Гуфтугӯи сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар гузаргоҳи марзии «Қизил-Бел»

№112 (4062) 19.09.2019

вазирТибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, 17 сентябри соли равон сарвазирони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон Қоҳир Расулзода ва Муҳаммадқулӣ Абилғозиев дар гузаргоҳи марзии «Қизил-Бел»-и ҳар ду кишвар мулоқот анҷом дода, тадбирҳои муштаракро барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи ду кишвар баррасӣ карданд.

Инчунин, дар робита ба задухӯрди мусаллаҳонае, ки бо марги сарбозон анҷомид, изҳори таассуф ва ба пайвандону наздикони ҳалокшудаҳо ҳамдардӣ баён карданд. Ҷонибҳо, ҳамчунин хостанд, ки корҳо дар самти таъин ва аломатгузории хати марзҳои давлатӣ тақвият дода шавад.

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев ва Қоҳир Расулзода аз созишномаҳои қаблан ҳосилшуда ҷонибдорӣ карда, гуфтаанд, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз равишҳои созанда кор гирифт. Аз ҷумла, сарвазирон ба роҳбарони хадамоти марзбонӣ ва мақомоти маҳаллии ҳар ду кишвар дастур доданд, ки ҳамкориро дар тамоми сатҳ тақвият бахшида, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон пурзӯр намоянд.

Муовинони сарвазирон ва роҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон низ вазифадор гардиданд, ки дар маҳалли ҳодиса корҳои муштаракро барои тезонидани ҳалли мушкили бавуҷудомада идома диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 16 сентябр дар қитъаи баҳсии марзи ду кишвар тирандозӣ рух дода, чанд шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ ва як сарбози Қирғизистон ба ҳалокат расидааст.

Дар Баёнияи Сарраёсати неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки АМИТ «Ховар» нашр кард, омадааст: «Ҷониби Қирғизистон хилофи созишномаҳои дуҷониба амал карда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар кард.»

Аммо дар Баёнияе, ки Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон нашр кард, ҷониби Тоҷикистон ба сар задани ҳодиса муттаҳам шудааст.

Дар айни ҳол, мақомоти расмии ҳар ду тараф дар маҳалли ҳодиса қарор доранд ва барои комилан ба эътидол овардани вазъ талош хоҳанд варзид.

«Садои мардум»