Форуми соҳибкории «Душанбе-2016».

№133 (3613) 25.10.2016

Чаро барои журналистон дар он ҷой набуд?

Чанд рӯз қабл Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораи бархе аз рӯзномаҳо мактуб ирсол карда, аз баргузор намудани Форуми байналмилалии соҳибкории «Душанбе-2016» таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ-имконияти нави сармоягузорӣ» хабар дод.

Дар он аз роҳбарони воситаҳои ахбори омма хоҳиш мегардид, ки барои таблиғу ташвиқи ин чорабинии муҳим иштироки хабарнигоронро таъмин намоянд. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфта буданд, ки рӯзноманигорони номнависшуда бо пешниҳоди ҳуҷҷат метавонанд дар форум иштирок кунанд, аз ин рӯ, 14 октябр то соати 830 дақиқа ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳозир шаванд. Мо низ дар вақти муқарраршуда ба макони баргузорӣ омадем. Мутаассифона, дар он ҷо чунин ба назар мерасид, ки гӯё ҳузури рӯзноманигорон зарурат надорад. Онҳое, ки ба ин кор машғул буданд, танҳо нафаронеро ба қайд гирифтанд, ки даъватнома доштанд. Пас аз муроҷиат ба сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Бахтиёр Назурдинов, маълум гардид, ки барои иштироки рӯзноманигорон монеа вуҷуд надорад ва номи ҳар нафаре, ки дар рӯйхати пешакӣ мувофиқашуда ҳаст, бо пешниҳоди ҳуҷҷат метавонад иштирок кунад. Вақти оғози форум низ фаро расид ва масъулин меҳмонону иштирокчиёнро даъват карданд, ки ба толор ворид шаванд. Ҳангоме ки рӯзноманигорон ба даромадгоҳ омаданд, барои ворид шудан аз онҳо даъватнома пурсиданд. Чун худро муаррифӣ намудем, гуфтанд, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма хеле зиёд омадаанд, интизор шавед, баъди ҷо ба ҷо шудани меҳмонон, дар сурати холӣ мондани ҷойи нишаст, ворид мешавед. Ба форум Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ташриф оварда, дар қисмати ифтитоҳии он суханронӣ кард, аммо дигар касеро парвои иштирок кардан ва ё накардани намояндагони воситаҳои ахбори омма набуд. Масъулин рӯзноманигоронро ба толорҳои дигар даъват менамуданд, ки аслан дар он ҷо ҳеҷ чорабиние дар назар дошта нашуда буд.

Хабарнигори ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Хуршед Мавлонов мегӯяд, ки агар ҳадафи мутасаддиёни форум таблиғи чорабинӣ бошад, пас журналистон бояд як қисми асосии иштирокчиён мебуданд, вале вақте мегӯянд, ки «агар ҷой монад, шумо медароед ва ё пас аз оғози қисмати асосии чорабинӣ шуморо бо толор роҳ медиҳем», ин як хунукназарии мутасаддиён дар масъалаи ташвиқу тарғиби чунин чорабинии сатҳи баланд мебошад.

Воқеан, чаро масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ чунин муносибатро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма раво диданд? Магар ҳадафи онҳо таблиғу ташвиқи чорабинӣ набуд? Ё ин чорабинӣ танҳо ба хотири гузаронидану ҳисобот додан ба Ҳукумати мамлакат асту бас? Агар имкони ҷой додан набуд, пас чаро рӯзноманигоронро даъват карданд? Инҳо суолҳоеанд, ки аз масъу­лин посух мехоҳанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»