АБАРҚУДРАТҲО МЕХОҲАНД НУФУЗИ ХЕШРО ДАР ОСИЁИ МИЁНА ЗИЁД КУНАНД

№20 майи соли 2016 20.05.2016

Дар шароити пуртазоди ҷомеаи имрӯза, ки миёни давлатҳо муборизаҳои шадиди иттилоотӣ  идома дорад, нақши воситаҳои ахбори омма (ВАО) торафт зиёдтар мешавад. Зеро ВАО силоҳи пуриқтидоре аст, ки бурду бохти ҳар як давлат аз фаъолияти он вобастагӣ дорад. Дар конференсияи  илмию амалии байналмилалӣ, ки дар мавзӯи «Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ» 19 майи соли равон дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, муҳақиқони соҳа ин масъаларо баррасӣ намуданд.  Декани факултети журналистика Саъдӣ Маҳдӣ, муовини ректори ДМТ оид ба илм Сафармаммад Сафармамадов, котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод  ва атташеи маорифи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғ  онистон дар Тоҷикистон доктор Абдулҳай Ором доир ба  зарурат ва муҳимияти баргузории чунин конференсия андешаронӣ намуданд. Баъдан, профессор Ҷовид Муқим дар мавзӯи «Инъикоси муноқишаҳои сарҳади Қирғ  изистону Тоҷикистон дар матбуот», мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ дотсент Сангин Гулов дар мавзӯи «Расонаҳои Тоҷикистон ва робитаҳои минтақавӣ», мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ Б.Қутбиддинов дар мавзӯи «Масъалаҳои геополитикии Осиёи Марказӣ аз нигоҳи коршиносону шореҳон», омӯзгори кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Қурғ  онтеппа ба номи Носири Хисрав Носирҷон Маъмурзода дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои сарҳадӣ ва муносибатҳои Тоҷикистону Афғ  онистон дар матбуоти даврии вилояти Хатлон» ва профессор Абдусаттор Нуралиев дар мавзуи «Инъикоси муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳафтаномаи «Азия-плюс» маърӯза карданд. Нотиқон ба он ишора карданд, ки Осиёи Марказӣ чун минтақаи аз нигоҳӣ геополитикӣ  муҳим зери таваҷҷуҳи давлатҳои абарқудрат қарор дорад. Биноан, онҳо давлатҳои таъсиргузори сиёсати ҷаҳонӣ  мехоҳанд дар ин ҷо нуфузи бештар дошта бошанд.

Конференсия то 20 май давом кард.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»