Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист

Дӯсти беғараз ва соҳиби хулқи наку

№34 (3984) 30.03.2019

DSC_6141Охирҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар шабакаи якуми Радиои Тоҷикистон барномаи субҳгоҳии фароғатӣ – иттилоотие  бо номи «Паёми рӯз» таъсис ёфта, дар як муддати кӯтоҳ шуҳратёр гардид. Яке аз беҳтарин муҳаррирони он Бурҳониддин Каримзода буд. Он солҳо барномаро гӯш карда, орзу доштам, ки ақаллан як бор ин муҳаррири хушсалиқа ва ровии хушбаёнро аз наздик бинам. Тақдир будааст, ки бо мурури сол ҳамкори Бурҳониддин Каримзода шудам.

Рӯзе дар як нишасти матбуотӣ, ки паҳлуи ҳам  менишастем, гуфтанд:

- Шуморо аз рӯи навиштаҳоятон дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» мешиносам.

- Ман шуморо хеле пештар, ҳанӯз аз нахустин барномаҳои «Паёми рӯз» мешиносам. Аз ин рӯ, собиқаи  шинохтани ман зиёдтар аст, — гуфтам бадоҳатан ба ӯ.

Тӯли зиёда аз 20 соле, ки бо вай ҳамкасбем, эҳсос намудам, ки дар баробари рӯзноманигори варзида будан, инчунин инсони ҳалиму меҳрубон, ростқавл, поквиҷдон, чеҳракушод, дӯсти беғаразу содиқ, кумакрасон, амонатдор, хайрхоҳ, бекина, пуртаҳаммулу ботамкин, бетамаъ ва дар маҷмӯъ, соҳиби хулқи накуянд. Аз ҳамин сабаб касоне, ки ӯро  мешиносанд, дӯсташ медоранду иззату эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Ба гуфти шоир:

Касе к- ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Бурҳониддин Каримзода дастпарвари факултаи китобшиносӣ ва библиографияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (соли 1979) мебошад. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Москва моҳи майи соли 1981 ба Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Тоҷикистон ба кор даромада, фаъолиятро аз муҳаррири хурди идораи барномаҳои «Ахбор»-и Радиои Тоҷикистон оғоз намуд. То соли 1993 дар вазифаҳои муҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррири масъул ва муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои «Ахбор» фаъолият дошт. Охирҳои соли 1987 сармуҳаррир Неъмат Очилов ба кормандони шуъбаи «Ахбор» дастур дод, ки тарзи нави таҳияи барномаи иттилоотиро пайдо намоянд. Рӯзноманигорони ҷавону боистеъдод Ӯлмас Эркаев (Ҷовиди Аштӣ), Бурҳониддин Каримзода, Асрор Салимов, Саидмурод Рабизода, Абдуҳамид Обидов, Юлдош Шерматзода ва дигарон барномаи нави иттилоотӣ — фарҳангии «Паёми рӯз»- ро таъсис доданд, ки ба  сермухлистарин табдил ёфт. Дар он хабарҳои навтарину ҷолиб, лавҳа, суруду оҳангҳои дилошӯб садо медод.

Дар айёми мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, алалхусус тирамоҳи соли 1992 ва оғози соли 1993, ки аксар кормандони радио аз тарси ҷон корро партофтанд, аз деҳаи Тезгари Поёни деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) пиёда ба кор меомад.

Соли 1993 ба Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи  илмӣ — тадқиқотӣ ба кор гузашт. Дар он айёми пурошӯб, ки аксарият дар фикри дарёфти як бурда нон буданд, ӯ рӯзи дароз дар оғӯши китобҳо дурри маънӣ ҷуста, андешаҳояшро дар рӯзномаҳо ба табъ мерасонид. Ҳангоми дар вазифаи котиби илмии Китобхонаи миллӣ фаъолият кардан нашрияеро бо номи «Китоб» таъсис дод, ки моҳе як маротиба чоп мешуд. Ҳамчунин, ӯ ба ҳайси котиби  матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.

Соли 2003 Бурҳониддин Каримзодаро ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси маҷаллаи соҳавӣ даъват намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ ҳамроҳи сардори Маркази матбуоти вазорат Муҳаммадюсуф Шодиев маҷаллаи «Нақлиёт»- ро таъсис дод. Баъдан, дар Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» фаъолият карда, ба рӯзномаи «Садои мардум» ба кор омад.

Ӯ, ки табиатан заҳматкашу сермаҳсул аст, ҳар сол қариб дусад матолибро ба табъ мерасонад. Илова бар ин, ҳамчун муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа, барои ҳар шумора хабарҳои ҷолибро ба нашр омода месозад. Ӯ аз овони мактабхонӣ дӯстдори табиати диёр мебошад. Борҳо барои силсилаи мақолаҳои дар мавзӯъҳои экологӣ навиштааш дар озмунҳои таъсисдодаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб гардидааст.

Нуъмон Низомӣ, ки аз солҳои ҳаштодум ҳамроҳи Бурҳониддин Каримзода дар Радиои ҷумҳурӣ кор мекард, дар ҳаққи ҳамкораш чунин мегӯяд: — Охирҳои солҳои  ҳаштодум дар идораи «Ахбор»- и радио як гурӯҳ мутахассисони боистеъдод, ба монанди Ӯ. Эркаев, Б. Каримзода, А. Салимов, С. Рабизода, М. Шодиев ва Ю. Шерматзода ҷамъ омада буданд. Бурҳониддин Каримзода ба ҳайси рӯзноманигори соҳибтаҷриба ба ҳамкорон  маслиҳатҳои муфиду ҷолиб медод. Ӯ дар баробари ба касби хеш садоқат доштан падари мушфиқу бобои меҳрубон мебошад.

Бурҳониддин эҷодкори пурмаҳсул аст. То ин дам китобҳояш зери унвони «Ду хазонбаҳор» (1998), «Нишони зиндагӣ», «Ҷаҳони одамият» (2004), «Қадри инсон ва меҳнати ҳалол», «Зиндагӣ дарёст» (бо ҳаммуаллифии М. Шодиев) ва ғайра ба табъ расидааст. Инчунин, ӯ як қатор китобҳоро тарҷума карда, муҳарририи як қатор китобҳоро ба зимма гирифтааст.  Дар тӯли фаъолияти қариб 40 – солаи корӣ борҳо соҳиби  ифтихорномаю сипосномаҳо гардидааст. Аз замони шӯравӣ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, бо нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва медали «100- солагии матбуот» мушарраф гардидааст. Рӯзноманигор Назруллои Олим соли 2014 бахшида ба 55 – солагии Бурҳониддин Каримзода китоберо бо номи «Нишони одамият» ба чоп расонида, паҳлӯҳои муҳимтарини ҳаёту эҷодиёти мавсуфро  инъикос намудааст.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»