона тақрибан 10 ҳазор нафар машғули коранд, ҳар сол ширкат ба соҳаи иҷтимоӣ беш аз 9 млн. доллари ИМА маблағ харҷ мекунад. Баробар бо ин, содиркунандаи аз ҳама азими кишвар будани худро (тақрибан 33 фоиз) идома медиҳад. Ин нишондод соли 2007, ки бешубҳа, соли пешрафту муваффақияти корхона маҳсуб меёфт, ба 80 фоиз наздик шуда буд. Дигар самтҳои фаъолияти корхона низ хеле беҳтар ба назар мерасиданд, вале масоили марбут ба раҳоӣ бахшидани ширкат аз ҳолати буҳронӣ, ки  алъон менеҷменти ширкат ба ин кор машғул аст, моро ба ояндаи нек умедвор мекунад. Ин ҷо на танҳо бобати болоравии нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, балки ҷиҳати тағйироти ҷиддӣ тавассути ҳамгироии он бо соҳаҳои дигари иқтисодиёти кишвар сухан меравад, ки дар зер муфассал баён шудааст.

Тайи се сол ТАЛКО Барномаи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии Тоҷикистонро амалӣ намуд. Дар натиҷа, ширкат тақрибан ба 40 корхонаи саноатӣ, ки солҳои 90-уми асри гузашта аз фаъолият монда, умеди минбаъд барқарор намудани онҳо намонда буд, «ҳаёт бахшид». Айни ҳол ТАЛКО бо корхонаҳои мазкур дар ду самт ҳамкориро ба роҳ мондааст: дар як корхона барои тайёр кардани қисмҳо ва комилсозии таҷҳизот фармоиш медиҳад, ки беш аз 60 фоизи талаботи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро  қонеъ мегардонад, дар корхонаҳои дигар бошад, истеҳсоли маҳсулот (асосан симҳои кабелӣ) бо истифодаи алюминийи ватанӣ ба роҳ монда шудааст.

Ғайр аз ин, ширкат Корхонаи кабелбарории «Ноқили ТАЛКО»-ро бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти кабелу ноқил дар қаламрави Тоҷикистон калонтарин ва муосиртарин корхона маҳсуб меёбад.

Корхона бо таҷҳизоти технологии сермаҳсулу муосири ширкатҳои ҷаҳонии MAILLEFER EXTRUSION OY, SICTRA S.R.L., MEDEK&SCHORNER GMBH, MESSTECHNIK GMBH, Nanjing Technical Electrical Equipment Co. Ltd.» ва ғайра муҷаҳҳаз буда, маҳсулоти истеҳсолкардаи он ба талабот ҷавобгӯй аст ва бо маҳсулоти истеҳсолкунандагони кишварҳои Ғарб рақобат карда метавонад. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур беш аз 35 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ шудааст.

Дар маҷмӯъ, татбиқи барномаи ба кор андохтани корхонаҳои саноатии марбут ба  истеҳсолоти алюминий имкон дод, ки чор ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шавад.

Татбиқи стратегияи ТАЛКО оид ба фароҳам овардани шароити заминавии худтаъминии корхона бо ҷузъҳои асосӣ ва ёрирасони истеҳсоли алюминий  бо суръати тамом ҷараён мегирад.

Дар доираи татбиқи барномаи гузариш ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ аз ибтидои соли 2008 дар шаҳри Ёвон бунёди се корхона шурӯъ гардид:

- корхонаи кислотаи сулфат – бо иқтидори 100 ҳазор тонна дар як сол;

- корхонаи истеҳсоли криолит – бо иқтидори 12 ҳазор тонна дар як сол;

- корхонаи истеҳсоли фториди алюминий – бо иқтидори 18 ҳазор тонна дар як сол.

Маблағи умумии лоиҳаҳо 126 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад. Ба ин мақсад маблағҳои худӣ дар ҳаҷми беш аз 37 млн. доллари ИМА истифода гардидааст. Қисмати боқимонда аз ҳисоби қарзи «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳаҷми 88,5 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад. Маҳсулоти корхонаҳои мазкур (тақрибан 60 фоиз) ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» интиқол дода, имкон медиҳад, ки арзиши аслии алюминийи истеҳсолшаванда таври назаррас коҳиш дода шавад. Мутобиқи ҷадвали сохтмон ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳо моҳи июни соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2012, пас аз он ки интиқоли гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон қатъ гардид, ТАЛКО дар корхонаи худ се дастгоҳи истеҳсоли гази синтезиро аз ангишти маҳаллӣ насб намуд. Ҳоло мо соҳиби сехи генераторҳои гази худӣ мебошем. Он имкон медиҳад, ки истеҳсоли алюминийро комилан бо «сӯзишвории кабуд» таъмин намоем. Мавриди зикр аст, ки ширкат ҷиҳати саҳмгузорӣ дар  иҷрои барномаи давлатии иҷтимоӣ барои гарм кардани об ва гармидиҳӣ ба қисмати шарқии шаҳри Душанбе ду дастгоҳи генератори газиро дастрас ва насб намуд. Арзиши умумии панҷ генератори газӣ беш аз 6.5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Хароҷоти иловагие, ки аз ҷониби ТАЛКО барои сохтмон сурат гирифт, тақрибан ҳамин қадар маблағро дар бар мегирад.

Соли 2013 мо ба коркарди саноатии ангишти кони «Фон Яғноб»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар қитъаи «Ҷиҷикурут» ва «Канте», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудааст, шурӯъ намудем. ТАЛКО тасмим гирифтааст, ки истихроҷи ангиштро давра ба давра афзун намуда, дар як сол истихроҷи онро аз 200 ҳазор тонна то ба 1 млн. тонна расонад.  Маблағгузории ширкат дар давраи оғози татбиқи лоиҳа 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағи умумӣ дар дурнамо тақрибан 100 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад.

Дастгирии барномаҳои давлатӣ, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар нигаронида шудаанд, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ТАЛКО ба ҳисоб мераванд. Дар ин росто метавон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ду корхонаи хиштро зикр намуд: моҳи марти соли 2010 дар ноҳияи Данғара бо иқтидори лоиҳавии солонаи  истеҳсоли хишти сохтмонӣ ба миқдори 15 млн. адад ва моҳи августи соли 2011 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иқтидори беш аз 20 млн. адад. Дар заминаи корхонаҳои мазкур 350 ҷойи кори иловагӣ таъсис ёфта, маблағгузории умумии иншооти мазкур 22 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Чунин аст рӯйхати нопурраи корҳо, ки қисмати бештарашон пурра татбиқ гардидааст, кор дар  самтҳои дигар бошад, идома меёбад. Аз лаҳзаи таъсисёбии хеш то соли 2012 ширкати мо яке аз сармоягузорони бузурги ватанӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, танҳо барои сохтмони объектҳои нави саноатӣ қариб 200 млн.доллари ИМА маблағ ҷудо намудааст.

Мутаассифона, вазъи кунунӣ барои КВД  «Ширкати Алюминийи Тоҷик» даврони озмоишоти ҷиддӣ баҳри пойдорӣ маҳсуб меёбад. Соҳаи алюминийи ҷаҳонӣ чанд сол боз дучори буҳрони шадид гардидааст. Буҳрон ҳанӯз соли 2008 оғоз шуда, давоми ин муддат боиси таназзули як қатор соҳаҳои саноат гардид, ки истеъмолкунандагони азими алюминий маҳсуб меёфтанд. Марҳалаи кунунии буҳрон, ки аз миёнаи соли 2012 шиддати бештар гирифт, боиси якбора коҳиш ёфтани талабот ва беш аз 50 фоиз арзон шудани нархи ҷаҳонии алюминий нисбат ба сатҳи рекордии соли 2008 шуд ва боиси ҷамъшавии захираҳои зиёди алюминий дар анборҳо гардид.

Дар шароити рақобати баланд дар бозори ҷаҳонии алюминий, ки дар натиҷаи сар задани буҳрон шиддат гирифт, барои пойдор мондан дар дурнамои дарозмуҳлат ТАЛКО ҷиҳати амалӣ гардонидани тадбирҳои ҷиддии зиддибуҳронӣ, яъне тадбирҳои эҳтимолии навсозии истеҳсолот ва гузариши соҳаи алюминийи кишвар ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои сарфакунандаи энергия, чораи дигар надорад.

Роҳбарияти ТАЛКО назарияи тозаи тиҷоратиро пешниҳод намуд, ки тибқи он самти дақиқи фаъолияти ширкат барои таҳияи чорабиниҳо оид ба гузаронидани соҳаи алюминий ба роҳу равиши инноватсионӣ, таъсис додани истеҳсолоти технологияи баланд ва чуноне зикр гардид, шароитҳои асосии таъминоти худии корхона бо унсурҳои асосӣ барои истеҳсоли алюминий кор карда баромада шуд. Ширкат лоиҳаҳои ҳадафноки инвеститсиониро, ки дар сатҳи баланд мувофиқа шуда, дастгирӣ ёфтанд, таҳия намуд. Мақсади асосии он амалӣ кардани Барномаи гузариши ТАЛКО ба ашёи хоми маҳаллӣ мебошад. Татбиқи амалии ин лоиҳа ба созмондиҳии сохторҳои нави тиҷоратӣ — Ширкати энергетикию металлургӣ, Корпоратсияи кимиё ва металлургияи Тоҷикистон (ККМТ) ва бунёди Парки технологию саноатӣ имконият фароҳам меоварад.

Ояндаи ТАЛКО- ро танҳо дар ҳолате таъмин кардан мумкин аст, ки агар ширкат имконот ва захираҳои зеринро дар ихтиёр дошта бошад:

1) Захираҳои асосии ашёи хоми истеҳсоли ватанӣ. Имрӯз ширкат маҷбур аст, ки тақрибан 90 фоизи ашёи хомро аз берун ворид намояд.

2) Неруи барқ. Ҳар сол дар фасли зимистон ширкат ба иллати норасоии қувваи барқ дар ҷумҳурӣ, ба сабаби сару садоҳои гуногун атрофи масъалаҳо бобати арзиш ва ҳаҷми истифодаи неруи барқ аз ҷониби корхона дучори мушкилиҳо мегардад. Ҳоло вазифаи мо аз он иборат аст, ки бо сохтани НБО- и худӣ на танҳо эҳтиёҷоти ТАЛКО- ро бо манбаи барқ пурра таъмин намоем, балки таҳвилгари мустақими қувваи барқ ба аҳолӣ ва истифодабарандагони дигаре гардем, ки дар наздики корхонаҳои мо ва хатти интиқоли барқ ҷойгир шудаанд.

3) Истеҳсолоти бо илм тавъам ва дорои технологияи баланди алюминий, анодҳои пухта ва маҳсулоти дигари тайёр. Дар ин самт бояд зикр намуд, ки ТАЛКО пойгоҳи илмии худӣ дорад. Соли 2009 Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургӣ таъсис ёфта, танзими технологияи истифодаи партовҳои истеҳсолот, инчунин баргузор кардани корҳои илмию таҳқиқотиро тибқи технологияҳои нав ҳадафи аслии хеш қарор дод. Аз ҷониби ин пажӯҳишгоҳ як қатор технологияҳо оид ба коркарди фтор ва партовҳои гилхокдори корхона: таҳшини таҷҳизоти газтозакунӣ, бехтаи анбори партовҳои сахт, кафки электролитии ангишт, блокҳои катодии истифодашуда ва ғайра таҳқиқ ва озмоиш гардидааст. Технологияҳои таҳияшуда тавассути ҳуҷҷатҳои ҳимоявӣ — патентҳои авруосиёӣ ва миллӣ барои ихтироот ҳифз гардидаанд.

Татбиқи лоиҳаҳои ҳадафноки инвеститсионии ТАЛКО ҷиҳати таъминоти пурраи корхона бо гилхок, фториди алюминий, криолит, маҳсулоти графитӣ, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии худӣ имкон медиҳад. Дар доираи Барномаи гузариш ба ашёи хоми маҳаллӣ фаъолгардонии объектҳои саноатии мавҷуда ва навбунёд ба нақша гирифта шудааст, ки теъдоди онҳо ба 20 адад мерасад ва фароҳам омадани тақрибан 16 ҳазор ҷойи иловагии кор дар назар аст. Буҷети пешакии лоиҳаҳои ҳадафноки инвеститсионии ТАЛКО 2,5 млрд. доллари ИМА- ро дар бар мегирад.

Барои татбиқи стратегияи тиҷоратии ширкат менеҷменти корхона  корҳоро оид ба ҷалби маблағҳои пулӣ роҳандозӣ менамояд. Самтҳои фаъолияти ширкат оид ба ҷалби сармоягузориҳо — Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Осиё ва Ғарб мебошад. Шарти муҳим ва асосии мо серсоҳагии маблағгузориҳои берунӣ ба лоиҳаҳои ТАЛКО маҳсуб меёбад.

Дар Лоиҳаи бунёди манбаи маъдану ашёи хоми худӣ барои саноати алюминийи Тоҷикистон аз ҷониби менеҷерони ширкати мо корҳои зиёд оид ба дарёфти маблағгузорӣ ва шарикон барои татбиқи лоиҳаҳои ҷудогона тибқи Барномаи гузариши ТАЛКО ба ашёи хоми маҳаллӣ анҷом ёфтанд. Ҳоло чунин натиҷаҳо ҳосил шудаанд:

Моҳи сентябри соли 2014 бо Ширкати хитойии «General Nice Investment Limited» созишнома дар бораи сохтмони корхонаи истеҳсоли ду намуди блокҳои катодӣ — фаршӣ ва паҳлуӣ — барои истеҳсоли алюминий ба имзо расид. Ба нақша гирифта шудааст, ки блокҳо на танҳо дар корхона барои истеҳсоли алюминий истифода гардад, балки содироти он ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мамлакатҳои дигар низ сурат бигирад. Созишномаи мазкур маблағи 25 млн. доллари ИМА-ро фаро мегирад.

Моҳи октябри соли 2014 байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Эксимбонк»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи сохтмони корхонаҳо оид ба истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва кислотаи сулфат дар доираи Лоиҳаҳои мақсадноки инвеститсионии ТАЛКО созишномаи имтиёзнок баста шуд.

Моҳи июни соли 2014 бо «Корпоратсияи миллии мошинсозии вазнини Хитой» (China National Heavy Machinery Corporation) барои анҷоми корҳо ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳо оид ба истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва сохтмони корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат қарордод ба имзо расида буд. Барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо 88,5 млн. доллари ИМА ҷудо мешавад.

Дар мавриди нақшаҳои навсозии истеҳсолоти худӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Моҳи октябри соли 2014 мо бо Ширкати швейсариягии «Glencore International AG» ёддошти тафоҳум ба имзо расонидем. Сипас, дар бораи фаъолияти муштарак қарордод баста шуд, ки он тамоми самтҳои фаъолияти ТАЛКО- ро фаро гирифт. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ба афзоиши ҳаҷми маҳсулот аз ҳисоби насби ваннаҳои нави ҷавобгӯй ба талаботи муосир муяссар шуда, тармими барқарорсозии электролизёрҳои мавҷударо амалӣ намоем.

Дар иртибот ба ворид намудани технологияи нав барои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» метавон зикр кард, ки мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, тавонистем бо «Бонки содиротиву воридотии ИМА» (Ex-ImBank) ҳамкории густурдаро ба роҳ монем, ки барои ширкат дурнамои хуберо боз мекунад.

Дар маҷмӯъ, агар дар хусуси маблағгузории хориҷӣ ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» сухан гӯем, ин маблағ аз ҳисоби савдои тиҷоратӣ, таҳвили ашёи хоми асосӣ дар шароити додани муҳлатҳои мувофиқ бо таъхири пардохти он, ҷалби ширкатҳои лизингии европоӣ ва ғайра дар соли 2015 тахминан 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо Бонки Исломии Рушд ва Бонки Рушди Осиё низ ҳамкорӣ мекунад. Соли сипаришуда мо бо пешниҳоди лоиҳаҳо 6 млн. доллари ИМА маблағи инвеститсионӣ аз ин бонкҳо ба даст овардем. КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ният дорад чунин ҳамкориро минбаъд бо ин ду бонк тавсеа бахшад.

Дурнамои ҳамкориҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо сохторҳои молиявию саноатӣ ва илмии Федератсияи Россия дар заминаи кооператсияи мутақобилан судманд, таҳқиқоти муштарак ва татбиқи технологияҳои нав, ки ба иқтисодиёти кишварҳоямон таъсири мусбии тарафайн мерасонад, на танҳо ба рушди иқтидори саноатии Тоҷикистон, балки Федератсияи Россия низ боис мегардад. Соли 2013 дар шаҳри Москва вохӯрии намояндагони КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Федератсияи Россия ва Бонки иқтисодии хориҷии федератсияи Россия («Внешэкономбанк») ду маротиба баргузор гардид. Мо лоиҳаҳои инвеститсионии ҳадафноки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро пешниҳод кардем ва аз рӯи натоиҷи маслиҳату машварати баргузоршуда зарурати ҳисса (контент)-и Федератсияи Россия дар лоиҳаҳои ширкати мо эътироф гардид.

Ҳамчунин мо бобати ҷалби Ширкати «Российский алюминий» ҷиҳати ҳузури он дар лоиҳаҳои инвеститсионии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҳавасмандем ва бастани созишномаи оштӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овард, ки шарикии мо бо РусАЛ комилан воқеӣ ва дорои дурнамои нек шавад. Айни замон РусАЛ таҳвили ашёи хоми асосӣ — гилхокро ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» амалӣ менамояд. Ҳаҷми таҳвилот дар соли 2015 беш аз 160 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ширкатҳои хитойӣ барои шарикӣ дар соҳаи соҳибкорӣ дарҳои боз дошта, ба сифати ташаббускори фаъол баромад мекунанд, ки ба манфиати кор аст. Ногуфта намонад, ки ин ҷо паҳлуи дигари масъала низ вуҷуд дорад. Пӯшида нест, ки ҷониби хитойӣ лоиҳаҳоро дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ ба шарте сармоягузорӣ мекунад, ки онҳоро ширкатҳои хитойӣ амалӣ намоянд. Дар натиҷа, ҳиссаи зиёди маблағҳо ба давлате, ки қарзро ҷудо кардааст, бармегардад. Албатта, иншооти аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёдгашта боқӣ мемонад ва бо мурури замон хароҷотро мебарорад.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ҳамаи лоиҳаҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мароқ зоҳир менамояд ва баҳри ҳамкорӣ бо ширкати мо омодагӣ изҳор медорад. Бо дарназардошти мушкилоте, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз сабаби буҳрони ҷаҳонӣ аз сар мегузаронад, мо ният дорем минбаъд ҳамкориҳои мутақобилан судмандро тавсеа бахшем. Дар баробари ин, шарти аслии татбиқи лоиҳаҳои аз лиҳози стратегӣ муҳими КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» гуногунсоҳагии маблағгузории хориҷӣ боқӣ мемонад.

Фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бобати мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ низ намунаи ибрат аст: ба мақсади таъмини шаффофияти фаъолият дар сохтори идораи ширкат ислоҳот сурат гирифт. Мо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ, аввалин шуда, низоми менеҷменти сифатро ҷорӣ намуда, соҳиби сертификати ISO–9000 шудем, ки аз ҷумлаи талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо маҳсуб меёбад.

Моҳи июли соли 2013 корҳои марбут ба сертификатонии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» тибқи низоми ҳамгироии менеҷмент, ки стандартҳои байналмилалии ИСО-14000 ва ОHSAS-18000-ро низ дар бар мегирад, ҷиҳати мутобиқат ба низоми идораи экологӣ ва бехатарии истеҳсолӣ дар корхона анҷом ёфт. Ширкат ҳар сол аудити молиявии байналмилалӣ баргузор менамояд, ки амалан тамоми солҳои фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро фаро гирифтааст. Мутаассифона, ғайр аз ширкати мо, наметавон сохтори тиҷоратии давлатии дигареро дар Тоҷикистон ном бурд, ки аудити молиявии байналмилалӣ даҳ соли охири фаъолияти онро дар бар гирифта бошад. Ин ҳама имкон медиҳад, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо маҳсулоти худ дар бозори ҷаҳонӣ бо муваффақияти бештар рақобат намояд.

Ҷанбаҳои мусбат ва ҳавасмандии мо ба ҳамкории КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  бо ширкатҳои Федератсияи Россия қаблан зикр гардиданд. Мутаассифона, ҷониби Федератсияи Россия ҷараёни қабули қарорҳоро як андоза сиёсӣ ба ҷилва медиҳад. Бар таъйиди ин маънӣ метавон чунин далел овард, ки дар моҳи июли соли 2013 зимни гуфтугӯ  як нафар аз роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Федератсияи  Россия ҳузури  ширкатҳои русиро дар лоиҳаҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар он ҳангом ба тасвиби созишномаи будубоши пойгоҳи ҳарбии Федератсияи  Россия дар қаламрави мо аз ҷониби Тоҷикистон рабт дода буд. Чунин масъалагузорӣ барои мо қобили фаҳму дарк набуд.

Бонки иқтисодии хориҷии Федератсияи Россия («Внешэкономбанк») дар навбати худ пешниҳод намуд, ки лоиҳаҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз ҷониби Федератсияи Россия бо контент (мундариҷа) пур карда шаванд. Гуфтушунидҳои мо бо ҳамин анҷом ёфтанд.

Ҷиҳати дигаре, ки ба рушди бояду шояди ҳамкории иқтисодии миёни кишварҳои мо монеа эҷод мекунад, усули ба ном «дастабандии» қабули қарорҳо маҳсуб меёбад. Баста чанд лоиҳаро фаро гирифта, дар сурати карахт мондани яке аз онҳо тамоми баста аз фаъолият бозмемонад.

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» корхонаи давлатӣ буда, самтҳои стратегии рушди он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад. Мо чунин дастгириро эҳсос намуда, барои боварию итминон аз роҳбарияти кишвар сипосгузорем. Бо вуҷуди ин ширкат наметавонад аз монеаҳои бюрократии вазоратҳои алоҳида эмин бимонад. Ҳанӯз моҳи декабри соли 2013, дар давраи бад шудани вазъи бозори ҷаҳонии алюминий, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии давлатии корхона супориши мушаххас дода буд. Мутахассисони ширкат «Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро таҳия намуданд ва он ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардид. Мутаассифона, барномаи мазкур то ба ҳол дар сатҳи вазоратҳо мувофиқаи заруриро ҳосил накардааст.

Дар ин росто, хотирнишон кардан айни муддаост, ки моҳи ноябри соли 2013 Ҳукумати Федератсияи Россия ҷиҳати дастгирии ширкати, таъкид менамоям, хусусии РусАЛ қарор қабул кард, ки коҳиш додани тарифҳои энергетикию нақлиётӣ, кумакҳои молиявӣ дар шароити паст будани нархи алюминий ва ғайраро дар ҳаҷми чандин миллиард доллари ИМА дар бар мегирад.

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» борҳо ба мушкилоте, аз қабили изҳороти насанҷидаи сохторҳои алоҳидаи давлатӣ, рӯ ба рӯ гаштааст, ки ба эътибори ширкат латма  зада, боиси зиёни азими молиявӣ шудааст. Чунончӣ, соли гузашта изҳороте пахш шуд, ки тибқи он гӯё КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар ҳолати ба ном «муфлисшавӣ» қарор дошта бошад. Зимнан сохтори давлатие, ки аз ҷониби вай чунин изҳорот садо дод, он ҳангом таҳлили зарурии вазъи бозори ҷаҳонии алюминийро  дар ихтиёр надошт. Ҳамин буд, ки ширкати мо 24 млн. доллари ИМА-ро аз даст дод, зеро бонки хориҷие, ки он замон бо мо гуфтушунид дошт, музокиротро фавран қатъ намуд.

Дар робита ба масъалаи фавқ муқоисаи зеринро манзур менамоям: дар ибтидои соли 2015 РУСАЛ дар ҳаҷми 10 млрд. доллари ИМА қарздор буд, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бошад, аз роҳбарияти пешина 536 млн. доллари ИМА қарз ба мерос гирифтааст. Айни ҳол ширкат ҳаҷми онро то ба 180 млн. доллари ИМА поин бурдааст. Мо ширкати дигареро дар ёд надорем, ки дар даврони буҳронӣ қарзҳои худро кам карда бошад. Зимнан бояд илова кард, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» миёни сохторҳои тиҷоратии миллии давлатӣ сатҳи поинтарини уҳдадориҳои қарзиро доро мебошад.

Коҳиш ёфтани қарзҳо натиҷаи фаъолияти тахассусмандонаи ҳуқуқшиносони ширкати мо мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Ню-Йоркро дар бораи эътирофи қарорҳои судҳои арбитражии байналмилалӣ тасвиб намуд. Ин бошад, ба зиммаи ширкатҳои миллии мо уҳдадориҳои ҳуқуқии муайян гузошта, барои онҳо хавфу хатари муайян пеш меорад. КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аввалин ширкате буд, ки ба чунин хавфу хатарҳо рӯ ба рӯ гардид. Мо чаҳордаҳ муноқишаи судиро дар зинаҳои арбитражии кишварҳои Британияи Кабир, Швейтсария, Туркия, Гурҷистон ва ғайра пушти сар кардем. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҷиҳати пардохти хароҷоти судӣ аз буҷети кишвар ягон дирам нагирифтааст.

Дар анҷом мехоҳам мухтасаран роҷеъ ба масъалаи аҳамият ва зарурати таъмини раванди ҳамгироии байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи тиҷорати миллӣ андешаронӣ намоям. Иқдоми аввалин дар самти тавсеаи ҳамкориҳо миёни давлат ва бахши хусусӣ моҳи декабри соли 2007 таъсиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳбудии фазои инвеститсионӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба соҳибкорон имкон фароҳам овард, то ба Сарвари давлат мустақиман бобати мушкилоти худ муроҷиат намоянд.

Сарфи назар аз иқдомоти мазкур, мақомоти марбута ҳоло ҳам омода нестанд, ки мушкилоти соҳибкоронро амиқ баррасӣ намоянд. Дар натиҷа, вазъи ғайриодие ба миён омадааст: давлат интизор дорад, ки соҳибкорон дар ҷараёни ҳалли масъалаҳои иқтисодии кишвар фаъолона ширкат меварзанд, соҳибкорон бошанд, дар навбати худ умедворанд, ки давлат барои идомаву рушд кардани фаъолияти онҳо мусоидат карда, баргузории ислоҳотро ба зимма мегирад. Таҷрибаи дар ин самт мавҷудаи байналмилалӣ дар кишварҳои шабеҳи иқтисоди кишвари мо ҳақиқати баҳснопазири зайлро бори дигар таъйид менамояд: гуфтугӯйи ба дурустӣ роҳандозишуда миёни давлат ва соҳибкорӣ то ба сатҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШД ва БХ) мерасад. Ин бошад, сатҳи тамоман дигари муносиботи тарафайн буда, дар кишварҳои мазкур ба ҳайси мусоидаткунанда ва пешбарандаи иқтисоди онҳо арзёбӣ мешавад. Ин ҷо, аз ҷумла сухан дар бораи татбиқи васеи механизми давлатию хусусии идораи сохторҳои тиҷоратӣ меравад. Дар иртибот ба мо бошад, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» механизми мазкурро аз ҳангоми таъсиси худ ба кор бурда, онро омили аз бобати стратегӣ муҳими ба комёбӣ ноил шудан меҳисобад.

Дар маҷмӯъ, таҷрибаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бобати созмон додани менеҷменти муосир, ҷалби инвеститсия ва дар самтҳои дигари ба роҳ мондани тиҷорат барои бахши соҳибкории миллӣ муфид буда, мо омода ҳастем, ки ин таҷрибаро дар ихтиёри дигарон гузорем.

Игор Сатторов, директори  Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО)