ХОКСОРӢ РАВНАҚИ АҲЛИ САФОСТ

№73 (3553) 07.06.2016

Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Каъба бунёди Халили Озар аст,

Дил назаргоҳи Ҷалили Акбар аст.

Мусаллам аст, ки ин панди гуҳаррези бузургонро нафарони хирадманд сармашқи кори худ кардаанду мекунанд. Дар ҷамъомаде ҳузур доштам, ки ҳозирин бо шеваи ба худ хос аз сифатҳои неки роҳбарии Шарифзода Шариф Файз қиссаҳои ибратомӯз мекарданд. Яке ӯро роҳбари хирадманду дурандеш, дигаре кордону ободгар ва сеюмин хоксору фурӯтан васф менамуд. Гуфтаҳои ҳозирин асоси воқеӣ доштанду аз хоксорию фурӯтанӣ ва мавридшиносии ин марди наҷиб дарак медод.

Рӯзе бо  амри дил ба деҳаи Навободи шаҳри Роғун, ба аёдати Ёров Ҳасан маъруф бо лақаби қорӣ Ҳасан рафтем. Ӯ дар саҳни кулбаи фақиронаи худ, ки дар сари баландии деҳа ҷойгир буд, нишастаю зери лаб сурудеро зам  — зама мекард:

 Хоҷа, дарёб, ки ҷон дар тани инсон адаб аст,

Одам аз олами улвӣ шарафи ҷон адаб аст.

Кардам аз ақл суол ин ки чӣ бошад имон,

Ақл бар гӯши танам гуфт, ки имон адаб аст…

 

Қорӣ Ҳасан аз овони тифлӣ аз биниши чашмон маҳрум буду ҳоло синну солаш аз ҳафтод боло мебошад. Баъд аз салому ҳолпурсӣ аз қорӣ Ҳасан суол кардем, ки чӣ рӯзгоре дорад? Нахуст аз истиқлоли кишвар ва амнияти комили шаҳрвандон, тинҷию оромии ҳукмфаро шукрона намуд. Дар идомаи суҳбат иброз кард, ки ҳеҷ гила ва шикоят аз зиндагӣ надорад. Ҳар сол ду ё се маротиба марди оқилу ғамхор, собиқ раиси шаҳри Роғун Шарифзода Шариф Файз ба ҳолпурсиам меомад, ҳар ниёзе, ки доштам, бароварда месохт. То раиси шаҳр интихоб шудани ин марди дилсӯз, касе аз ҳоли ман намепурсид ва боре ҳам ба аёдатам наомад. Нисбат ба ӯ бародарвор меҳр дорам ва дуо мекунам, ки ҳамеша сиҳату саломат ва хушҳолу зафарманд бошад.

Асадбек Сиддиқов 43 сол дар соҳаи маориф кор кардаю аз касби пурифтихори омӯзгорӣ ба нафақа баромадааст. Солҳои кориаш бо унвони аълочии маорифи халқ ва дигар ифтихорномаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ сазовор гардидааст. Даҳ сол мешавад, ки дар бистари беморист. Ӯ ҳамеша аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кардаю сулҳу суботи кишварро неъмати бебаҳои Худованд медонад. Иброз намуд, ки ягона роҳбаре, ки баъд аз нафақа баромаданаш ба аёдаташ омадаю аз ҳолаш пурсидааст, Шарифзода Шариф Файз мебошад. Аз ғамхории ӯ нисбат ба беморону собиқадорони меҳнат изҳори миннатдорӣ карда, таманнои онро дорад, ки умри чунин шахсон дароз ва давлаташон поянда бошад…

- Бо чашми сар дидани ободию пешравиҳо давоми солҳои роҳбарии Шарифзода Шариф Файз дар шаҳри Роғун касро ба ваҷд меорад, — ибрози ақида кард Талбак Камолов, собиқ омӯзгор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини деҳаи Қалъаи Нав.

Хусусан, соҳаи маориф рушду нумӯи бештар кард, ки намунаи олии он сохтану ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 мебошад. Вориди шаҳри Роғун гаштаю аз қад афрохтани биноҳои фарҳангию иҷтимоӣ,  маъмурӣ ва мумфарш гаштани роҳҳои дохилишаҳрию байни маҳаллаҳо рӯҳу илҳоми тоза мегиред. Сохтану ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ дар дурдасттарин маҳаллаи дараи Луғур, ду мактаби замонавӣ дар кӯчаи Майдони нав, бинои филиали «Ориёнбонк», суди шаҳр, китобхона, осорхона, бойгонӣ, мактаби мусиқӣ, мактаби эҷодкорони наврас, қасри фарҳанг, боғи фарҳангию истироҳатии «Сомонӣ» дар Ҷамоати шаҳраки Обигарм ва дар 63 гектар шинондани дарахтони мевадиҳандаю сояафкан самараи истиқлолияти давлатӣ маҳсуб шуда, аз кордонию саъю кӯшиши доимии роҳбари хирадманду кордон Шарифзода Шариф Файз дарак медиҳад.

Шарифзода Шариф Файз марди халқдӯсту меҳанпарвар ва дорои беҳтарин хислатҳои наҷиби инсонӣ аст. Ӯ касро на аз рӯи маҳал, балки аз рӯи истеъдод ва садоқату арҷгузориаш ба ин сарзамини аҷдодӣ эҳтиром мекунад. Барояш ҳар як ваҷаб хоки Ватан азиз ва ҳар як нафар тоҷику тоҷикистонӣ қадру манзалати худро доранд. Ба маънои томаш мардест хоксор ва чеҳраест нотакрор;

Хоксориҳост Бедил равнақи аҳли сафо,

Мекунад хокистар афзун обрӯ оинаро.

 Мубориз