«Иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба алимент ва маскун кардан: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он»

№83-84 (4345-4346) 26.06.2021

2_5370927543622831847Таҳти ин унвон 22 июни соли равон дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и пойтахти мамлакат бо ибтикори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри такмили қонунгузорӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро бо иштироки намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, вазорату идораҳои дахлдор, донишгоҳҳо ва шарики рушд — ҳамоҳангсози миллии Барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) суҳбати гирди миз баргузор шуд.

 Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода қайд намуд, ки бо ташаббуси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷро таъсис ёфта, 22 июни соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи он тасдиқ гардид. Роҳбарият ва кормандони он аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ диққати асосиро ба беҳтар намудани иҷрои воқеии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ, барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонидашуда, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рафти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ равона намуда, зери назорати қатъӣ қарор доданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардида, сифати иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, фоизи иҷро назар ба солҳои пешин ба маротиб баланд бардошта шуд.

 - Дар баробари корҳои анҷомдода, ҳангоми таъмини иҷрои санадҳои судӣ, иҷрочиён ба мушкилиҳое низ дучор мешаванд, ки роҳи ҳаллашон танҳо аз онҳо вобастагӣ надорад. — Яке аз онҳо вобаста ба ситонидани алимент ва маскун кардан ба миён меояд. Бинобар ин, Хадамоти иҷро баҳри таъмини иҷрои босифат ва саривақтии ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани алимент аз тамоми неру, тадбир ва имкониятҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ самаранок истифода намуда, қонеъ намудани талаботи дар ҳуҷҷатҳои иҷро зикргардидаро ба манфиати ситонандагон меҳвари асосии фаъолият қарор додааст, — афзуд Барно Саидвализода.

 Инчунин, қайд гардид, ки дар истеҳсолоти иҷрочиёни мақомоти иҷро, дар маҷмӯъ, 84 628 адад ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ қарор дорад. Онҳо ҷиҳати ситонидани маблағҳои алимент аз ҳисоби волидайн мунтазам амалҳои иҷрои таъхирнопазир гузаронида, баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳанд. Барои мисол, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон танҳо дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 11 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд.

 Аммо, новобаста аз тадбирҳои рӯзмараи андешида, ситонидани алимент яке аз проблемаҳои мубрам дар кишвар боқӣ мемонад. Саркашӣ намудани падару модарон аз таъминоти фарзандон шароити ҳаёти онҳоро бад намуда, ба вазъи саломатиашон таъсири манфӣ расонида, инкишофи муқаррарии ноболиғонро вайрон месозад. Кӯдакон дар аксар маврид ҷабрдидаи муноқишаҳои волидон мегарданд ва гоҳҳо баъзе аз падарон барои қасд гирифтан аз собиқ ҳамсарон маблағи алиментро барои таъминоти кӯдакони ноболиғашон пардохт намекунанд. Дар ин маврид ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон поймол гашта, онҳо аз ҷиҳати рӯҳию равонӣ ва тарбиявӣ солим ба воя намерасанд. Мутаассифона, ҳолатҳои бадқасдона саркашӣ намудани падару модарон аз таъминоти фарзандон зиёд аст. Чунончӣ, дар 5 моҳи аввали соли равон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 107 нафар қарздор тибқи талаботи моддаи 177-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Дар ҳамин давра бо пешниҳоди иҷрочиёни мақомоти иҷро нисбат ба 181 нафар қарздоре, ки аз супоридани алимент саркашӣ намуда, ҳатто пинҳон шудаанд, бо таъиноти судӣ кофтуков эълон карда шуд.

 Бе баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла ситонандагон ва қарздорон ҳал намудани проблемаи рӯёнидани алимент ғайриимкон аст, чунки онҳо дар сурати даст­расӣ ва истифодабарӣ аз иттилооти муҳими ҳуқуқӣ, ки ба манфиаташон дахл дорад, агар моҳирона ва оқилона баҳраҷӯӣ намоянд, мушкилии эҷодшуда бартараф гардида, ба тарафҳо оқибати ҳуқуқии манфӣ намеорад. Умуман, шахсоне, ки фарҳанги ҳуқуқиашон дар сатҳи баланд қарор дорад, аз доираи муайяннамудаи қонунгузорӣ набаромада, барои супоридани маблағи алимент мушкилӣ эҷод намекунанд. Оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 таҳти №599 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» қабул гардидааст. Ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро дар байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо доир ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 январи соли 2021, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва дигар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқии ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 936 (2020 — 462) маротиба вохӯрию суҳбат, баромад ва дар нашрияҳои давлатӣ мақола ба чоп расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 474 баромад зиёд мебошад.

 Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар масъалаи пардохти алимент дигар мақомот ва ҷомеаи маданӣ низ бояд бетарафӣ зоҳир накарда, оид ба ин мушкилӣ ба иҷрочиёни мақомоти иҷро ҳамкорӣ намоянд, чунки дар шароити ҳозира, ки пай дар пай буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ба аҳли башар мушкилӣ эҷод менамоянд, мусоидат намудан ба таъминоти кӯдакони ноболиғ иҷро намудани рисолати инсонии ҳар як шахс маҳсуб меёбад.

 Мушкилоти дигар иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба маскун кардан ба манзили истиқоматӣ мебошад, чунки қарздор дар ҳама ҳолат имконият намедиҳад, ки ситонанда дар як бино бо ӯ истиқомат намояд. Ҳолатҳое зиёданд, ки қарздор дари хонаро маҳкам намуда, муддати зиёд дар хона истиқомат намекунад, то ин ки иҷрои санади судиро ғайриимкон гардонад. Инчунин, дар бисёр ҳолат пас аз маскун намудан ва рафтани иҷрочӣ, қарздор ситонандаро аз ҳуҷраи маскуншуда пеш мекунад.

Ҳангоми маскун кардан, агар аз як ҷониб, амалӣ намудани ҳуқуқи собиқ узви оилаи соҳибмулк бошад, аз ҷониби дигар, бояд ин ҳуқуқ ба тарзе амалӣ карда шавад, ки ҳуқуқҳои соҳибмулки манзил халалдор нагарданд.

Талаботи замони муосир низ проблемаҳои навро оид ба маскун кардан ба манзили истиқоматӣ ба миён мегузорад, ки ҳалли онҳо ногузир мебошанд. Таҳлилҳо дар ин самт нишон медиҳанд, ки дар панҷ моҳи соли 2021 дар истеҳсолоти иҷрочиён 772 (6 моҳи соли 2020 — 616) истеҳсолоти иҷро вобаста ба маскун кардан мавриди иҷро қарор гирифтааст, ки назар ба шаш моҳи соли 2020-ум 156 адад зиёд мебошад.

 Вобаста ба мушкилоти мавҷуда намояндагони Хадамоти иҷро ва мақомоту идораҳои ширкатварзида баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои судманди зеринро ироа намуданд:

 - кӯдакон таҳти ҳимояи давлат қарор доранд ва барои таъминоти онҳое, ки бо сабабҳои гуногун падару модаронашон маблағи алиментро пардохт карда наметавонанд, Фонди махсуси давлатӣ таъсис дода шавад. Онро саховатмандон, соҳибкорон, ташкилотҳои байналмилалие, ки вазифаашон аз дастгирию кумаки модару кӯдак вобастагӣ дорад, метавонанд маблағгузорӣ намоянд. Фонди махсус аз ҳисоби хайрхоҳон барои таъминоти кӯдакони ноболиғ ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта оварда мерасонад. Баъди пайдо гардидани қарздорон хароҷоти масрафшуда аз ҳисоби онҳо рӯёнида шавад;

- дар қонунгузории амалкунанда тағйирот ворид карда шуда, қарздороне, ки бе сабаб дар ягон ҷой кору фаъолият намекунанд ва барои таъминоти кӯдаконашон маблағи алиментро пардохт намекунанд, ҳатман ҷарима карда шаванд;

- бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва сол то сол зиёд гардидани шумораи иҷроварақаҳо, алалхусус, иҷроварақаҳо вобаста ба ситонидани маблағи алимент, ки айни ҳол дар баррасии ҳар як иҷрочӣ зиёда аз 600 то 1200 санади судӣ, санадҳои дигар мақомоти давлатӣ қарор доранд, воҳидҳои кории иҷрочиён ва маоши онҳо зиёд гардида, бо шароити хуби замонавӣ таъмин карда шаванд;

- бо мақсади тақвияти ҳадафҳои иҷтимоии давлат ва такмили асосҳои ҳуқуқии таъмини кафолати давлатии ҳимояи маъюбон ва кӯдакони ятиму бепарастормонда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоят ва парасторӣ» ва оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо «Консепсияи давлатӣ оид ба ташкил, нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани муносибатҳои оилавӣ» таҳия ва қабул карда шавад;

- ҳолати ба манзил эҳтиёҷ доштани шаҳрвандоне, ки ба судҳо оид ба маскун намудан ба манзили истиқоматӣ муроҷиат мекунанд, аз тарафи судҳо дар рафти баррасии парвандаҳо муайян карда шавад. Чунки дар аксар маврид барои қасос гирифтан аз собиқ шавҳар ё аъзои оилаи ӯ собиқ келинҳо оид ба маскун намудан ба манзили истиқоматӣ муроҷиат мекунанд, ки дар натиҷа, оилаи нави барпонамудаи шавҳар низ вайрон мегардад. Барои ба манзили истиқоматӣ маскун дар қонунгузорӣ муҳлати зисти собиқ келин ба муҳлати на камтар аз 5 сол муқаррар карда шавад.

 Ҳамчунин қайд гардид, ки дигар мушкиле, ки алҳол ҳангоми ҳалли баҳсҳо дар судҳо дучор мегардад, риояи талаботи моддаи 36-37 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад. Яъне, ҳолатҳое мешавад, ки риояи талаботи меъёрҳои Кодекси манзил, аз қабили «манъ будани дар як утоқ ҷойгир намудани шахсони гуногунҷинси аз 7 — сола калонтар» ё «меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳар шахс ба андозаи 12 метри мураббаъ» дар ҳалномаҳои судӣ риоя карда намешавад, ки ин ҳолат аз набудани шароити манзилии хонаи истиқоматии баҳсӣ ва ноилоҷӣ ба вуқӯъ меояд. Бинобар ин, бояд дар санадҳои судӣ муҳлати будубоши ситонандагон дар манзил дарҷ карда шавад.

Гузашта аз ин, бобати масъалаи такмил додани қонунгузории батанзимдарорандаи муносибатҳо вобаста ба алимент, маскун кардан, аъзои оилаи молик эътироф намудан ва роҳҳои ҳалли онҳо табодули афкор сурат гирифт.

Дар ҳар сурат, қобили зикр аст, ки баргузории нишастҳое, ки дар онҳо мушкилии мавҷуда радду бадал шуда, пешниҳоду таклифҳои судманд ироа мегарданд, ба мукаммал намудани қонунгузорӣ, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба рӯёнидани алимент ва маскун кардан, инчунин, ба пешрафти соҳаи истеҳсолоти иҷро дар кишвар мусоидат хоҳанд намуд.

«Садои мардум»