Кашфиёташро дар донишкадаҳои ҷаҳон истифода мебаранд

№88 (3568) 09.07.2016

11111Ҳар гоҳе аз шахсиятҳои  фарҳехтаву абармардони илмҳои  дақиқ, бахусус илми биология, ёдовар шаванд, албатта, номи  Арбоби хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, олими оламшумули соҳаи биология ва физиологияи одам, доктори илмҳои биологӣ, профессор Толибҷон  Рӯзиевро ба некӣ ёд меоранд.

Нисбат ба хизматҳои арзандаи Толибҷон Рӯзиев дар соҳаи биология профессор, доктори илми тиб,  яке аз асосгузорони «Кафедраи биология ва физиологияи одам»-и  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Фозил Абдураҳмонов чунин андеша дорад: «Садҳо мақолаю кашфиёту тадқиқоти илмию лаборатории вай айни замон дар кафедраҳои институтҳои ҷаҳон мавриди  истифода қарор доранд. Таҳқиқотҳои устод барои олимони ҷавон манбаи илму донишанд. Эҷодиёти доманадору пурарзиши Толибҷон Рӯзиевро фаро нагирифта, олими соҳаи биология гаштан имкон надорад».

Фозил Абдураҳмонов рисолаи доктории Т. Рӯзиевро, ки ба гипертрофияи гурда бахшида шудааст, падидаи тозаи илм номида, таъкид намуд, ки он барои илми дақиқи на танҳо Тоҷикистони азиз, балки барои илми шӯравии собиқ дастоварди арзанда маҳсуб меёфт.  Муваффақияти  ин  олими забардаст обрӯи олимону илми дақиқи Тоҷикистонро бамаротиб боло бурд.

Солҳое, ки Т. Рӯзиев фаъолияти босамари хешро ба ҳайси устод ва олими унвонҷӯй дар факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз кард, айёми ташаккулёбии мактаби илмҳои дақиқи кишвар буд, ки ҳоло аз он рӯзҳо зиёда аз 55 сол сипарӣ мегардад. Тӯли ин давра дар пойгоҳи ин даргоҳ ва дар заминаи дастовардҳои олимони факултети биологияи Донишгоҳи миллӣ барои институтҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳои Тоҷикистон ходимони болаёқати илмӣ омода карда шуд. Дар ин самт дар қатори олимони шинохтаи давр М. Нарзиқулов, А. Шукуров, Х.Сафаров, К. Неъматҷонова ва дигарон Т. Рӯзиев низ хизмати арзанда ба сомон расонидааст.

Роҳи фарогирии илму дониш, бахусус улуми дақиқ, саҳл нест. Барои Толибҷони ҷавон, ки бо омӯзиши душвортарин масоили илмии он замон «панҷа нарм мекард», баъди хатми факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шабҳои бехобӣ, заҳмати фарогирии асосҳои илм ва ҳазорон маротиба аз санҷиши лабораторӣ гузаронидани фарзияву хулосаҳои илмӣ оғоз шуд. Заҳмати бисёрсолааш бор овард ва таҳти роҳбарии академики Академияи фанҳои  СССР, олими машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ дар соҳаи биология Г.Г. Самсонидзе рисолаи илмиашро дар шаҳри Тошканд сарбаландона ҳимоя кард.

Дар пеш қуллаҳои нав – орзуҳои дигари илмӣ меистод ва олими ҷавон Толибҷон Рӯзиев барои фатҳи қуллаи орзуҳояш устувор қадам мезад. Дар самти биология  ва физиологияи одам  мақолаҳояш пайваста рӯи чопро дида, аз падидаи нав дар соҳаи илм дарак медоданд. Тадқиқоти илмӣ ва натиҷаҳои дар озмоишгоҳҳо бадастовардаи вайро на танҳо дар  Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, балки дар дигар марказҳои илмии  дунё низ истифода мебурданд.

Истеъдоди азалӣ ва меҳнатдӯстии Толибҷон устодаш  — академик Самсонидзеро  ба  ҳайрат меовард. Ин олими соҳибному соҳибтаҷриба  борҳо Т. Рӯзиевро ба Москваю Тбилиси барои  кор таклиф намуд, вале Толибҷон рад кард. Хуб  медонист, ки  вай аз Москваю Тбилиси ва дигар марказҳои машҳури илмӣ дида, ба диёраш заруртар аст. Баъд ба тамоми дастовардҳои дар илми дақиқ роиҷ, унвону дараҷаҳо расид. То ба нафақа баромадан вазифаи декани факултет, мудири кафедраи «Физиологияи одам ва ҳайвонот»-ро ба зимма дошту барои илми кишвар содиқона хидмат намуд.

Аз хотираҳои дӯстону пайвандон ва ҳазорон шогирд метавон ҷилд — ҷилд китоб навишт.  Дар ҳама ҷо, дар ҳар рӯзгор марди соҳибобрӯ ва соҳибсухану соҳибдил боқӣ монд. Дӯстону шогирдонаш ӯро бо хислатҳои наҷибаш – меҳрубонию дар сухан устувор будан меписандиданд. Дардошно ва ғамқарини атрофиён буд ва ӯро доимо дар паҳлуи дӯсти ба мушкилиафтода медиданд.

Шогирдонашро ҳидоят мекард, ки дастовардҳои илмҳои дақиқро ба дуртарин гӯшаи хоки диёр паҳн кунанд, ҷавононро аз дастоварду навгониҳои илм бохабар созанд, меҳри илму маърифатро дар дилашон бикоранд.

Ҷашни 70-солагии Толибҷон Рӯзиев, ки бо ташаббуси собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Саидмуҳаммад Одинаев баргузор гардид, баробари эътирофу арҷгузории хизматҳояш, ҳисоботи умри пурфайзаш низ буд.

Имрӯз ин шахсияти шоиста дар миёни мо нест. Садҳо кашфиёту ҳазорон тадқиқоти ӯ, даҳҳо китобу садҳо мақолаҳои пурарзишаш мавриди истифодаи мактабҳои миёнаву олии ҷумҳурӣ, марказҳои илмию тадқиқотии кишвар ва хориҷ  аст. То ҳанӯз дастурҳои илмиаш роҳнамои пурарзиши олимону толибони илми биология буда, дар роҳи пурпечутоби ин илм чароғи ҳидоятанд.

 Нозимҷон ФОЗИЛОВ,   узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон