Дар мавзӯи муҳим

НБО-и «Роғун» аҳамияти ҷаҳонӣ хоҳад дошт

№21 (3167) 28.02.2014

StevensonЯке аз дӯстони қадрдони кишвари мо, вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон, ки мунтазам бо ибрози андешаҳои асоснокаш дар арсаи байналмилалӣ аз манфиатҳои кишвари мо шоиста ҳимоя менамояд, ин навбат низ зимни суханрониаш дар ҳамоиши байналмилалӣ, ки чанде пеш дар Парлумони Аврупо таҳти унвони «Об ва неру — ҳамчун воситаи сулҳофарӣ» баргузор гардид, бори дигар аз тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёди НБО- и «Роғун» дар заминаи далелу арқоми асоснок пуштибонӣ намуд. Боиси хурсандист, ки суханронии номбурда   дар маҷаллаи бонуфузи «The Europen Times», ки дар шаҳри Брюссел чоп шудааст, ба нашр расида, бешубҳа, мавриди таваҷҷуҳи ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносон қарор хоҳад гирифт.

Струан Стивенсон дар оғози  суханрониаш  чунин гуфтааст: «Дар даврони шӯравӣ кишвари болооб дар минтақаи  Осиёи Марказӣ будан падидаи одӣ маҳсуб меёфт. Давлати абарқудрати шӯравӣ дар маҷрои дарёи Вахш, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, иншооти бузурги гидроэнергетикиро бунёд намуда буд. Ҳамзамон, дастур шуда буд, ки  барои интиқоли об ба кишварҳои поёноб баҳри обёрии бахши кишоварзӣ дар мавсими гарми тобистон дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистону Қирғизистон обанборҳои бузург сохта шаванд. Дар навбати худ кишварҳои поёноб бояд ҳиссаеро аз захираҳои бойи ангишту нафти худ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон интиқол медоданд, то онҳоро давоми зимистони қаҳратун бо неруи барқ таъмин намоянд. Дар замони ҳокимияти шӯравӣ Москва ба Қирғизистон ва Тоҷикистон фишор меовард, то ин ки онҳо обанборҳои худро дар моҳҳои тобистон барои обёрии заминҳои кишти пахтаи давлатҳои поёноб холӣ кунанд. Ҳама ин ҳолат пас аз соҳиб шудан ба истиқлолият тағйир ёфт».

Струан Стивенсон андешаҳоро бобати таъсири манфӣ доштани бунёди НБО-и «Роғун» ба ҳаҷми об дар баҳри Арал пурра инкор намуда,  ба он назар аст, ки «маҳз эъмори каналҳои хурду бузурги обёрикунӣ, сарбандҳо ва обанборҳо дар баъзе кишварҳои поёноб  ду дарёи асосӣ, ки баҳри Аралро пуроб мекарданд – Сирдарё ва Амударёро  хушк намуда, маҷрои онҳоро коҳиш додаанд.

Қаблан баҳри Арал аз рӯйи ҳаҷми худ ҳамчун баҳри  дохилӣ ҷойи чорумро дар ҷаҳон ишғол намуда, зиёда аз 40000 мили квадратиро фаро мегирифт. Давоми чанд соли охир, бо сабаби иқдомоти фавқуззикр, сатҳи миёнаи об дар ин баҳр  аз 53 метр ба 26 метр паст шуд. Баҳр аз ҳаҷми пешинааш ба 1/13 хурд гардида, садҳо кӯлу маҷроҳои обро, ки онро бо об пур менамуданд, хушк гардонид. Кор то ҷое расида буд, ки бино ба пешгӯйии як идда  коршиносон, пас аз 20 сол Арали Ҷанубӣ пурра нобуд хоҳад шуд».

Дар идомаи нутқи худ вакили Парлумони Аврупо аз боздидаш аз минтақаи фавқуззикр ёдовар шуда, минҷумла чунин гуфтааст:  «Ман ба бандари моҳидории Муйнак, ки  дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир аст, тобистони соли 2010 рафтам ва киштиҳои моҳидории  дар ҳолати пӯсидашавӣ қарордоштаро дидам, ки айни ҳол ба  партови биёбон мубаддал  шудаанд.  Нуктаи муҳим он аст, ки бо ин қабил киштиҳо соле то 30000 тонна моҳӣ сайд менамуданд.  Ҳоло бошад, вазъ дар ҳолате қарор дорад, ки аз ин мавзеъ барои ба баҳр расидан бояд  зиёда аз 100 милро тай намоед. Чунин тарзи кор  «самара»-и амали инсоният аст,  на омилҳои дигар».

Ин шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ  бори дигар аз нақши об дар ҷаҳони муосир ёдовар шуда, ба он назар аст, ки «Об барои зиндагии инсон ва дигар шаклҳои ҳаёт зарур аст. Норасойии об метавонад оқибатҳои фалокатборе, аз қабили коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти озуқа то таҳдид ба ҳаёт дошта бошад. Норасойии об метавонад боиси кӯчиши одамон аз маҳалли зист ва ҳатто сабаби аслии низоъҳо гардад. Дар ин ҳолат мавҷудияти баҳсҳои вобаста ба об дар минтақаҳои дорои захираҳои фаровони об ба як омили маъмулӣ табдил меёбад, тавре ки имрӯз чунин вазъият дар Осиёи Марказӣ ҳукмфармост.

Бо назардошти ин омил, хушкшавии баҳри Арал барои  48 миллион нафар аҳолие, ки дар ҳавзаи он зиндагӣ менамоянд,  ба маънои томаш даҳшат маҳсуб меёбад».

Дар идома номбурда пешниҳод намудааст, ки кишварҳои  дар соҳили баҳри мазкур ҷойгирбуда бояд масъулиятро баҳри аз байн бурдани ин мушкилӣ ба зимма гиранд, зеро бояд хуб дарк намоянд, ки  онҳо таҳти хатар қарор доранд ва дар сурати акс, ба бохт дучор хоҳанд шуд.

-Бо назардошти он ки 40 фоизи қаламрав ва 30 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар атрофи ҳавзаи баҳри Арал ҷойгир аст, зарур ва ногузир мебошад, ки ин кишвар  ба баҳсҳои минбаъда оид ба истифодабарии об шомил гардад,- афзудааст номбурда.

Струан Стивенсон муътақид аст, ки   мушкили асосӣ дар ин ҷода низоми бади идораи захираҳои обӣ ва таваҷҷуҳи зиёд ба парвариши зироатҳои обталаб — шолӣ ва пахта дар баъзе  кишварҳои ҳамсоя мебошад.   Ба андешаи ӯ: «айни замон дар ин мамлакатҳо 60 фоизи  об дар каналҳои обёришавандаи фарсудашуда ва дар заминаи низоми ғайрисамараноки истифодаи он талаф меёбад. Бояд обёрикунии қатрагӣ ҷорӣ шавад, ҳарчанд ҷорӣ намудани ин усул қимати гарон дорад. Зарурати он пеш омадааст, ки  Иттиҳоди Аврупо ба сифати яке аз донорҳои асосӣ  ба ин масъала мароқ зоҳир намояд ва муколамаро миёни ҷонибҳо тавсеа бахшад. Дар ин ҷода бояд ба даст омадани  мувофиқаҳои мутақобилан  муфид оид ба истифодаи самараноки  обҳои фаромарзӣ афзалият дошта бошанд. Чунин созишҳо набояд аз берун талқин карда шаванд ва маҳз кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд чунин  қарорро қабул намоянд».

Дар ҳамин росто, вакили Парлумони Аврупо бори дигар аз тасмими Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати бунёди НБО-и «Роғун» ҷонибдорӣ намуда, минҷумла гуфтааст, ки ин неругоҳ  метавонад то 3600 мВт неруи барқ истеҳсол кунад. Сохтмони беш аз 45 км нақбҳои зеризаминии неругоҳ ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба анҷом расида, ҳоло аз нав тармим шудаанд. Сарбанди сангу хокии НБО-и «Роғун» баҳри бастани маҷрои оби дарёи Вахш дар тангнои дара эъмор гашта, баландии он 335 метрро ташкил медиҳад.  Хатҳои лозимаи интиқоли барқ барои фурӯши он ба кишварҳои ҳамсоя, чун Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳоло кашида мешавад.Муҳим он аст, ки дар сурати ба истифода додани НБО-и «Роғун» он сарчашмаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, арзон ва фаровон гашта, дар баробари талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намудан, инчунин кишварҳои ҳамсоя — Афғонистон ва Покистонро бо неруи барқи ҳаётан муҳим таъмин хоҳад намуд.

Ин барои минтақае, ки ба неруи барқ ниёзи шадид дорад,  имкони беҳтарини таъмини рушди ҳама соҳаҳо мебошад.

Нуктаи муҳими дигари суханронии Струан Стивенсон он аст, ки номбурда аз фаъолияти бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоиш намуда, гуфтааст: «Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – шахсияти фаъол ва нерумандест, ки тавассути тасмимаш вобаста ба бунёди НБО-и «Роғун», бомаром кишварро аз вартаи мушкилиҳо бароварда, талош меварзад, ки ҷойҳои  нави корӣ фароҳам омада, иқтисодиёти мамлакат тақвият ёбад. Табиист, ки анҷоми муваффақонаи ин тарҳ марҳилаи сифатан нави тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шурӯъ намуда, замина фароҳам меорад, дар тамоми бахшҳо пешравиҳо рӯйи кор оянд. Ин омилест, ки мо дар Ғарб бояд истиқбол ва дастгирӣ намоем. Ман аз  минтақаи сохтмони  НБО-и «Роғун»  борҳо дидан намудаам ва муътақидам, ки ин лоиҳа аҳамияти ҷаҳонӣ дорад».

Ёдовар мешавем, ки чанде пештар ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Лора Так низ, ки аз ҷумҳуриамон боздид ба амал оварда буд, вобаста ба ин лоиҳа назари мусбати худро баён кард.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»