Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Бохтар. Тамбашавии нақлиёт кай бартараф мешавад?»

№32 - 33 (3982 - 3983) 28.03.2019

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар мақолаи танқидии «Бохтар. Тамбашавии нақлиёт кай бартараф мешавад» — ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» (№19 (3969) аз 16 феврали соли 2019) нашр гардидааст, дар маҷлиси васеъ мавриди баррасӣ қарор дод.

Баъди нашри мақола аз ҳисоби мутахассисони раёсат, намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ШБДА- и РВКД, мутахассисони РМД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар бозори «Фаровон»- и шаҳри Бохтар ва гирду атрофи он корҳои назоратӣ гузаронида шуд.

Дар натиҷа, гурӯҳи корӣ барои бе иҷозатнома фаъолият намудан нисбат ба 23 ронандаи воситаҳои нақлиёт (тибқи моддаи 510 қ. 2) ва барои иҷро нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ нисбат ба 16 ронандаи воситаҳои нақлиёти мусофиркаш (тибқи моддаи 511 қ. 1 — уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон) протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар минтақаи Бохтар аз рӯи ҳисобот қисми зиёди нақлиёти мусофиркашро дар аксар хатсайрҳо мошинҳои сабукрав ташкил медиҳанд. Сабаби асосии тамбашавӣ зиёд шудани теъдоди воситаҳои нақлиёт, дар канори роҳҳо ва ҷойҳои мамнуъ гузоштани онҳо мебошад. Сухан  сари он аст, ки назорат дар ин самт чанд сол боз аз ваколати Хадамот гирифта, ба ваколати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Дар ҷараёни корҳои назоратӣ мутахассисон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тарзи муоширату муносибат бо мусофирон ва сарулибоси ягона бо ронандагони воситаҳои нақлиёт, мутасаддиёни ширкату ҷамъият, терминалҳои мусофирбарӣ вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ба ҷамъияту ширкатҳои нақлиётӣ дастур дода шуд, ки тибқи қоидаҳои ҷории ҳамлу нақл корро ба роҳ монда, ба масъалаҳои дар дохили нақлиёти мусофиркашонӣ мавҷуд будани рақами телефонҳои боварӣ, нишонаи ҷамъият ва нақшаи хатсайр, инчунин, дар асоси талаботи техникӣ муҷаҳҳаз гардонидани ҷойҳои нишасти мусофирон, додани роҳхати пеш аз сафар аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Дар ҳолати ошкор гардидани ин камбудиҳо нисбат ба масъулин чораҳои маъмурӣ андешида хоҳанд шуд.

Қ. ХАЛИФАЕВ, сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзими соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар