Кӯшониён. Мубориза бо бемории сил дар сатҳи зарурӣ нест

№25 (3975) 05.03.2019

IMG-eaf02fa3e6d213645be2572c84ed7b95-VМакони табобати гирифторони бемории сил бояд муҳити орому осуда ва дорои ҳавои софу беғубор бошад. Боиси таассуф аст, ки шуъбаи полиативии Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон, воқеъ дар беморхонаи рақами 2-и деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён, дар бинои таъмирталаб ва муҳити на он қадар хуб ҷой гирифтааст. Он дар даврони шӯравӣ сохта шуда, айни замон хатҳои обгузараш аз кор мондаанд. Ҳуҷраҳо бо об таъмин набуда, дар баробари ин, шуъба дар назди хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад. 

Бино ба таъмир ниёз дошта, шароити табобати беморон на он қадар хуб аст. Шуъба дорои 20 кати хоб буда, беморон баъд аз ташхис бистарӣ ва табобат карда мешаванд.

Мудири он Алиакбар Худойдодов зимни суҳбат зикр намуд, ки орзуи ягонаи онҳо таъмир ва ё бозсозии шуъба мебошад.

- Мехоҳем бинои шуъба ба мисли Маркази сили вилоятӣ таъмир шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шавад,  — афзуд номбурда.

Раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор перомуни ин масъала зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз сабаби дар мувозинати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия набудани бино ягон чораандешӣ карда наметавонанд.

Сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон Сайдулло Маллазода эътироф намуд, ки дар ҳақиқат фаъолияти шуъбаи полиатевӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Мушкилоти норасоии обу фарсудагии хатҳои обгузар ҷой доранд. Бино ба иттилои ӯ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо дастгирии Бонки рушди Олмон дар паҳлуи Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон бояд як беморхонаи зиддисилии дигар бунёд гардад.

Ба гуфти табибон, ба хотири эмин доштани аҳолӣ аз бемории сил дар солҳои соҳибистиқлолӣ 4 барномаи давлатӣ қабул гардида, дар пешгирии сироятёбии аҳолӣ ва табобати беморон таъсири мусбат расонидаанд.

Беҳбуд бахшидан ба фаъолияти шуъбаи зикршуда вазифаи ҷонии масъулин маҳсуб шуда, мутмаинем, ки баъд аз мутолиаи матлаб чораандешӣ хоҳанд кард.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»