Арзу тӯли иқтисод

Ҳамкориҳо раванди муттасил буда, дурнамояшон нек аст

№90 (3391) 04.07.2015

БеларусГардиши савдои хориҷӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз 3 миллион доллари ИМА-и солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба 70 миллион доллари ИМА (соли 2011) расида, давоми даҳ соли охир ба  кишварамон 3308 адад трактори истеҳсоли Беларус ворид гардидааст

Маводи журналист замоне ҳадафрасу ҷолиб гардида, муҳимият касб менамояд, ки дар заминаи далелу арқоми асоснок рӯи саҳифа омада бошад. Ағлаб вақт мушоҳида менамоям, ки баъзе журналистони ба истилоҳ «саршинос» бидуни овардани манбаъ андешаҳои подарҳаво ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дури хешро ба хонандагон таҳмил намуданианд. Вале хонандаи закиро  наметавон гумроҳ ва ё фирефта намуд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, пеш аз иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ба таърих, ҳолати кунунии ҳамкориҳои ба муносиботи ду давлати зикршуда рабтдошта таваҷҷуҳ зоҳир намудам. Маълум гардид, ки ҳамкориҳои кишварамон бо Ҷумҳурии Беларус раванди муттасил пайдо карда, дурнамояшон нек аст. Кишвари Беларус аз шумори мамлакатҳои нисбати Тоҷикистон хайрхоҳ маҳсуб ёфта, дар аксар соҳаҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ҷумҳурии мо роҳандозӣ намудааст.

Табиист, ки ин муносиботи ҳасана дар навбати аввал аз равобити дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко маншаъ гирифтаанд. Ҷумҳурии Беларус аз кишварҳои муназзам рушдёбандаи ИДМ буда, аз шаш вилоят иборат мебошад ва онҳо 118 ноҳияро дар бар гирифтаанд. Шумораи аҳолии ин мамлакат 9 миллиону 468 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин миқдор  қариб 2 миллион нафарашон дар пойтахти давлат – шаҳри Минск зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Ин кишвар аз  содиркунандагони пешсафи  автомобилҳои боркаш, тракторҳо, таҷҳизоти роҳсозӣ ва маҳсулоти ширӣ маҳсуб меёбад. Барои мисол, айни замон аз даҳ шинаи трактор, ки дар ҷаҳон истеҳсол мегардад, яктоаш  тамғаи «Дар Беларус истеҳсол шудааст» дорад. Ба ғайр аз ин, 17 фоизи теъдоди умумии комбайнҳои дар дунё истеҳсолшаванда, 6 фоизи тракторҳо, 2,8 фоизи картошка, 5 фоизи шир ба Ҷумҳурии Беларус тааллуқ доранд. Дар ин мамлакат айни замон 10000 номгӯйи молу маҳсулот истеҳсол гардида, сифаташон ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ аст. Овардани далелҳои фавқ ба он хотир аст, ки ҳамватанони азизи мо ба воқеияти дастовардҳои ин кишвар  ва зарурату муҳимияти густариши ҳамкориҳо бо он муътақид гарданд.

Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Беларус солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 3 миллион доллари ИМА –ро ташкил медод.

Ба шарофати заминаҳои фароҳамомада ва ҳавасмандии соҳибкорон ин нишондиҳанда бамаротиб афзоиш ёфта, соли 2011 ба 70 миллион доллари ИМА расид. Соли гузашта, бинобар буҳрони молиявии дар ҷаҳон доманзада, ин рақам коҳиш ёфта, 35 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, миёни 170 давлате, ки Ҷумҳурии Беларус бо онҳо равобити тиҷоратӣ дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми 70 –умро соҳиб аст. Ба кишвари мо аз Ҷумҳурии Беларус асосан техникаи кишоварзӣ, наклиёти калонҳаҷми боркаш, мебел, маводи сохтмонӣ ва ғайра ворид мегарданд. Барои тақвияти суханонам оавардани чанд мисолро бамаврид медонам.

Давоми даҳ соли охир аз ин кишвар 3308 адад трактор ворид гардидааст. Тибқи маълумоти дастрасшуда, теъдоди умумии парки тракторҳои ҷумҳурӣ  дар замони собиқ шӯравӣ 30000 ададро ташкил медод. Аз ин бармеояд, ки танҳо дар як даҳсола тавассути тракторҳои беларусӣ зиёда аз даҳ фоизи ин парк нав карда шудааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки кишвари мо дар самти бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ хеле собитқадам буда, ибтикороти зиёде дорад. Дар амалӣ намудани ин ниятҳои нек техникаҳои азими боркашон нақши муассир доранд. Барои мисол, ҳангоми бунёди НБО-и «Норак»  350 адад автомашинаҳои боркаши тамғаи «БелАЗ» истифода шуда, суръати корҳои сохтмониро бамаротиб афзуданд. Айни замон низ дар кишварамон теъдоди зиёди чунин автомашинаҳо мавриди истифода буда, харидории онҳо ба раванди муттасил табдил ёфтааст.

Шӯрои сеюми соҳибкорони Тоҷикистону Беларус бо сухани ифтитоҳии муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова шурӯъ гардид. Сипас, ҳамраиси Шӯро, раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» профессор Тоҷиддин Пирзода меҳмононро хайра мақдам гуфта, доир ба саҳми Шӯро дар тавсеаи муносиботи  гуногунҷанбаи ду кишвар ва тасмимҳои минбаъда ҷиҳати густариш ва тақвият  бахшидани ин раванд суханронӣ намуд. Тоҷиддин Пирзода аз фароҳам будани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, ки ба шарофати таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд, ёдовар шуда, соҳибкорони беларусро ба ривоҷи ҳамкориҳо бо соҳибкорони тоҷик ҳидоят намуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук баргузории чорабиниро рӯйдоди фараҳбахш арзёбӣ намуда, барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд ташкил намудани он ба ҳамраиси Шӯро, профессор Тоҷиддин Пирзода арзи сипос намуд.

Ӯ аз сатҳу сифати ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, минҷумла зикр кард, ки барои боз ҳам густариш бахшидани ин раванд замина ва имконот зиёд аст. Мавсуф ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самти кишоварзӣ, сохтмон, саноат, нақлиёт махсус зикр намуда, изҳори умед намуд, ки онҳо минбаъд низ тамоюли тақвиятёбиро касб менамоянд. Зимни суханрониаш Олга Гаврук   нуктаи хеле ҷолиберо зикр намуд. Мавсуф минҷумла гуфт, ки «маҳсулоти дар Ҷумҳурии Беларус истеҳсолшаванда аз маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой босифаттар ва аз маҳсулоти кишварҳои Аврупо  арзонтар аст». Табиист, ки хонандаи ҳушманди рӯзнома дарк менамояд, ки мавсуф бо ибрози ин андеша, ки зери назокатҳои дипломатӣ ироа гардид, чиро бозгӯйӣ кардан мехоҳад.

– Се ҷаласаи Шӯро дар шаҳри Душанбе доир гардид ва ҳоло ман пешниҳод менамоям, ки ҷаласаи оянда дар шаҳри Минск баргузор гардад. Ин омил замина фароҳам меорад, ки соҳибкорони тоҷик аз наздик бо фаъолияти ҳамтоёни худ шинос шаванд,- гуфт номбурда.

Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус Александр Головрёв  зимни суханронии худ иттилоъ дод, ки дар  ҷаласаи Шӯро намояндагони нуҳ корхона ва ширкатҳои муътабари Ҷумҳурии Беларус, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосро соҳиб мебошанд, иштирок доранд. Таваҷҷуҳи намояндагони чунин ширкату корхонаҳо иқдоми саҳлу сода набуда, аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози сармоягузорӣ таваҷҷуҳбарангез аст,- афзуд мавсуф.

Сипас, номбурда ба ҳамраиси Шӯро, раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», профессор Тоҷиддин Пирзода барои саҳми муносибаш дар тавсеаи муносибот туҳфаи хотиравии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларусро супорид. Дар идома, миёни соҳибкорон вобаста ба самтҳои фаъолият гуфтушунид сурат гирифт.

Бо истифода аз фурсат бо  як идда соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус суҳбати мухтасар доштам. Мудири шуъбаи кор бо мизоҷони кишварҳои ИДМ-и ҶСК «Белшина» Дмитрий Масловский муътақид аст, ки баргузории чорабинии мавриди назар барои пайдо намудани шарикони нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ӯ дастовардҳои ширкатро тавсиф намуда, минҷумла зикр кард, ки айни замон онҳо 300 номгӯйи шинаҳои воситаҳои нақлиёт ва техникаи кишоварзиро истеҳсол менамоянд.

Иттилоъ гирифтам, ки корхонаи фавқуззикр дар як сол зиёда аз панҷ миллион дона шина истеҳсол намуда, маблағҳои гардишии он як миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

ҶСК «Домочай»-ро, ки ба истеҳсоли нон ва маҳсулоти қаннодӣ машғул аст, дар чорабинӣ сартехнологи он Олга Деткова намояндагӣ намуд. Зимни суҳбат бо номбурда маълум гардид, ки корхонаи мазкур аз муқтадиртарин корхонаҳои Ҷумҳурии Беларус маҳсуб ёфта, ба маънои томаш дар ин бахш монополист аст. Давоми як шабонарӯз дар корхона зиёда аз 150 тонна орд мавриди истифода қарор гирифта, ҳаҷми маҳсулоти қаннодии дар як шабонарӯз истеҳсолшаанда даҳ тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти корхона ба кишварҳои зиёди олам содир гардида, аз шуҳрати ҷаҳонии он гувоҳӣ медиҳад. Олга Деткова аз он ифтихор намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко маҳз нони истеҳсоли «Домочай»-ро писандидаву мунтазам онро истеъмол менамояд.

Суҳбат бо сармаркетологи ҶДММ «Регула» Владимир Бутурля низ бароям хеле ҷолиб буд, зеро ҷамъият ба истеҳсоли дастгоҳҳои муайяннамоии аслияти ҳуҷҷатҳо, пул ва коғазҳои қиматнок пешбинишуда машғул буда, аксари онҳо дар олам назир надоранд. Номбурда иброз дошт, ки онҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамкории хуб доранд ва маҳсули ҶДММ «Регула» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодаи васеъ аст.

- Ҷамъияти мазкур дар Аврупо, ИМА, Австралия, Зеландияи Нав, давлатҳои қитъаи Осиё намояндагиҳо дорад, — гуфт номбурда.

Дигар соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус низ аз баргузории ҷаласаи Шӯро изҳори қаноатмандӣ карда, онро омили таҳрикдиҳанда дар ривоҷи равобит арзёбӣ намуданд. Дар маҷмӯъ, баргузории ин чорабинӣ ҷиҳатҳои мусбии зиёд дошта, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.

Далер Мерганов, «Садои мардум»