Эҳсоси масъулият ба қонуншиканӣ нуқта мегузорад

№98 (4681) 04.08.2023

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соле ду маротиба — моҳҳои апрел — май ва октябр — ноябр маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир мегардад. Бо фаро расидани ҳар як маъракаи даъват шоҳид мегардем, ки дар рӯзи аввал шаҳру ноҳия­ҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъватро пурра иҷро карда, масъулин ва волидон наваскаронро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ба қисмҳои ҳарбӣ гусел мекунанд. Ин муваффақияти вилоят ба он марбут аст, ки масъулин вазифаашонро иҷро карда, дар маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пешқадаманд.

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон 20-уми июли соли равон барои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки моҳҳои октябр — ноябр фаро мерасад, ҷаласа доир гардида, масъулин барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи сиёсӣ вазифаҳои мушаххас гирифтанд.

Раисони ҷамоати деҳот ва Комиссариати ҳарбӣ супориш гирифтанд, ки омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро дар ноҳия ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро, ки бояд дар даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шаванд, муайян намоянд. Ҳамчунин, раисони ҷамоати шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли моликият уҳдадор гардиданд, ки рӯйхати шаҳрвандони синни даъватиро ба Комиссариати ҳарбии ноҳия пешниҳод ва дар асоси даъватномаи Комиссариати ҳарбӣ шаҳрвандони синну соли даъватиро хабардор намоянд.

Илова бар ин, масъулин вазифадор шуданд, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда «Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2023-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» то 1-уми октябр даъватшавандагонро аз муоинаи пешакии тиббӣ гузаронида, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ин иқдоми саривақтӣ ва барои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар намуна аст, ки бояд масъулин таҷриба намоянд. Яъне, ба боварӣ метавон гуфт, ки агар дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳам чунин иқдом таҷриба гардад, дар фазои даъват ба хизмати ҳарбӣ то андозае овозаҳо кам мешаванд. Вақте ки даъвати баҳорӣ ба итмом расид, дар хабари Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон чунин омада буд: «Масъулини комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои водии Рашт дар рӯзи нахустини даъват ва чор ноҳияи пойтахт бошад, то охири моҳи апрели соли равон нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намуданд. Бо ҳамин тартиб то 31-уми майи соли 2023 вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳия­ҳои тобеи ҷумҳурӣ низ оид ба иҷрои нақшаи пешбинигардида гузориш доданд». Аз ин ҷо мушаххас мегардад, ки бояд дар самти гусели ҷавонони синни даъватӣ ба Артиши миллӣ масъулин дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҷиддӣ кор кунанд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ имкон медиҳад, ки мардум ва ҷавонони синни даъватӣ дар бобати хизмати ҳарбӣ ва муҳимияти он масъулияти бештар дошта бошанд.

Аз ҷониби дигар, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ки боиси зуд ҷараён гирифтани маъракаи даъват ва иҷро шудани нақша мегарданд, ҳамчунин, барои нуқта гузоштан ба амалҳои ғайриқонунӣ мусоидат мекунанд. Барои мисол, агар масъулин дар ҳар шаҳру ноҳия барои маъракаи даъват ду-се моҳ пеш омодагӣ дида, дар рӯзҳои аввали даъват ба сафи Артиши миллӣ нақшаро пурра иҷро кунанд, дигар доир ба рафти он сухану амали ноҷо намешунавему намебинем.

Дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардидани нақшаи даъват шаҳодати он аст, ки эътимоди мардум рӯз аз рӯз ба низоми Артиши миллӣ боз ҳам зиёдтар мегардад. Модоме ки ин боварию эътимодро бо кори софдилонаву содиқона ба даст овардан имкон дорад, бояд масъулин аз чунин шева кор бигиранд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»