Табиби ман –ҳабиби ман

Данғара. 74 нафар ройгон ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ шуданд

№ 07.07.2016

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯи кор омадаанд. Дар ин муддат миқдори зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони давлати абарқудрати шӯравӣ дастрас шуданашон шабеҳи афсона буд, таъминанд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли 2012 дар ноҳияи Данғара Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ  таъсис ёфта, 22 марти соли 2014 бо иштироки  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуд.  Сохтмони беморхона соли 2006 оғоз гардида, барои бунёду таҷҳизонидани он қариб 100 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Муассисаи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ барои як миллиону 100 ҳазор нафар сокинони минтақаи Кӯлоб бунёд гардида, ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Беморхона дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонида метавонад. Дар муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ муҳайё карда шудааст. Бо ифтитоҳи беморхона 240 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, 62 нафар табиб, 80 нафар корманди миёнаи тиб, 88 нафар корманди хурди тиб ва мутахассисони техникӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Баробари таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда байни беморхона ва донишгох, ки аз супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, зери роҳбарии профессор Убайдулло Қурбон – ректори ДДТХ гурӯҳи сайёр аз ҳисоби табибони ботаҷрибаи шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина ва Беморхонаи клиникии шаҳрии №5  таъсис ёфт. Аз 14 феврали соли равон инҷониб, аъзои гурӯҳи фавқ барои амалӣ намудани ҷарроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара бомуваффақият фаъолият доранд.

Тибқи иттилои масъулини донишгоҳ, то имрӯз дар беморхонаи зикршуда 74 амалиёти ҷарроҳӣ  бомуваффақият гузаронида шуд. Аз теъдоди умумии беморон 47 нафар бо нишондодҳои тиббӣ, 9 нафар бо нишондодҳои эстетикӣ ва 8 нафар бо нишондодҳои омехта ва бо ташхисҳои зерин — 35 нафар  бо деформатсияи постравматикии бинӣ ва миёндевор, 5 нафар бо деформатсияи модарзодии бинӣ, 2 нафар бо  бинии бузург (гигантоназия), 1 нафар бо деформатсияи пас аз ҷарроҳии скарии лаби боло,  7 нафар бо контрактураи пас аз сӯхтагии андомҳо,  1 нафар  бо  скари кашандаи постравматикии ҷоғи поён аз тарафи рост  ва  ғайра ҷарроҳҳ шуданд. Ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудан ва расонаӣ намудани он аз ҷониби банда бесабаб нест. Муътақидам, ки аз чанд зовия метавон онро рӯйдоди фараҳбахш ва дастоварди навбатии бахши тандурустии кишвар арзёбӣ намуд. Сабаби аввал он аст, ки дар дар замони шӯравӣ ва давраи соҳибистиқлолии мамлакат ин гуна ҷарроҳӣ аввалин маротиба дар вилоят гузаронида шуд. Сониян, чунин намуди ҷарроҳӣ дар илми тиб аз лиҳози назокатҳояш нисбатан душвор маҳсуб шуда, амалӣ намуданашон на дар ҳама бемористон  вобаста ба мавҷудияти мутахассисон ва фароҳам будани имконоту шароит имконпазир аст. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ чунин имконияту шароит дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара муҳайё буда, ҳамрадиф бо ба роҳ мондани баргузории амалиёти ҷарроҳӣ, роҳбарияти донишгоҳ барои омодасозии мутахассисон  дар заминаи ин бемористон асос гузошт. Фаъолияти табибони масеҳонафас зери роҳбарии профессор Убайдулло Қурбон дар мисоли шифои комил ёфтани шумораи зиёди беморон баръалост ва мақоли халқии «чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест» — ро ба ёд меорад. Мисолҳои зиёде мавҷуданд, ки ба шарофати  ин табибони ҳозиқ, теъдоди зиёди инсонҳо, ки бо сабабҳои гуногун қисме аз баданашон осеб дидаасту дар зиндагӣ ба ноҷӯриҳои зиёд мувоҷеҳ буданд, ба зиндагӣ дилгарм шуданд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки тадқиқотҳои илмии Убайдулло Қурбон ва ҳамкорони ӯ аҳамияти байналмилалӣ дорад. Қисмати аъзами корҳои илмиии ин нафаронро усулҳои ҷарроҳии реконструктивии осебҳои дар ҳолатҳои гуногун бавуҷудомада, бандаки рагу асаб ва контрактураи ангуштон ва мафсали дасту пойҳо пас аз сӯхтан ва ғайра дар бар гирифтааст.

Нуктаи муҳим он аст, ки баъзе ҷарроҳиҳои ин бахш дар тибби ҷаҳонӣ назир надошта, маротибаи аввал аз ҷониби номбурда ва ҳамсафони ӯ дар сатҳу сифати баланд иҷро шудаанд. Барои ба хонандагони рӯзнома фаҳмотар гардидани моҳияти ин намуди ҷарроҳӣ зикри онро бамаврид медонем, ки дар ҳолати рух додани чунин ҳолат барои дилхоҳ нафар, сарфи назар аз намояндаи кадом қишри ҷомеа буданаш, фоҷиа маҳсуб меёбад ва боиси дилхунукиаш аз зиндагӣ мегардад. Маҳз амалӣ намудани чунин ҷарроҳӣ аз ҷониби табибони мавриди назар замина фароҳам овардааст, ки ин нуқсонҳо рафъ гарданд ва ҳамватанони мо ба зиндагии маъмулии худ баргарданд.

Роҳбарияти донишгоҳ ба маъмурияти Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии Данғара, бахусус сардухтури он, номзади илмҳои тиб, Х. Шамсзода ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб ба гурӯҳи табибони микроҷарроҳ, ки ба аҳолии ноҳияи Данғара ва дигар шаҳру навоҳии вилоят хизмати тиббии ройгон мерасонанд, арзи сипос намуда, тасмим доранд чунин ҳамкориро бо дигар беморхонаҳои вилояти Хатлон  низ ба роҳ монанд.

Далер Мерганов,«Садои мардум»