Дар партави Паёми Президент

Эътирофи «Амонатбонк» самараи эътимоди мизоҷон аст

№13 (3314) 29.01.2015

- мегӯяд раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода

IMG_6302Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муназзам ва пурмаҳсули низоми бонкии кишвар шароити мусоидро фароҳам оварда, баҳри беш аз пеш густариш ёфтани доираи фаъолият бо истифода аз имконоти мавҷуда бонкҳоро дастгирӣ намуда истодааст, зеро фаъолияти самараноки бонкҳо, ки аз рӯйи моҳият муҳаррики иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбанд, метавонад ба рушди тамоми бахшҳои ҷомеа такони ҷиддӣ бахшад.

Вобаста ба ин масъала 23 январи соли ҷорӣ зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон минҷумла зикр намуд, ки «дар шароити кунунӣ мо барои таъмин намудани устувории сатҳи нархҳо, низоми бонкӣ, гардиши пул ва низоми пардохтҳо сиёсати пуливу қарзии самаранокро татбиқ мекунем». Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ки ягона бонки давлатии кишвар маҳсуб меёбад, ба ҳама дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷумлаи аввалинҳо шуда  ҳамовозӣ менамояд. Бешубҳа,  ин муассисаи бонуфузи молиявӣ ҷузъи муҳими низоми бонкии кишвар буда, вазъи молиявӣ ва раванди фаъолияташ  кафолати устуворӣ ва дар сатҳи муътадил қарор доштани низоми  бонкии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Собитқадам будани бонки зикршуда дар  амалисозии барномаҳои муҳими давлатӣ, ки ҳадафашон таъмини некуаҳволии аҳолӣ аст ва ба ин васила саҳмгузор будан дар таъмини дастрасии бештари эҳтиёҷмандон ба хизматрасониҳои бонкӣ шаҳодати он мебошад.

Суҳбате, ки бо раиси Раёсати бонки зикршуда Ҷамшед Нурмаҳмадзода доир намудем, пешравиҳои ин муассисаи бонуфузи молиявиро ба хонандагони рӯзнома бозгӯйӣ менамояд. — Зимни ирсоли Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 январи соли равон ироа гардид, зикр шуд, ки «маълум аст, ки бинобар таъсири омилҳои беруна, махсусан коҳишёбии иқтисодиёт ва қурби пули кишварҳои шарики тиҷоратии мо, вақтҳои охир қурби пули миллӣ таҳти фишор қарор дорад. Бинобар ин, Бонки миллӣ вазифадор аст, ки барои татбиқи босамари сиёсати пуливу қарзӣ ва асъорӣ дар асоси таҳлилҳои асоснок, бо дарназардошти манфиатҳои иқтисоди ватанӣ, тадбирҳои зарурӣ андешад». Бигӯед, ки баҳри татбиқи ин нукта  Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» чӣ тасмим гирифтанист?

- Аз далели арқоми ба фаъолияти бонк рабтдошта  бармеояд, ки маҳз дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат фаъолияти он рушду тавсеа ёфта, нишондиҳандаҳо дар ҳама самт ҷавобгӯйи талаботанд. Ҳоло Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо 74 филиал, 512 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 221 нуқтаи интиқоли маблағ ба мизоҷон номгӯйи васеи хизматрасониҳои бонкиро дар сатҳи хубу  сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ пешниҳод намуда истодааст. Нишондиҳандаҳои оморӣ далеланд, ки ҷойгоҳи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар бозори бонкии мамлакат хос буда, мизоҷонаш низ ҳамвора зиёд мешаванд.

Алъон, мо баҳри боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ  нақшаҳои зиёд дорем, ки афзудани ҳаҷми қарздиҳӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва занони соҳибкор, ҷорӣ кардани шаклҳои нави хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ба мисли ташкили роҳҳои нави интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, кортҳои қарзӣ, пардохти хизматрасониҳои ҷамъиятиву маишӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкҳои хориҷӣ барои фароҳам овардани фазои мусоид баҳри ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, кушодани марказҳои амалиётии нав дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд.Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки  дороиҳои бонк ба санаи 31 декабри соли 2014-ум 1,8 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 37 фоиз афзудаанд. Пардохтпазири бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шудаанд. Дар ҳамин радиф, сармояи умумии бонк 222 млн. сомониро ташкил дода,  нисбат ба соли 2013-ум  18,3 фоиз  афзун гардидааст. Дар партави Паём мо ният дорем, ки ибтикоротеро, ки  ба ворид намудани технология ва таҷҳизоти нав барои корхонаҳои истеҳсолӣ нигаронида шудааст, дастгирӣ намоем. Умуман, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» минбаъд низ густариш бахшида мешавад ва барои ин иқдом имконият дорем. Аз ин бармеояд, ки аҳли бонк дар татбиқи тамоми дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла он нуктаи Паём, ки Шумо ёдовар шудед, фаъол буда, дар ин самт аз тамоми неруи зеҳнӣ ва захираву имконоти мавҷуда самаранок истифода менамоянд.

-Ҷалби пасандозу  амонат, пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ  ва тиҷоратӣ, интиқоли маблағ, маблағгузории тиҷоратӣ, хизматрасонии ҳисоббаробаркунӣ ва хазинавӣ, мубодилаи асъор ва дигар намудҳои хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷумлаи маҳсулоти асосии пешниҳодшаванда ба шумор мераванд. Вале миёни хизматрасониҳои мазкур ҷалби пасандозҳо ба сифати муайянкунандаи сатҳи эътимоди аҳолӣ ба муассисаи молиявӣ омили муҳиму асосӣ маҳсуб меёбад…

- Дуруст аст. Масъалаи мазкур таври мунтазам дар маркази диққати мо қарор дошта, баҳри вусъат бахшидани ин раванд ҳамчун самти афзалиятнок иқдомоти зиёд амалӣ шуда истодаанд. Боиси хурсандист, ки рӯз то рӯз ҷалби пасандозҳо тамоюли афзоишро касб намуда истодааст. Ин омил далели возеҳи эътироф гардидани БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамчун бонки мардумӣ аз ҷониби шаҳрвандон аст. Табиист, ки ҳама гуна эътироф дар заминаи эътимод рӯи кор меояд. Биноан, гуфта метавонам, ки эътирофи БДА ҶТ «Амонатбонк» аз ҷониби аҳолӣ самараи эътимоди онҳост. Айни замон бонк барои зиёд намудани иқтидори захиравиаш  бо ҷалби пасандозҳои аҳолӣ тавассути пешниҳоди  номгӯйи зиёди маҳсулоти пасандозии бонкӣ, ки ба талаботи ҳама табақаҳои мизоҷон ҷавобгӯй аст, афзалияти калон медиҳад.

Самараи чунин иқдомот буд, ки бақияи сандуқи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳолати охири соли 2014-ум як миллиарду 241 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013-ум 42,1 фоиз бештар аст. Дар ин росто, бақияи пасандозҳои аҳолӣ  772,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2013 ба андозаи 30,6 фоиз афзудааст. Нуктаи муҳим он аст, ки фоизҳои ба аҳолӣ пардохтшуда дар соли 2014-ум 78,4 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба соли 2013-ум 22 фоиз зиёд мебошад. Ҳоло амонатҳо бо пули миллӣ 67 фоизи ҳаҷми умумии амонатҳои ҷалбшударо ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда чанд бартарӣ дорад. Дар навбати аввал, зиёд будани пасандозҳо бо асъори миллӣ ҷойгоҳи сомониро дар низоми бонкии кишвар баландтар менамояд. Сониян, зиёд будани ҳаҷми амонатҳо бо арзи миллӣ дар таркиби амонатҳои ҷалбшуда имкон медиҳад, ки сарфи назар аз ноустуворӣ дар бозори асъор то андозае бонкро аз хавфҳои асъорӣ нигоҳ дорем. Ногуфта намонад, ки фоизҳои амалкунандаи пасандозҳои бонк ба талаботи бозори пасандозии ҷумҳурӣ мутобиқ буда, боварии аҳолӣ низ  ба бонк ҳамвора зиёд мешавад.

- Дар қисмати аъзами кишварҳои олам муомилот танҳо тариқи кортҳои пардохтӣ роиҷ буда, ин омил аз бартариҳои зиёд бархӯрдор аст. Эътироф бояд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин кортҳо аксари вақт рисолати маблағнақдкуниро иҷро менамоянд. Тибқи маълумоти мавҷуда, аз 4,5 миллиард сомоние, ки эмиссия (барориш) шудааст, зиёда аз 3 миллиард дар гардиши нақдӣ қарор дорад. Ба назари Шумо чӣ бояд кард то истифодаи ин кортҳо маъмул гардад? Ҳамзамон мехостам донам, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ин ҷода чӣ дастовард дорад?

- Эътироф бояд намоем, ки истифодаи кортҳои пардохтӣ дар низоми бонкдории Тоҷикистон таҷрибаи нисбатан нав аст ва табиист, ки ҳар навгонӣ дар ҷомеа ба мушкилот ва монеаҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда ин тарҳ дар кишвари мо муваффақона амалӣ шуда истодааст, ҳарчанд ки он ҳанӯз ба мақсади ниҳоии худ нарасидааст. Сарфи назар аз ин омил, бо дарки масъулият мегӯям, ки дар БДА ҶТ «Амонатбонк» истифодаи технологияи ҷадид таври густурда роҳандозӣ шудааст. Омили мазкур замина фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ба маротиб беҳтар гардида, ҷараёни фаъолият ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ шавад. Имрӯз дар фаъолияти бонк навтарин технологияи низоми бонкдорӣ мавриди истифода мебошад. Ҷоиз ба зикр аст, ки бонк дар самти ҷорӣ намудани кортҳои пардохтӣ ва насби банкомату POS- терминалҳо низ яке аз пешсафон маҳсуб меёбад. Хизматрасониҳои наве, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» яке аз аввалинҳо шуда, ҷорӣ намуд, ба дорандагони кортҳои пардохтӣ имкон медиҳад, ки аз бартариҳои зиёд бархӯрдор гарданд. Имкониятҳои кори банкоматҳои бонк зиёд карда шудааст, ки тавассути онҳо на фақат гирифтани пули нақд ва маълумот оиди бақияи ҳисоб, балки  хизматрасониҳои дигарро низ имконпазир намуданием.

Дар суханрониҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мунтазам масъулини низоми бонкии кишвар баҳри густариш бахшидани муомилоти ғайринақдӣ вазифадор гардида, он аз ҷониби Ҳукумати кишвар омилҳои таҳкимбахши иқтисоди миллӣ эътироф шудааст. Айни замон бо 3885 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ пардохти музди меҳнатро тавассути  кортҳои пардохтӣ  ба роҳ мондаем, ки нисбат ба соли 2013-ум 11 маротиба  зиёд мебошад. Шумораи мизоҷоне, ки хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ба роҳ монда шудааст, ба 623 ҳазор нафар расидааст. Нақшаҳои мо   дар самти густариши муомилоти ғайринақдӣ хеле зиёданд ва итминонамон комил аст, ки онҳо натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳанд овард.

- Банда ба он назарам, ки яке аз самтҳои бартаридошта ин пешниҳоди қарз барои соҳаҳои нисбатан муҳим мебошад, зеро БДА ҶТ «Амонатбонк» ба нақшаҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба равнақи иқтисодиёт бетараф набуда, вазифаҳои бонк дар ин самт ба кам намудани хавфҳо ва зиёд намудани гардиши воситаҳои гузошташаванда равона шудааст. Мехостам донам, ки  пешниҳоди қарз дар кадом сатҳ амалӣ шуда истодааст ва онҳо бештар ба кадом соҳаҳо дода шудаанд?

-Ба андешаи дар қисмати аввали саволатон иброзгардида комилан ҳамфикрам. Вобаста ба қисмати дуюми он бояд зикр намоям, ки  соли 2014 ҳаҷми қарзҳои ҷудошуда дар низоми БДА ҶТ «Амонатбонк» ба 861,7 миллион сомонӣ баробар гардида, шумораи онҳо беш аз  34679  ададро  ташкил додааст. Аз ҳаҷми умумии қарзҳое, ки дар ин давра дода шудаанд, маблағи  299,6 миллион сомонӣ ба қарзҳои хурдҳаҷм рост меояд, ки 34,8 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои пешниҳодшударо ташкил медиҳад. Агар онҳоро раддабандӣ намоем, ба соҳаи кишоварзӣ -31,6 фоиз, саноат – 21,5 фоиз, истеъмолӣ -10,8 фоиз, сохтмон – 13,6 фоиз, ва дигар соҳаҳо –8,6 фоиз рост меояд. Дар ин росто, бақияи сандуқи қарзии бонк (бо назардошти қарзҳои байнибонкӣ) ба санаи 31 декабри соли 2014 912,3 млн.сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба соли гузашта ду маротиба зиёд аст.

-Аз шиносоӣ бо фаъолият БДА ҶТ «Амонатонк» бармеояд, ки он дар баробари хизматрасониҳои маъмулии бонкӣ қабули андоз ва пардохтҳои гуногунро ба сомон мерасонад, ки ба бонкҳои дигар, аз ҷумла бонкҳои тиҷоратӣ хос нест…

- Агар гӯям, ки бонк ин рисолатро низ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намуда истодааст, муболиға нахоҳад буд. Барои мисол, давоми соли 2014 ба суратҳисобҳои транзитии андозу пардохтҳои ҳатмӣ 2,2 млрд. сомонӣ ва маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ 1,9 млрд. сомонӣ ворид шуда, ба суратҳисобҳои марбута гузаронида шуданд. Гуфтан бамаврид аст, ки  ин нишондиҳанда нисбат ба  соли 2013   мутаносибан 11,1 фоиз  ва  24,9 фоиз   зиёд мебошанд. Маблағҳои андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети  давлат дар ҳаҷми 3,1 млрд. сомонӣ аз ҷониби филиалҳои бонк таври нақдӣ ва бе подош қабулу интиқол карда шуд, ки нисбат ба соли 2013-ум 10,5 фоиз  зиёд мебошад.

- Иттилоъ гирифтем, ки бо ибтикори Шумо мунтазам ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони роҳбарикунандаи Сарбонк ва филиалҳо гузаронида мешавад. Ҳадаф аз ин иқдом чист?

-Иқдоми мазкур бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, роҳ надодан ба амалҳои хусусияти коррупсионидошта, дастгирии мутахассисони ҷавон, афзалият додан ба занон ва истифодаи неруи зеҳнии кормандони фаъол дар филиал ва идораҳои фаъолияташон на чандон хуб амалӣ гардид. Дар ин замина, аз аввали соли 2014 то ин замон ҷойивазкунии 215 нафар кормандони бахши роҳбарӣ, ки 87 фоизи ин нафаронро ташкил медиҳанд, гузаронида шудааст. Ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа 54 нафар зан тариқи озмун ба кор қабул карда шуданд.Қобили зикр аст, ки ин иқдом натиҷаи хуб ба бор овардааст ва мо минбаъд низ чунин тарзи корро идома хоҳем дод.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»