Муҳоҷирон имкон доранд, ки будубошашонро қонунӣ гардонанд

№54-55 (4316-4317) 24.04.2021

21 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Валентина Казакова, сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Флоров нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Валентина Казакова зикр кард, ки тибқи Фармоиши Ҳукумати Федератсияи Россия муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар кишвар қарор доранд, имкон пайдо карданд то 30 июни соли ҷорӣ будубошашонро қонунӣ гардонида, барои фаъолият иҷозатнома гиранд.

Бино ба гуфти ӯ, баъзеҳо ба миёнаравҳо муроҷиат намуда, бо ҳуҷҷати қалбакӣ ба Федератсияи Россия сафар карданӣ мешаванд, ки пайомади ногувор дорад. Таъкид гардид, ки шаҳрвандон кӯшиш кунанд, то ба доми миёнаравҳо наафтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда сабти иқомат ва гирифтани иҷозатнома барои кор дар Федератсияи Россия осонтар мешавад. Зеро бо гузариш ба портали ягонаи хизматрасонии давлатӣ имкон фароҳам мешавад, ки ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ пешниҳод гарданд.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш ҳайати кории Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Бино бар иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, 19 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон — роҳбари ҳайати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия — роҳбари ҳайати Федератсияи Россия Андрей Руденко ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар он ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати барасмиятдарории будубоши муваққатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россияро баррасӣ намуданд. Бино ба иттилои манбаъ,  дар ҷаласа лоиҳаҳои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома дар бораи реадмиссия, Протокол дар бораи тартиби амалисозии он ва Шартнома дар бораи таъминоти нафақавӣ низ матраҳ гардидаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»