Ахбори агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№138-139 (3123-3124) 01.11.2013

Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2013

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Маҳсулоти умумии дохилии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 аз рӯйи маълумоти фаврӣ 27601,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 бо нархҳои муқоисавӣ 107,4 фоизро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2013 ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ ба андозаи 100,1 фоизи нақшаи аниқшудаи ин давра иҷро шуд.

Воридоти андозҳо 74,7 фоизи ҳаҷми умумии даромадро ташкил додааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2013 хароҷоти Буҷети давлатӣ ба андозаи 93,1 фоизи нақшаи аниқшуда иҷро шуд.

Ба тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ 27,9 фоиз, барои соҳаҳои иқтисодиёт (бо назардошти ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ) 20,5 фоиз, ба суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ 20,7 фоизи ҷамъи маблағ сарф карда шудааст.

 САНОАТ

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 6691,9 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 индекси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 104,1 фоизро ташкил кард. Дар моҳи сентябри соли 2013 ба маблағи 869,8 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки аз сатҳи соли 2012-ум 6,2 фоиз зиёд аст.

Дар саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсолот 823,0 млн. сомонӣ, саноати коркард 4437,8 млн. сомонӣ, дар истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ ва об 1431,1 млн. сомониро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013-ум 693 корхона (64,2 фоиз) сатҳи истеҳсолро нисбат ба соли 2012 баланд бардоштанд. Зимнан, соли 2013-ум 123 корхона ё 11,4 фоизи миқдори умумии корхонаҳо кор накарданд.

Дар давраи ҳисоботи соли 2013 афзудаанд: истихроҷи ангиштсанг, маводи ғайримаъдании бинокорӣ, намаки ошӣ, истеҳсоли гӯшт, колбаса, панири равғанин, кетчуп, истеҳсоли макарон ва маснуоти қаннодӣ, оби ҷав, консерваҳо, нӯшокиҳои беспирт, истеҳсоли газвори абрешимӣ, қолин ва маснуоти қолинӣ, маснуоти ҷӯробу пайпоқ, пойафзол (аз он ҷумла бачагона), битум, асфалт, оҳак, хишти бинокорӣ, аккумулятор, трансформатор, мех, маснуот аз пластикаи филизӣ, арматураи сохтмонӣ, истеҳсоли неруи барқ, қувваи ҳароратӣ ва ғайраҳо.

Айни замон истихроҷи ангишти бӯр, газ, нафт, истеҳсоли меваи хушк, мусалласи ангурӣ, равғани растанӣ, папиросу сигарет, нахи пахта, чигити тухмӣ, газворҳои пахтагин, пӯст, пойафзоли резинӣ, бензин, сӯзишвории дизелӣ, мазут, собуни ҷомашӯӣ, семент, тахтасангҳои мармарин, плитаҳои тарабхонаҳо кам шуд.

 КИШОВАРЗӢ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 дар ҳама категорияҳои хоҷагӣ 11256,9 млн. сомониро (бо нархҳои ҷорӣ) ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2012-ум 9,3 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ 7999,3 млн. сомонӣ ё 10,8 фоиз ва чорводорӣ 3257,6 млн. сомонӣ ё 5,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 1116038 тонна ғалладона, 243514 тонна пахта, 757705 тонна картошка, 1027978 тонна сабзавот, 367956 тонна полезӣ, 229779 тонна меваҷот ва 121474 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ғалладона 12,2 фоиз, пахта 25,5 фоиз, картошка 13,8 фоиз, сабзавот 8,3 фоиз, полезӣ 1,3 фоиз, меваҷот 4,6 фоиз ва ангур 6,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ то 1 октябри соли 2013-ум 294314 гектар зироати ғалладона (бе ҷуворимакка) даравида, 290275 гектар кӯфта шуда, 761547 тонна ғалла истеҳсол карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 26,2 сентнериро ташкил медиҳад, аз он ҷумла майдони 220116 гектар гандум даравида шудааст, ки аз  217555 гектари кӯфташуда 644692 тонна гандум истеҳсол карда шудааст ва ҳосилнокӣ 29,6 сентнериро ташкил намуд. Аз 15845 гектар 353592 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 223 сентнерӣ, аз 20621 гектар 454951 тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 221 сентнериро ташкил медиҳад. Аз 12125 гектар 228315 тонна зироати полезӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 188 сентнериро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давра 81206 тонна мева ё 9,0 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд ва ангур 44553 тонна, мутаносибан 1,0 фоиз зиёд ҷамъоварӣ карда шудааст.

То 1 октябри соли 2013 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар 4985 гектар замин зироати барвақтӣ кишт намудаанд. Аз замини умумии кишт 4102 гектарро сабзавот ва 880 гектарро зироатҳои хӯроки чорво ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 8,0 фоиз ва зироати хӯроки чорво 14,0 фоиз кам кишт карда шудааст.

То 1 октябри соли 2013 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 50303 тонна ғалладонаи тухмӣ (аз он ҷумла гандум 43331) захира намудаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тухмии ғалладона ва лӯбиёӣ 6,4 фоиз, аз он ҷумла гандум 6,0 фоиз зиёд захира карда шудааст.

То 1 октябри соли 2013 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 9048,2 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 фоиз кам аст. Аз масоҳати умумии боғҳо 2484,6 гектар мевагиҳои тухмдор, 5305,6 гектар мевагиҳои донакдор, 923,8 гектар мағздор, 333,0 гектар субтропикӣ ва 1,2 гектар ситрусӣ шинонида шудааст. Аз миқдори умумии боғҳои нав 1829,7 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудаанд.

То 1 октябри соли 2013 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 11313 адад трактори гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 7854 адад ё 69,0 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

То 1 октябри соли 2013 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калон 2056,8 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,3 ҳазор сар ё 2,5 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 182,0 ҳазор сар ё 3,8 фоиз афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,3 фоизи саршумори чорвои калон ва 81,8 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 104328 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2012 -ум 5,7 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 -ум 524064 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012-ум 5,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 ба миқдори 236078 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012 — ум 7,9 фоиз зиёд аст.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар моҳҳои январ – сентябри  соли 2013 -ум 2874,3 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012 -ум 6,8 фоиз зиёд мебошад.

То 1 октябри соли 2013 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба миқдори 23078 сар гӯсола ва ба миқдори 294622 сар барра ва бузғола гирифтаанд.

Дар давраи ҳисобот ба миқдори 411679 тонна хӯроки чорво (бо воҳиди хӯрока) захира карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012 — ум 6,0 фоиз зиёд аст.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ 2882 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 2431 ҳазор сомонӣ ё 12,0 фоиз ва чорводорӣ 451 ҳазор сомонӣ ё 7,1 фоиз зиёд шудааст.

 МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013-ум 8,8 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,3 фоиз зиёд аст.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ сайди моҳӣ 578,5 тоннаро ташкил намуд, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои ВМКБ 88,2 тонна, вилояти Хатлон 352,6 тонна, вилояти Суғд 122,4 тонна, ноҳияҳои: Ваҳдат 10,5 тонна, Шаҳринав 3,4 тонна, Рӯдакӣ 0,9 тонна ва Ҳисор 0,5 тонна моҳӣ сайд карда шудааст. Аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 15,9 фоиз намуди пешониғафси сафед (толстолобик), 9,3 фоиз амури сафед, 6,9 фоиз зағорамоҳӣ (сазан) ва 67,9 фоизро дигар намуди моҳиҳо ташкил мекунанд.

СОХТМОН

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ дар ҳаҷми  3614,4 млн. сомонӣ истифода карда шудааст (бо нархҳои аслии амалкунанда), ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,5 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми асосии сармоягузорӣ дар сармояи асосӣ аз тарафи корхона ва ташкилотҳо аз ҳисоби маблағҳои зерин сарф карда шудааст: давлатӣ – 1606,6 млн. сомонӣ ё 44,4 фоиз, аҳолӣ – 242,8 млн. сомонӣ ё 6,7 фоиз, ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд – 289,7 млн. сомонӣ ё 8,0 фоиз, корхонаҳои шахсӣ – 266,3 млн. сомонӣ ё 7,4 фоиз, маблағгузориҳои хориҷӣ – 718,5 млн. сомонӣ ё 19,9 фоиз, корхонаҳои муштарак 309,7 млн. сомонӣ ё 8,5 фоиз, саҳмиягузорон 176,6 млн. сомонӣ ё 4,9 фоиз, хоҷагиҳои деҳқонӣ 2,4 млн. сомонӣ ё 0,1фоиз, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 1,7 млн. сомонӣ ё 0,1 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузории ҷумҳурӣ.

Аз рӯйи таъиноти истеҳсолӣ 1695,0 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 46,9 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузориҳои ҷумҳурӣ иҷро гардидааст.

Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 1069,5млн. сомонӣ ҳаҷми умумии ҷумҳурӣ иҷро гардидааст.

Аз рӯйи таъиноти истеҳсолӣ фондҳои асосӣ 311,6 млн. сомонӣ ё 29,1 фоизи фондҳои умумии ба кор андохташудаи ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 334,2 млн. сомонӣ ё 31,2 фоиз, аҳолӣ – 242,3 млн. сомонӣ ё 22,7 фоиз, саҳомӣ – 90,8 млн. сомонӣ ё 8,5 фоиз, корхонаҳои шахсӣ – 167,9 млн. сомонӣ ё 15,7 фоиз, корхонаҳои хориҷӣ – 138,5 млн. сомонӣ ё 12,9 фоиз, корхонаҳои муштарак – 22,0 млн. сомонӣ ё 2,1 фоиз, ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд –69,9 млн. сомонӣ ё 6,5 фоиз, хоҷагиҳои деҳқонӣ — 2,2 млн. сомонӣ ё 0,2 фоиз, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» — 1,7 млн. сомонӣ ё 0,2 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ – 1919,4 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки ин 53,1 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузории ҷумҳуриро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 ба масоҳати умумии 499,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,6 фоизро ташкил медиҳад.

Биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд. Онҳо дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013-ум 456,6 ҳазор метри мураббаъ ё 91,3 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматии ба истифода додашударо сохтаанд.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013-ум 39 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 6232 ҷои талаба, аз он ҷумла дар вилояти Хатлон – 4368 ҷои талаба, дар вилояти Суғд – 904 ҷои талаба, дар ш. Душанбе – 960 ҷои талаба ва 27 адад дармонгоҳ барои 666 ҷои қабул дар як баст, аз он ҷумла дар вилояти Хатлон барои 606 ҷои қабул дар як баст, дар вилояти Суғд 60 ҷои қабул дар як баст сохта, ба истифода дода шудаанд.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 — ум 4 адад беморхона барои 244 кат, аз он ҷумла дар вилояти Суғд барои 122 кат, дар вилояти Хатлон барои 122 кат ва 5 адад муассисаҳои томактабӣ барои 142 ҷой, аз он ҷумла дар вилояти Хатлон –2 адад барои 62 ҷой, дар вилояти Суғд – 1 адад барои 40 ҷой ва дар ноҳияи Ҷиргатол — 2 адад барои 40 ҷой ба истифода дода шудаанд.

Ташкилотҳои пудратии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 бо қувваи худ ба маблағи 1990,9 млн. сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012-ум 639,7 млн. сомонӣ зиёд аст.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро карда шудаанд: давлатӣ 141,1 млн. сомонӣ ё 7,1 фоиз, саҳомӣ 538,7 млн. сомонӣ ё 27,1 фоиз, ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 1250,8 млн. сомонӣ ё 62,8 фоиз, корхонаҳои шахсӣ 60,3 млн. сомонӣ ё 3,0 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.

 НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 54652,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012-ум 1,9 фоиз зиёд аст.

Бо нақлиёти истифодаи умум 10892,3 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 20,0 фоизи бори умумии дар ҷумҳурӣ кашонидашударо ташкил медиҳад, бо нақлиёти автомобилии вазорату идораҳо 15191,4 ҳазор тонна (27,8 фоиз), бо нақлиёти соҳибкороне, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 27093,8 ҳазор тонна (49,5 фоиз), бо нақлиёти байналхалқӣ — 1475,3 ҳазор тонна (2,7 фоиз) бор кашонида шудааст.

Таносуби боркашонии нақлиёти автомобилӣ дар ҳаҷми умумии боркашонӣ 91,0 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 бо нақлиёти роҳи оҳан 4932,6 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 80,4 фоизи сатҳи соли 2012-ро ташкил кард, бо нақлиёти ҳавоӣ 1,7 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012 — ум 87,0 фоизро ташкил дод.

Гардиши бор бо боргардиши ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 ба 4932,4 млн.т-км расид ва нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012-ум 13,8 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 бо ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбар 416,4 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 фоиз зиёд шудааст.

Аз шумораи умумии мусофирони кашонидашуда, бо нақлиёти истифодаи умум 114,6 млн. нафар ё 27,5 фоизи ҳаҷми умумии мусофирбарӣ кашонида шудааст ва нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли гузашта ҳаҷми мусофирони кашонидашуда 8,2 фоиз афзудааст.

Бо нақлиёти автомобилӣ (бе назардошти нақлиёти таксомоторӣ) дар давраи ҳисобот 406,1 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 108,8 фоизро ташкил медиҳад.

Бо нақлиёти барқӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013-ум 6950,7 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки ба сатҳи соли гузашта баробар аст.

Бо нақлиёти роҳи оҳан 359,3 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012-ум 93,0 фоиз) бо нақлиёти ҳавоӣ 787,4 ҳазор нафар (нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012-ум 110,1 фоиз) мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012-ум 8,0 фоиз зиёд шуда, 7808,7 млн. мусофир-км-ро ташкил кардааст.

 САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ БА АҲОЛӢ

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 ҳаҷми гардиши савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012-ум 17, 2 фоиз ё ба маблағи 1647,2 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 ташкилотҳои савдои чаканаи ҳамаи шаклҳои моликият ва шахсони воқеӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи 8199,7 млн. сомонӣ мол фурӯхтаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012 — ум 16,7 фоиз зиёд аст.

Таносуби молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 43,4 фоиз ё 3558,7 млн. сомонӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ 56,6 фоиз ё 4641,0 млн. сомониро ташкил додааст, яъне озуқаворӣ ба маблағи 1082,3 млн. сомонӣ кам фурӯхта шудааст.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ гӯшт ва маснуоти гӯштӣ (22,3 фоиз), орду нон (9,9 фоиз), қанду шакар ва маснуоти қаннодӣ (8,1 фоиз), равғани растанӣ (3,8 фоиз), сабзавот (2,7 фоиз) афзалият доранд. Аз молҳои ғайриозуқаворӣ таносуби бештар ба маҳсулоти нафтӣ (22,2 фоиз), маводҳои бинокорӣ (16,9 фоиз), автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо (8,7 фоиз), газворҳо (11,0 фоиз), пойафзол (5,3 фоиз), доруворӣ (3,0 фоиз), молҳои телевизору радио (1,6 фоиз) рост меояд.

Таносуби молгардиши бахши ғайридавлатӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013-ум 99,1 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кардааст.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 гардиши моли чакана ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 1017,2 сомонӣ рост меояд.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 ҳаҷми хизмати пулакие, ки ба аҳолии ҷумҳурӣ расонда шудааст, 6952,8 млн.сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012-ум 11,2 фоиз зиёд аст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда ба маблағи 3558,5 млн. сомонӣ хизмат расонидаанд, ки 51,2 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониро ташкил медиҳад.

 ХУСУСИГАРДОНИИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ ВА МАНЗИЛ

Аз рӯйи маълумотҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013-ум дар ҷумҳурӣ 199 объекти ғайриманқул ва аз аввали хусусигардонӣ (соли 1991) то айни замон 12188 объект хусусӣ гардонида шудааст.

Дар сохтори соҳавии хусусигардонии амволи давлатӣ, ҳиссаи соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ 7,0 фоиз, аз аввали хусусигардонӣ 22,2 фоиз; мутаносибан ҳиссаи соҳаи саноат – 3,5 фоиз ва 4,6 фоиз; кишоварзӣ – 39,2 фоиз ва 23,9 фоиз; сохтмон 3,0 фоиз ва 5,7 фоиз; нақлиёт ва алоқа — 6,5 фоиз ва 3,9 фоиз; хизмати маишӣ – 5,5 фоиз ва 19,7 фоиз; дигар соҳаҳои иқтисодиёт – 35,1 фоиз ва 20,0 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи минтақаҳо дар хусусигардонии объектҳои хусусигардонидашуда чунин аст: шаҳри Душанбе – 5,5 фоиз (аз аввали хусусигардонӣ  16,5 фоиз), вилояти Суғд – 55,3 фоиз (28,6 фоиз), вилояти Хатлон – 13,1 фоиз (32,3 фоиз) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 6,5 фоиз (аз аввали хусусигардонӣ 2,5 фоиз) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 19,6 фоиз (20,0 фоиз).

То 1 октябри соли 2013 дар ҷумҳурӣ (аз аввали хусусигардонӣ) 269,5 ҳазор квартира хусусӣ карда шудааст, аз он ҷумла 195,0 ҳазор квартира (72,4 фоизи шумораи умумии квартираҳои хусусигардонидашуда) фурӯхта шудааст; 4,0 ҳазор квартира (1,4 фоиз) бо пардохти қисми пулаш ва 70,5 ҳазор квартира бошад (26,2 фоиз) бепул хусусӣ гардонида шуда, ба аҳолӣ дода шудааст.

Дар  моҳҳои январ — сентябри соли 2013 дар ҷумҳурӣ — 648 квартира, аз он ҷумла: дар ВМКБ – 4 квартира, дар вилояти Суғд – 165 квартира, дар вилояти Хатлон – 274 квартира, дар шаҳри Душанбе- 174 квартира ва дар НТҶ –31 квартира хусусӣ гардонида шудааст.

 НАРХ ВА ТАЪРИФА

Дар нуҳ моҳи соли 2013 индекси нарҳои истеъмолӣ 102,8 фоиз, аз он ҷумла ба молҳои озуқа – 101,8 фоиз, ба молҳои ғайриозуқа – 105,5 фоиз ва ба хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 1,7 фоизро ташкил кард. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,31 фоизро ташкил дод (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,62 фоиз буд).

Нархҳои истеъмолии молҳои озуқаворӣ дар 9 моҳи соли 2013 – 1,8 фоиз қимат шудаанд, аз он ҷумла: сабзӣ 1,8 баробар, себ — 45,1 фоиз, карам — 24,1 фоиз, биринҷ — 12,3 фоиз, маҳсулоти турши ширӣ — 10,2 фоиз, арақ — 7,8 фоиз, маҳсулоти макаронӣ — 7,6 фоиз, моҳии зинда ва шир — 7,0 фоиз, равғани пахта — 4,3 фоиз, шарбатҳои меваю сабзавот — 3,3 фоиз, гӯшти гӯсфанд — 2,7 фоиз, шакар — 2,1 фоиз ва гӯшти гов — 1,0 фоиз. Дар айни ҳол, нархи молҳои зерин арзон шуд: бехпиёз 25,3 фоиз, орди гандуми навъи 1-ум — 10,1 фоиз, картошка — 2,5 фоиз ва тухм — 1,0 фоиз.

Дар нуҳ моҳи соли 2013 нархи молҳои ғайриозуқа 5,5 фоиз қимат шудаанд, аз он ҷумла: пойафзоли тобистонаи духтарона -28,1 фоиз, ранги сохтмонӣ — 18,8 фоиз, ҷӯроби пахтагини мардона — 18,2 фоиз, хишти сохтмонӣ — 17,1 фоиз, костюми мардона — 16,9 фоиз, матоъҳои абрешимӣ — 16,3 фоиз, матоъҳои пахтагин — 16,1 фоиз, шими мардона аз матои нимпашмин — 13,8 фоиз, куртаи нимостини бачагона аз матои пахтагин — 10,6 фоиз, семент — 9,5 фоиз, шими ҷинси бачагона — 6,7 фоиз, костюми занона — 6,2 фоиз, пойафзоли хушсохти занона — 6,0 фоиз, хамираи дандоншӯӣ — 5,4 фоиз, шифери асбестусементӣ — 5,3 фоиз, маводҳои шустушӯй — 3,5 фоиз ва маҳсулоти доруворӣ — 2,7 фоиз. Зимнан, нархи бензин 5,5 фоиз арзон шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2013 нарху таърифаҳои хизмати пулакие, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, умуман 1,7 фоиз қимат шудаанд, аз онҳо: хизмати муассисаҳои санаторию истироҳатӣ ва солимгардонӣ -25,1 фоиз, арзиши пардохти нақлиёти ҳавопаймо — 16,7 фоиз, хизмати ҳаммомҳо ва душхонаҳо — 15,0 фоиз, партовҳои маишӣ — 7,3 фоиз, таъмири пойафзол — 3,5 фоиз, арзиши пардохти нақлиёти роҳи оҳан — 3,3 фоиз, хизматрасонии сартарошхонаҳо — 3,0 фоиз ва хизмати хушкашӯӣ — 1,0 фоиз. Зимнан, пастшавии нархи гази моеъ 17,5 фоиз ба қайд гирифта шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2013 индекси нархҳои истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти саноатӣ -103,3 фоиз, аз он ҷумла маҳсулоти истихроҷи канданиҳои фоиданок — 98,7 фоиз, истеҳсолоти коркард – 107,3 фоиз, истеҳсол ва тақсими неруи барқ, газ ва об – 90,7 фоизро ташкил кардааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2013 дар истихроҷи канданиҳои фоиданоки сӯзишворию энергетикӣ пастравии нархи истихроҷу тоза кардани маъдани қӯрғошиму руҳ  -37,9 фоиз ва истихроҷи маводҳои ғайримаъдании бинокорӣ — 1,8 фоиз ба қайд гирифта шудааст. Зимнан, нархи истихроҷи нафти хом 21,3 фоиз, истихроҷи ангиштсанг 10,8 фоиз ва истихроҷи ангишти бӯр 3,5 фоиз қимат шудааст.

Дар байни маҳсулоти истеҳсолоти коркард болоравии нархҳо ба молу маснуоти зерин мушоҳида карда шудааст: cпирти этилӣ-  27,4 фоиз, орд — 16,3 фоиз, маснуоти тамоку — 15,3 фоиз, шаробҳо — 9,8 фоиз, маҳсулоти ширӣ — 4,6 фоиз ва маҳсулоти нон ва булка — 2,8 фоиз.

Болоравии нарх дар истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ ба қиматшавии семент -10,1 фоиз ва маснуоти бетонӣ -1,0 фоиз вобастааст. Дар айни ҳол, нархи оҳак, гаҷ ва масолеҳи андова 16,5 фоиз ва хишти сохтмонӣ ва бомпӯши филизӣ 9,0 фоиз арзон шудааст.

Дар истеҳсолоти металлургӣ нархи хизматрасонии аз нав коркарди алюминий 35,2 фоиз қимат шудааст.

Дар саноати коркарди фулузот нархҳои истеҳсоли маснуоти сабуки филизӣ 17,0 фоиз ва маснуоти сохтмони филизӣ 1,7 фоиз арзон шудааст.

Индекси таърифаи боркашонӣ ба воситаи ҳамаи намудҳои нақлиёт ба ҳисоби миёна дар 9 моҳи соли 2013 умуман 0,7 фоиз афзудааст, ки ин бо болоравии таърифаи боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан — 6,0 фоиз вобаста мебошад.

 БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА ҲАҚҚИ МЕҲНАТ

Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар ҳамаи cоҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ дар моҳҳои январ — августи соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 1,8 фоиз афзуда, 1049,8 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Шумораи бекорони дар Хадамоти шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 сентябри соли  2013-ум 55,8 ҳазор нафарро ташкил кард, аз ҷумла занон 52,6 фоиз (29,3 ҳазор нафар)-ро ташкил додаанд. Сатҳи бекорӣ (бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда нисбат ба аҳолии дар иқтисодиёт фаъол) 2,5 фоизро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии (навишташуда) кор дар моҳҳои январ -августи соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум қариб 28,8 фоиз афзуда, 670,07 сомониро ташкил дод.

Музди ҳақиқии кор бо назардошти тағйироти индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ — августи соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 21,8 фоиз зиёд шудааст.

 ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3807,4 млн. доллари ИМА — ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2012 — ум 4,2 фоиз ё 154,7 млн. доллар зиёд аст. Тарози савдо манфӣ буда, дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013–ум  – 2047,1 млн. долларро ташкил кард.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 содироти мол 880,1 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2012-ум 9,2 фоиз ё 89,3 млн. доллар кам аст.

Воридоти мол ба ҷумҳурӣ 2927,3 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2012-ум 9,1 фоиз ё 244,0 млн. доллар зиёд мебошад.

Оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Туркия – 42,2 фоизи ҳаҷми умумии содирот, Эрон – 10,9 фоиз, Россия – 9,7 фоиз, Афғонистон – 9,2 фоиз, Ҷумҳурии Халқии  Хитой – 8,0 фоиз, Қазоқистон ва Швейтсария – 6,3 фоизӣ, Покистон – 1,8 фоиз, Италия -1,4 фоиз, Қирғизистон — 0,7 фоиз, Ӯзбекистон – 0,5 фоиз, Туркманистон ва Руминия — 0,4 фоизӣ, Литва, Беларус, Молдова ва АМА – 0,2 фоизӣ ва ғайраҳо.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифта аст: аз Россия – 21,2 фоизи ҳаҷми умумии воридот, аз Қазоқистон – 14,4 фоиз, Ҷумҳурии Халқии  Хитой – 14,0 фоиз, Литва ва ИМА – 5,0 фоизӣ, Қирғизистон — 4,8 фоиз, Эрон — 4,6 фоиз, Нидерланд ва Туркия – 3,6 фоизӣ, Туркманистон – 3,1 фоиз, Ямайка ва Покистон – 2,2 фоизӣ, АМА — 2,0 фоиз, Афғонистон ва Украина – 1,7 фоизӣ, Ҷумҳурии Корея – 1,2 фоиз, Белорус, Ҳиндустон ва Бразилия – 1,0 фоизӣ, Ветнам ва Олмон – 0,9 фоизӣ, Латвия — 0,7 фоиз, Италиё, Фаронса ва Британияи Кабир – 0,4 фоизӣ, Венесуэла- 0,3 фоиз ва ғайраҳо.

 ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 ба ҷумҳурӣ 44 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 56518,6 ҳазор доллар ё 9657,5 тонна ёрии башардӯстона расонидаанд.

Аз ҷумлаи мамлакатҳои ёрирасон таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона ба ИМА – 62,9 фоиз, Нидерланд – 3,7 фоиз, Ҷумҳурии Халқии  Хитой – 3,3 фоиз, АМА -2,7 фоиз, Дания – 2,3 фоиз, Австрия – 1,8 фоиз, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея ва Британияи Кабир – 1,3 фоизӣ, Олмон -1,1 фоиз, Эрон – 0,9 фоиз, Латвия — 0,8 фоиз, Фаронса  ва Покистон — 0,4 фоизӣ, Туркия, Исроил, Афғонистон, Испания ва Малайзия – 0,3 фоизӣ, Ливан, Белгия, Швейтсария ва Панама – 0,2 фоизӣ, аз ИДМ: ба Русия – 11,0 фоиз, Украина – 0,7 фоиз, Қазоқистон – 0,6 фоиз ва ғайраҳо рост меояд.

 ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА ЁРДАМПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 — ум 995782,3 ҳазор сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва ёрдампулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 — ум бо назардошти бақияи аввали сол (26685,6 ҳазор сомонӣ) 1003341,5 ҳазор сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақагирон то 1 октябри соли 2013 — ум 602834 нафарро ташкил медиҳад (бе назардошти шумораи нафақахӯрони корманд).

 ҶИНОЯТКОРӢ

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 — ум 14612 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла 12468 ҷиноятро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратура ба қайд гирифтаанд, ки 85,3 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад. Дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2144 ҷиноят ё 14,7 фоизи шумораи умумии ҷиноятро ба қайд гирифтаанд.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 умуман дар ҷумҳурӣ шумораи ҷинояткории бақайдгирифташуда 10,4 фоиз, дар вилояти Хатлон 24,2 фоиз, ВМКБ 23 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14 фоиз, вилояти Суғд 9,9 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар баробари ин дар шаҳри Душанбе 3,1 фоиз кам ҷиноят ба қайд гирифта шуд.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 — ум 3147 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012 — ум 0,4 фоиз зиёд аст.

Бақайдгирии ҳодисаҳои авбошӣ 42,8 фоиз, қаллобӣ 17,2 фоиз, бадқасдона маъюбу маслуқ кардан 17,1 фоиз, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба таҷовуз 11,1 фоиз, порахӯрӣ 9,3 фоиз, ҳуҷуми роҳзанона 9,1 фоиз, сӯиқасд ба куштор ва куштори бадқасдона 8,7 фоиз, одамрабоӣ аз 5 то 8 ҳодиса ва хариду фурӯши одамон аз 3 то 5 ҳодиса зиёд шудааст.

Нисбат ба моҳҳои январ — сентябри соли 2012 бақайдгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 0,7 фоиз зиёд шудааст.

Бақайдгирии ҳодисаҳои ғоратгарӣ 39 фоиз, дуздӣ 11,6 фоиз, аз ҷумла дуздии хонаҳо 22,8 фоиз кам шудааст.

Дар давраи ҳисобот ҳамагӣ 2219 ҷинояти иқтисодӣ (нисбат моҳҳои январ — сентябри соли 2012 — ум 4,3 фоиз зиёд шудааст) ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 1280 ҷиноятро мақомоти корҳои дохилӣ ва Прокуратура ба қайд гирифтанд ва 626 ҷиноятро ошкор намуданд.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 — ум 360 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракати роҳҳо, ки оқибат бо ҷароҳати сахт ва марги ҷабрдида анҷомидаанд, ба қайд гирифта шуданд (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,2 фоиз зиёд аст).

Ошкоркунии умумии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ — сентябри соли 2013 — ум 87,2 фоизро ташкил кардааст, дар моҳҳои январ — сентябри соли 2012 — ум 89 фоиз буд.

 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон