Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Додамро боз ба кӣ гӯям?»

№47 (3997) 27.04.2019

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, № 622 Суди Олӣ мақолаи шаҳрванд О. Шукуровро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 14 марти соли 2019, № 28 (3978)  зери сарлавҳаи «Додамро боз ба кӣ гӯям?» нашр гаридааст, мавриди омӯзиш қарор дод.

Тавре муайян гардид, Шукуров Оятулло Раҳмонович нисбат ба Шукуров Абдуманон Ҳайдарович ва Шарипова Зулайхо Лутфуллоевна оид ба эътирофи аъзои оилаи молик ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ муроҷиат кардааст. Бо таъиноти Суди шаҳри Ҳисор аз 24 июли соли 2017 парванда бинобар аз даъво даст кашидани даъвогар О. Р. Шукуров қатъ карда шудааст.

О. Р. Шукуров бо таъиноти судӣ розӣ нашуда, ба Суди Олӣ аз болои он шикояти назоратӣ пешниҳод намуда буд.

Омӯзиши парванда нишон дод, ки ҳангоми қабули таъиноти судӣ оид ба парванда меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудаанд ва ин ҳолат тибқи талаботи моддаи 376 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои ба тариқи назоратӣ бекор карда шудани санади судӣ мебошад.

Аз ин рӯ, бо мақсади бекор намудани таъиноти Суди шаҳри Ҳисор аз 24 июли соли 2017, судяи Суди Олӣ бо таъинот аз 11 апрели соли 2019 парвандаи дар боло номбаршуда ва шикояти назоратии О. Р. Шукуровро барои моҳиятан баррасӣ намудан ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ ирсол намудааст.

Бо эҳтиром, А. Исҳоқӣ, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон