Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам аз ҷониби ронандагон ва ҳам аз тарафи пиёдагардон боиси эмин мондан аз хавфу хатари сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегардад, аммо мушоҳида мешавад, ки ин қоидаҳо аз ҳар ду ҷониб сарфи назар гардида, ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад.
Мутобиқ ба маълумоте, ки аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ШБДА РВКД) дар шаҳри Душанбе дастрас шуд, рӯз то рӯз ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ зиёд ба назар мерасад. Агар дар шаш моҳи аввали соли 2017-ум 60661 протоколи маъмурӣ оид ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тартиб дода шуда бошад, дар ҳамин давраи соли 2018 ба 78302 адад расидааст.
- Аксарияти қоидавайронкуниҳо аз ҷониби ронандагони ҷавон ба қайд гирифта мешавад. Онҳо талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, бо суръати баланд муқобили самти ҳаракат баромада, боиси зер кардани пиёдагардон ё сар задани садамаи нақлиётӣ мегарданд. Аз ибтидои соли равон 3957 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, — зикр кард зимни суҳбат корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе Мирзохон Саидов.
Мушкили дигар вайрон кардани қоидаҳои мусофиркашонӣ аз ҷониби ронандагони нақлиёти мусофиркаш мебошад, ки дар муқоиса ба шаш моҳи соли 2017 ду маротиба зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
- Сабаби зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ, аз як тараф, бо суръати аз меъёри муқарраршуда зиёд ҳаракат кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт бошад, аз тарафи дигар, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон низ ҳаст. Дар соли равон 22037 ҳолати қоидавайронкунӣ аз ҷониби пиёдагардон ба қайд гирифта шудааст. Ин далели он аст, ки гузаргоҳҳои зеризаминӣ, пиёдагузарҳо ва чароғакҳои роҳнамо вуҷуд дошта бошанд ҳам, пиёдагардон аз қисматҳои манъбудаи роҳи мошингард мегузаранд ва ё нақлиёти мусофиркашонро дар ҳар ҷо, ки хоҳанд, нигоҳ медоранд, — гуфт М. Саидов.
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиёт аз ҷониби ҳайати шахсии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе ва нозирони ротаи хадамоти роҳбонӣ дар 144 муассисаи таълимӣ, ки дар пойтахт фаъолият доранд, дар шаш моҳи соли равон 460 суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби хонандагони фаъол нозирони навраси ҳаракат дар роҳ фаъолият мекунанд, ки мақсади асосии онҳо тарғибу ташвиқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.
Мирзохон Саидов изҳор дошт, ки хушбахтона, баъди дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон камтар вайрон карда шуда, дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаи нақлиёт нисбат ба солҳои пеш хеле кам ба назар мерасад. Масалан, агар дар нимаи аввали соли гузашта 2893 ҳолати идора кардани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар шаш моҳи соли равон дар ин маврид ҳамагӣ 62 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»