Хабари Маркази иттилоотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Саидов З.Ш.

№89-90 (3074-3075) 23.07.2013

Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноболиғ шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат намуд, ки Саидов З.Ш. ба номуси ӯ таҷовуз кардааст.

Зимни баррасии аризаи мазкур муайян карда шуд, ки Саидов З.Ш. моҳи апрели соли 2008, дар шаҳри Душанбе, дидаю дониста шаҳрванд «А»-ро, ки ноболиғи 14 -сола буда, толибаи синфи ҳафтум мебошад, бо роҳи фиреб ба як хонаи истиқоматӣ бурда, ӯро ба воситаи нӯшокии мадҳушкунанда беҳуш карда, ба номусаш таҷовуз мекунад.

Ҳамин тавр, Саидов З.Ш. аз сарватмандию дороии худ истифода карда, ба тақдири минбаъдаи ноболиғ «А» беэътиноии маҳз зоҳир намуда, аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода карда, бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ мунтазам алоқаи ҷинсӣ карданашро бо ӯ давом медиҳад. Дар давраи солҳои 2008- 2012 дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии мунтазами           Саидов З.Ш. бо шаҳрванд «А», номбурда се маротиба ҳомиладор мешавад. Саидов З.Ш. бо мақсади он, ки кирдори ҷинояткоронаи ӯ ошкор нагардад, дар ин се ҳолат шаҳрванд «А»-ро барои исқоти ҳамл кардан маҷбур месозад, ки дар натиҷа охирин аз ноилоҷӣ дар ин се ҳолат исқоти ҳамл менамояд.

Аз ин ҳолати ногувори шаҳрванд «А» модари ӯ огаҳӣ пайдо карда, бо Саидов З.Ш. вомехӯрад. Саидов З.Ш. барои гумроҳ намудани модари шаҳрванд «А» ваъда медиҳад, ки  духтари ӯро ба зани гирифта, шароити зиндагиашро таъмин мекунад ва Саидов З.Ш. ӯро тарсонида мегӯяд, ки оид ба ин воқеа ба касе хабар надиҳад, агар шикоят кунед ҳам маро ҳеҷ кор карда наметавонад, вале шумо худро беобру месозед.

Сипас, Саидов З.Ш. бо мақсади он ки кирдорҳои ғайриқонуниаш ошкор нагардад, моҳи августи соли 2012 шаҳрванд «Б»-ро 1300 доллари америкоӣ дода, боз ба ӯ маблағи пулии зиёд ваъда карда, ба издивоҷ кардан бо шаҳрванд «А» моил менамояд ва ба ӯ ваъда медиҳад, ки дар сурати розӣ кунонидани  шаҳрванд «А» ва оила барпо карданашон, барои онҳо аз ҳисоби худаш ҳавлии истиқоматӣ харида, тӯйи домодию арӯсии онҳоро ба дараҷаи олӣ дар беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе мегузаронад.

Шаҳрванд «А» аз ин нияти ғаразноки Саидов З.Ш. огаҳӣ пайдо карда, баъди маротибаи чорум ҳомиладор шуданаш аз Саидов З.Ш. пинҳон шуда, фарзанд таваллуд мекунад, зеро духтурони  гинеколог ба ӯ фаҳмонда буданд, ки аз исқоти ҳамли барзиёд метавонад безурриёт гардад. Ҳоло фарзанди ӯ семоҳа мебошад.

Оид ба ҳодисаи мазкур 16 июли соли 2013 нисбати Саидов З.Ш. бо моддаҳои 138 қисми 2 банди «д» (таҷовуз ба номуси духтари баръало ноболиғ), 141 қисми 1 (алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) ва моддаи 124 (ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки тафтиши пешакии он идома дорад.