Иқдоми навбатии Маркази кумаки башардӯстонаи Шоҳ Салмон

№ 31.12.2018

IMG_913327 декабри соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ — методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Кумита ва Маркази кумаки башардӯс­тонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба дастрасии таҷҳизоти техникӣ барои наҷотдиҳандагони Кумита ба имзо расид.

Тибқи он, Маркази кумаки  башардӯстонаи Шоҳ Салмон ба Кумита булдозер ва экскаватори тасмачарх, автотрейлери тавоноиаш 40 тонна, автомашинаи ҳарҷогард бо ҳашт ҷойи хоб барои наҷотдиҳандагон ва мошини ҳарҷогарди тамғаи «Пикап» ҳадя  хоҳад кард. Ҳаҷми кумаки  мазкур беш аз 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва он аввалҳои соли 2019 даст­рас хоҳад шуд.

Тавре раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иброз намуд, техникаҳои мазкур барои гурӯҳҳои сайёр, ки барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ таъсис ёфтаанд, пешбинӣ гардидааст. Қобили зикр аст, ки бинои сеошёнаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ — методии Кумита низ чанде пеш  бо маблағгузории Маркази кумаки башардӯстонаи Шоҳ Салмон  ба истифода дода шуда буд.

Намояндаи Маркази кумаки башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ Аҳмад Албиз гуфт, ки  муассисаи хайриявии мазкур соли 2015 таъсис ёфтааст ва то ин дам ба 44 мамлакат кумак расондааст. Кумакҳо ягон  ангезаи сиёсӣ — мазҳабӣ надоранд ва дар байни ҳеҷ як дин ва давлату шаҳрванд фарқ гузошта намешавад.

Ҳаҷми кумаки то ба ин дам ба Тоҷикистон  ироанамудаи Марказ 9,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдулазиз ал — Бодӣ изҳор намуд, ки кумакҳои хайриявӣ бо дастури шоҳи Арабистони Саудӣ ва валиаҳд сурат мегиранд. Зикр гардид, ки аз соли 1996 то 2018 Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар маҷмӯъ ба 79  кишвар ба маблағи 84 миллиард доллари амрикоӣ кумак расондааст.

Дар чорабинии мазкур, инчунин, миёни Маркази кумаки башардӯстонаи Шоҳ Салмон  ва Агентии беҳдошт ва обёрии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки тибқи он, ба Агентӣ экскаватори  тасмачарх туҳфа мегардад.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»