Иҷлосияи паёмбахшандаи умеду боварӣ

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

2Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъ хеле муташанниҷ гардид. Ҳизбу гурӯҳҳои сиёсии мансабхоҳ мардумро ба майдонҳо кашиданд. Бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минтақаҳои алоҳидаи мамлакат дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардид. Гурӯҳҳое буданд, ки бо истифода аз фурсат ба ғоратгарӣ ва қатлу куштор даст заданд. Ҷомеаро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифт, касе намедонист, ки дар оянда кишвар ва мардумро чӣ интизор аст.

Хушбахтона, Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки дар таърихи навини тоҷикон сарнавиштсоз ба шумор меравад, ба марҳалаи нави давлатсозӣ асос гузошт. Дар иҷлосия  74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид. Маҳз дар ҳамин иҷлосия хиради воло ғалаба кард ва 19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов бо тарафдории 186 овоз Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд.

Раиси нави Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба авзои ноамни ҷомеа нигоҳ накарда, пайваста бо мардуми минтақаҳои гуногуни мамлакат мулоқот ороста, онҳоро ба сарҷамъиву муттаҳидӣ даъват намуданд. Аз суханронии аввалинашон бармеомад, ки ягона мақсадашон таъмини сулҳу ваҳдат дар кишвар аст. Аз ин ҷост, ки 1-уми июни соли 1993 муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тавассути радио ба ҳамватанони фирорӣ, ки дар Афғонис­тон паноҳ бурда буданд, муроҷиат ва чунин таъкид карданд: «Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлуи ҳамдигар истода, Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем».

Профессор Иброҳим Усмон дар китоби «Савганди сулҳофаринӣ» дар ин маврид чунин нигоштааст: «Масалан, дар замоне ки дар ҳеҷ ҷойи Тоҷикистон, аз ҷумла, дар пойтахт, оромиву амният набуд, Эмомалӣ Раҳмон қарор доданд ба Бадахшон раванд. Аз ин тасмим аз аъзои Ҳукумат танҳо ду кас хабар доштанд. Расман гӯё ба сафари Кӯлоб баромаданд, вале аз он ҷо ба касе нагуфта, ба вертолёт нишаста, ҷониби Хоруғ парвоз карданд. Дар Бадахшон аз сафар танҳо яке аз роҳбарони Вазорати амният, ки чанд рӯз пештар омада буд, хабар дошт ва пас аз ним соат ҳар ду ба бинои ҳукумат даромаданд. Маҷлиси ҳукумати вилоят буд. Роҳбари вилоят бо дидани Сардори давлат дар минбар шах шуд. Муддате ҳама худро гум карданд. Баъд ба худ омада, бо тамоми ҳастӣ, самимона каф кӯфтанд ва нидои офаринҳо баланд шуд. Роҳбар сухан гирифта, ботамкин, гарм, вале бо овози андаке хастаи беморона гап мезаданд. Дар бораи умумият, ягонагӣ ва ҳамтақдирии халқи тоҷик дар саросари кишвар, дар бораи роҳҳои наҷот аз мушкилоти мавҷуда ва бовар мекунонданд, ки дар ватанамон сулҳу оромӣ мешавад. Ин суҳбат тақрибан ним соат давом кард. Баъд ба касе рухсати гусел надода, ба гарнизон баргаштанд, дар ним соат хӯроки аскарӣ хӯрда, бо гусели ду нафар то вертолёт омаданд».

Дар шаҳри Хоруғ, ки он вақт гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ амал мекарданд, ин кори Пешвои миллат қаҳрамонӣ буд ва аз сулҳҷӯйиву ботини покашон шаҳодат медод… Ҳоло бо итминону ифтихор метавон гуфт, ки фарзанди шарифу меҳанпарвари тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ ­Раҳмон рисолатро дар назди миллат, Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварда, сулҳу суботи устувор ва заминаҳои ҳуқуқии мусоидро барои рушди миллат таъмин намуданд. Ин ҳама комёбӣ нақши иҷлосияро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат боз ҳам ҷовидона мегардонанд.

Файласуфи олмонӣ Освалд Шпенглер дар бораи афроди давлатсозу давлатдор, ки барои пешрафти давлати хеш заҳмат мекашанд, фармудааст: «Мардони бузурги таърихӣ сарнавишти миллатҳои худро таъин мекунанд».

Дарвоқеъ, бо талош ва заҳматҳои беназири Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистон ба кишвари ваҳдатофару рӯ ба рушд табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам пайдо намудааст.

Нуктаи дигари муҳим оид ба Иҷлосияи XVI он аст, ки ин рӯйдоди сарнавиштсози миллат дар дили аҳли кишвар шуълаи умед ба ояндаро фурӯзон сохт, боварӣ ба фардои шукуфонро қавӣ бинмуд, ҳамаро рӯҳбаланду дилгарм кард. Асолати миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ дар байни мардум хеле боло рафта, бунёдкорию созандагӣ авҷ гирифт.

Аз баргузории иҷлосияи таърихию тақдирсоз 26 сол сипарӣ шуд. Дар ин давра ҷумҳурӣ ба таври шинох­танашаванда рушд кард. Ҳар қадар, ки аз рӯзҳои баргузории иҷлосия дур шавем, муҳимияти он равшантар мегардад, зеро маҳз ба шарофати он дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро аксар давлатҳои ҷаҳон бо расмият шинохтанду эътироф карданд. Зиндагии осоиштаи мардум таъмин гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».

Ҷамшеди Сабоҳиддин, «Садои мардум» Тоҷикистон