Ташаббус

Чӣ тавр Тоҷикистонро ба кишвари содиркунандаи ғалла табдил диҳем?

№124 (4074) 17.10.2019

Асрори онро «академики халқӣ» Ҳайдар Додоҷонов медонад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 августи соли равон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд ба намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд. Сардори давлат махсусан ба равғанҳои табиии истеҳсоли кооперативи «Деҳқон», ки зиёда аз 30 намуд­ро ташкил медоданд, таваҷҷуҳ намуданд. Қобили зикр аст, ки ҳама намуди равғанҳои табиии шифобахши кооперативи мазкур бо усули фишори сард ва бо истифода аз технологияи муосир истеҳсол шудааст.

«Деҳқон» дар ноҳияи Зафаробод аввалин кооперативи кишоварзию истеҳсолӣ мебошад, ки соли 1990 таъсис ёфтааст. Соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғи навбунёди кооперативи мазкур ташриф оварда, бо нақшаҳои кории он ошно шуда, барои амалӣ гардидани ниятҳои неки кормандони он дуои нек дода буданд.

- Мақсади мо аз ташкил намудани корхонаи хурди истеҳсоли равғанҳои табиии шифобахш ба роҳ мондани истеҳсоли равғанҳои табобатӣ аз маҳсулоти ватанӣ буд, — он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд раиси кооперативи «Деҳқон» Ҳайдар Додоҷонов.

- Зиёда аз даҳ сол фаъолияти истеҳсолкунандагони равғанҳои табиии бисёр кишварҳоро омӯхта, бо тарзи корашон ошно шудем. Баъди омӯзиш ва таҳқиқи амиқ ба хулоса омадем, ки мо бояд истеҳсоли равғанҳои табиии шифобахшро танҳо бо усули фишори сард ба роҳ монем. Чунки равғанҳои бо ин усул истеҳсолшуда дар худ хосиятҳои ҷузъии шифобахшию табобатиро ба пуррагӣ нигоҳ медоранд,- илова намуд ӯ.

Кооперативи «Деҳқон», ки оилавӣ мебошад, дар давоми 5 соли охир номгӯи маҳсулоташро ба зиёда аз 30 намуд расонидааст. Яке аз амалҳои наҷиби роҳбарияти хоҷагӣ аз он иборат аст, ки имрӯз зиёда аз 20 адад китобу дастур оид ба маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхона ва тарзи дурусти истифодабарии онҳоро таҳия намудаанд. Ният доранд, ки маълумотномаҳои мазкурро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва чинӣ низ нашр кунанд.

Як маҳсулоти серхаридори кооператив равғани сиёҳдона мебошад, ки онро дар тиб 3000 сол боз истифода мебаранд. Дар Миср аз қабри яке аз фиръавнҳо (Тутанхамон) шишае ёфтанд, ки дар он равғани сиёҳдона мавҷуд буд.

Дар бораи хусусиятҳои табобатии сиёҳдона Буқрот (Гиппократ), Ҷолинуси Ҳаким (Гален), Абӯалӣ ибни Сино, муаллифи «Махзан-ул-адвия» ва дигарон маълумот додаанд. Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) зикр шудааст, ки сиёҳдона ба ҷуз марг барои ҳама бемориҳо давост. То солҳои наздик ба кишвари мо равғани сиёҳдонаро аз дигар кишварҳо (Миср, Покистон, Арабистони Саудӣ) ворид мекарданд. Бо ба роҳ мондани истеҳсоли равғани сиёҳдонаи ватанӣ воридшавии он кам гашт.

- Аз ҷиҳати равғаннокӣ, сифат ва таъсири табобатӣ сиёҳдонаи дар Тоҷикистон парваришёфта ҳамто надорад. Мо тамоми дониш, таҷриба ва маҳорати касбии худро ба он равона месозем, ки «Равғани сиёҳдонаи тоҷик»- ро ба яке аз бренд­ҳои кишвар табдил дода, шуҳрати Тоҷикистонро дар ҷаҳон боз ҳам баланд бардорем, — мегӯяд бо ифтихор Ҳайдар Додоҷонов.

Намуди дигари равғани табиии корхона равғани зираи Даштиҷум аст. Зира дар баробари зирк ва занҷабил (имбир) асоси хазинаи тиллоии системаи табобатии Ҳиндустонро ташкил медиҳад.

Таркиби компонентҳои шифобахши зираи Даштиҷум нисбат ба дигар зираҳои дунё хеле бой буда, равғани бо усули фишори сард истеҳсолшудаи он яке аз равғанҳои нодиру арзишманди табиӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Ба гуфтаи Ҳайдар Додоҷонов, тамоми намуди равғанҳои табиии истеҳсолшавандаи кооператив дар ҳарорати 27- 42 дараҷа вобаста ба номгӯи маҳсулот истеҳсол мешаванд. Мутахассисони корхона бо ҳамтоёни худ аз Туркияву Германия ба воситаи якчанд маротиба дигаргун сохтани хатҳои таҷҳизот ба гирифтани равған аз маҳсулоти дар таркибашон ҳамагӣ 3-5 фоиз равғандошта ноил гардидаанд.

Аҳли кооператив дар баробари ба роҳ мондани парвариши зироатҳои равғандору истеҳсоли равғанҳои табобатӣ, инчунин, бо олимони соҳаи дорусозии мамлакат ва хориҷи кишвар ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо мақсад доранд, ки оянда равғанҳои табиии шифобахшро дар капсулаю ампулаҳо бандубаст намоянд.

Ин усул имконият медиҳад, ки тарзи истеъмол ва истифодабарии равғанҳо осон гардида, сифату муҳлати нигаҳдориашон дароз шавад.

- Мо ният дорем, ки оянда дар асоси равғанҳои табиии шифобахшамон истеҳсоли собун, крем, марҳам, шампун, хамираи дандоншӯӣ, чой, орд, нӯшдору ва ғайраро ба роҳ монем. Ҳоло барои бунёди боз як корхонаи хурди истеҳсоли равғани эфир аз гиёҳҳои шифобахш лоиҳаи сармоявиро омода кардаем, — мегӯяд Ҳайдар Додоҷонов.

Бунёди чунин корхона ба пешрафти саноати дорусозии мамлакат ва таъсиси якчанд корхонаи хурди парфюмерӣ мусоидат мекунад. Албатта, бо бунёди ин корхона шахсони зиёде бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби аҳли кооперативи «Деҳқон» зиёда аз 20 лоиҳаи инвеститсионӣ омода карда шудааст, ки ҳаҷми умумии онҳо 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, то ба имрӯз кооператив якчанд лоиҳаи иҷтимоию сармоявиро омода кардааст, ки ҳадафи онҳо танҳо манфиати иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад. Аз ҷумла, яке аз лоиҳаҳои иҷтимоии сармоявӣ бе зиёд кардани майдони кишти гандуму дигар намуди ғалладонагиҳо афзоиш додани истеҳсоли ғалла дар мамлакат аст. Дар сурати амалӣ шудани ин лоиҳа ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ якчанд маротиба афзоиш меёбад ва танҳо истеҳсоли гандум дар Тоҷикистон соле ба 3 миллион тонна мерасад. Яъне, бо ин роҳ кишвари мо дар тӯли на бештар аз ду сол аз давлати воридкунандаи гандум ба кишвари содироткунандаи он табдил хоҳад ёфт.

Лоиҳаи иҷтимоии кооператив, ки дар асоси корҳои илмию амалӣ ҳамчун лоиҳаи мукаммалсохтор тартиб дода шудааст, расман шиноснома ва асоснокии иқтисодию техникии худро дорад.

Ба андешаи Ҳайдар Додоҷонов, ҳадаф аз таҳияи лоиҳаҳои иҷтимоӣ танҳо хизмати холисона ба Ватан, ҳисса гузош­тан дар пешрафти иқтисоди кишвар ва амалишавии барномаи озуқавории мамлакат мебошад.

Ҳақ бар ҷониби «академики халқӣ» Ҳайдар Додоҷонов аст. Агар ҳар як соҳибкор ё роҳбари корхона ҳангоми ба нақша гирифтани лоиҳае манфиати давлату фоидаи худро дар як радиф қарор дода, амалисозии онро бо дилу нияти пок оғоз намояд, Тоҷикистони азизи мо дар муҳлати кӯтоҳ ба яке аз кишварҳои пешрафтаи Осиё табдил хоҳад ёфт.

- Бо доштани чунин Сарвари дилсӯзу ғамхор — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту ободонии мамлакат ҳисса нагузош­тан гуноҳ аст. Албатта, ҳар як кору иқдом бе мушкил намешавад, аммо бо сабру таҳаммул, меҳнати ҳалол ва садоқат ба Ватан метавон онро паси сар кард, — гуфт дар охир узви Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Додоҷонов.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»