Аз сипосгузории роҳбари давлат то пайомади бетафовутӣ ба меъёрҳои Конститутсия

№136 (4398) 04.11.2021

РАСМИ Ш. ИСМОИЛОВМусоҳиба бо доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-2001), раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2005) Шавкат ИСМОИЛОВ

- Соҳибистиқлол гардидани кишвар зарурати эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои ба арзишҳои демократӣ вобастаро ба вуҷуд овард. Табиист, ки расидан ба ин ҳадафҳо бидуни қабули Конститутсияи нав ғайриимкон буд. Бинобар ин, мегуфтед, ки таҳия ва қабули он бо ибтикори кӣ ва кай оғоз шуд?

- Ба сифати нафаре, ки дар ин раванд ширкат доштам, бидуни муболиғаву тамаллуқ мегӯям, ки дар саргаҳи ин иқдом Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон қарор доштанд. Ин раванд, ки баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид, ба давраи бисёр ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ рост омад. Маҳз бо дарназардошти андешаву пешниҳод, ба шарофати азми қавӣ, нияти нек ва кӯшишу талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия тавонис­танд рисолатро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намоянд.

- Гурӯҳи корӣ кай таъсис ёфт ва киҳо ба он шомил буданд?

- Он бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 1993 таъсис ёфта, роҳбарии онро муовини якуми Раиси Шӯрои Олӣ А. Достиев ба зимма дошт. Инчунин, ман, ки он замон вазири адлия будам, Т. Азизова – мудири шуъбаи ҳуқуқи Шӯрои Олӣ, З. Алиев – раиси Кумитаи назорати конститутсионӣ, Р.Мӯ­­соева – раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Шӯрои Олӣ, К.Раҳимов — директори Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, С.Ра­ҳ­­монов – муовини раиси Суди Олӣ, С. Раҷабов – раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олӣ, Ш. Рустамов — мудири шуъбаи Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ­Х.Ҳомидов — муовини якуми вазири адлия ва М. Солеҳов — прокурори генералии ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ ба ҳайати гурӯҳ ворид карда шудем.

Шахсони зикршуда кӯшиш карданд, ки корро босифат ва дар муддати кӯтоҳ ба иҷро расонанд, зеро ҷомеаи Тоҷикистон ва вазъи ноороми он рӯзҳо ҳар чӣ зудтар қабул гардидани ин ҳуҷҷатро тақозо мекард.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар раванди таҳия ва баррасии лоиҳаи Конститутсияи кишвар шаҳрвандон низ фаъолона иштирок карда, ба гурӯҳи корӣ фикру пешниҳодҳо манзур намуданд. Ҳамчунин, таҷрибаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон омӯхта, истифода шуданд.

Ифтихормандем, ки Пешвои миллат ба фаъолияти мо баҳои баланд дода, дар яке аз суханрониҳояшон гуфтанд: «Ман ба халқи Тоҷикистон ва ҳамаи аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия, ки бо вуҷуди вазъияти мураккабу ноороми кишвар ва фишору зӯроварии гурӯҳҳои манфиатҷӯ, дар таҳия ва қабули ин санади сарнавиштсоз иштирок карданд, изҳори сипос менамоям. Зеро қабули ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ ва дар он инъикос ёфтани мақсаду мароми ҷомеаи мо ва муайян гардидани сохти давлатдории тоҷикон ягона роҳи муаррифии давлати Тоҷикистон дар ҷаҳон, инчунин, наҷоти миллат ва давлати соҳибис­тиқлоли мо буд».

- Аввалин самараи ин ҳуҷҷати муҳимро мисол оварда метавонед?

- Пеш аз ҳама, меъёрҳои Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ бахшид. Дар асоси он Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфта, қарорҳои он тавассути мақомоти олии конститутсионӣ — ­Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар амалӣ гардиданд. Бегуфтугӯ,  ин омил бозёфти нодири ҳалли низои дохилӣ маҳсуб шуда, ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ усулу имконоти бо роҳи гуфтушунид ва дар чорчӯбаи қонун ҳал намудани ихтилофоти дохилиро бозгӯйӣ намуд.

- Қабули Конститутсия дар баробари омилҳои дигар, назди давлату миллат вазифаҳои бузурги таърихиро низ пеш гузошт…

- Муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ ва низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкорӣ ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буд.

Рисолати дигар — муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии кишвар ва рушди он ҳамчун давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард.

Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки дар асоси Конститутсия эътироф гардидани тағйирнопазир будани тамомияти арзӣ ҳамчун муҳимтарин принсипи ташаккули давлати миллӣ барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комил замина гузошт.

Илова ба ин, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод.

Бо дарназардошти он ки дар давлати демократӣ нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат муҳим мебошад, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ин рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Гузашта аз ин, таҳкими ҳокимияти судӣ барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар, ризояти ҷомеа, баланд гардидани обрӯву эътибори мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, пойдории кишвар, таъмини қонунияту адолати иҷтимоӣ ва эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд нақши муҳим гузошт.

Судяҳо барои беҳтар кардани нишондиҳандаҳои фаъолият, такмили донишҳои назариявию амалӣ кӯшиш карда, ҷиҳати баррасии одилона ва саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешиданд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки шарти муҳими ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, устувор гардонидани низоми қонуният, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. Ҳоло бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз замони қабули Конститутсия дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ комёбанд.

- Барои рушди давлат заминаи устувори иқтисодӣ зарур буда, бидуни иқтисодиёти ба рақобат тобовар ва таъмини шароити зиндагии арзанда ба ҳар кас, ки дар Конститутсия ҳамчун кафолати давлати иҷтимоӣ дарҷ гардидааст, ғайриимкон мебошад. Метавон гуфт дар ин ҷода низ комёбем?

- Бале. Дар ин ҳуҷҷати муҳим муқаррар гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба шаклгирии иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне, таъмини шароити арзандаи зиндагии сокинони мамлакат такони ҷиддӣ бахшид. Замина фароҳам шуд, ки барои рушди иқтисодии кишвар даҳҳо стратегияву барномаи давлатӣ қабул ва татбиқ шаванд.

 Инчунин, дар муддати кӯтоҳ андозаи музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, кумакпулиҳои гуногун ва дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон афзоиш ёфт.

- Дар бораи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия назарҳо яксон нест. Шумо ин масъаларо чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ догма нест. Биноан, солҳои 1999, 2003 ва 22 майи соли 2016 бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба он ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат идома ёфт. Дар ин замина низоми комилан нави мақоми қонунгузор, яъне парламенти касбии иборат аз ду палата рӯи кор омад, ки ин иқдом қадами устувор дар роҳи рушди парламентаризми муосир ба ҳисоб меравад. ­Тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли 2016 ворид карда шуданд, моҳияти мушаххаскунанда ва дақиқкунанда доранд.

 Дар маҷмӯъ, ҷанбаҳои мусбати ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зиёд буда, натиҷаҳои он баръалост.

- Конститутсия барои шакл­гирии ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ нақш дорад?

- Маҳз Конститутсия кафолати инкишофи озодонаи ҳар шахсро муҳайё сохт ва муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ба монанди озодии сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва иродаро ҳамчун заминаи бунёдии ­ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ муқаррар намуд.

 Эҳтиром ба қонун, ба арзишҳои олии инсондӯстона, ба муқаддасоти миллӣ ва анъанавӣ, ки таъмини фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва дигар навъҳои зоҳирёбии истеъдоди инсониро кафолат медиҳад, аз комёбиҳои қобили мулоҳиза дар ин бахш мебошанд.

- Дар сархати Конститутсия халқи Тоҷикистон қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон шуда, риояи усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ таъкид гардидааст. Оё дар ин самт собитқадамем?

- Бешубҳа. Сиёсати хориҷӣ дар асоси меъёрҳои Конститутсия имконият дод, ки ҳамқадами ҷараёни тағйироти амиқи бозсозиҳои ҷаҳонӣ бошем ва сиёсати фаъоли давлатро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона васеъ гардонем.

 Инчунин, кишварамон иштирокчии зиёда аз 1500 санади байналмилалӣ, хусусан муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон буда, уҳдадориҳои байналмилалиро дар ин самт иҷро мекунад ва ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мунтазам ҳисобот пешниҳод менамояд.

 Тавассути Конс­титутсия мардуми шарифи кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паём доданд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёр буда, бо Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои рушди беш аз пеши он иродаи хастагинопазир доранд.

Далели бебаҳс аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани давлати Тоҷикистон самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои об, гидроэнергетика ва таъмини сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва абарқуд­ратҳо бо иттифоқи оро пазируфта шуданд, мақому манзалат ва нуфузи ин абармардро дар ақсои олам боз болотар бурданд. Бояд ба ин ҳама воқеъбинона баҳогузорӣ ва арҷгузорӣ намоем, зеро эътироф ва арҷгузорӣ оини ҷавонмардист.

Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»